Оятуллоҳ Хоманаӣ: Тасаввури душманон барои тамом шудани муқовимат иштибоҳ аст

Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Тасаввури душманон барои тамом шудани муқовимат иштибоҳ аст”

Ахбори байналмилал

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон, дар дидори ҳазорон бонувони ин кишвар гуфт:

“Дар минтақа бо ин ҳаракате, ки дар Сурия анҷом гирифт ва бо ҷиноятҳое, ки режими саҳюнистӣ ва Омрико доранд анҷом медиҳанд ва кӯмакҳое, ки баъзе дигар ба инҳо мекунанд, хаёл карданд, ки қазияи муқовимат тамом шуд, инҳо сахт дар иштибоҳ ҳастанд. Руҳи Сайидҳасан Насруллоҳ ва Синвор зинда аст. Шаҳодат, инҳоро аз арсаи вуҷуд берун набурд, ҷисми инҳо рафт, руҳ ва фикрашон боқист ва роҳашон идома дорад.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуд:

“Бибинед рӯзона ба Ғазза дорад ҳамла мешавад ва рӯзона шаҳид мегиранд, аммо истодаанд ва боз ҳам муқовамат мекунанд, Лубнон муқовамат мекунад, албата режими саҳюнистӣ ба хаёли худаш, дорад худашро аз тариқи Сурия омода мекунад, ки нерӯҳои Ҳизбуллоҳро, ба хаёли худаш муҳосира ва решакан кунад, аммо он касе, ки решакан хоҳад шуд, Исроил аст.”

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Муҳосиботи Эрон дар ояндаи Сурия
Гулрухсор

Матолиби пурбоздид