Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Шикасти имрӯзи тамаддуни Ғарб, бузургтар аз шикасти саҳюнистҳост”
Ахбори байналмилал
Оятулоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон, дар дидори дастандаркорони баргузории Кунграи 15 ҳазор шаҳиди устони Форс, бо баёни ин ки “мо имрӯз дар гирудори як масъалаи асосӣ ва муҳим дар минтақа ҳастем; масоили марбут ба минтақаи ғарби Осиё, масоили Лубнон, масоили Ғазза, масоили каронаи Бохтарӣ”, гуфт: “Дар ин чизе, ки то имрӯз воқеъ шуда, як шикасти бузурге ба вуҷуд омада; на фақат барои режими саҳюнистӣ, (балки) барои тамаддуни Ғарб, барои фарҳанги Ғарб, барои иддаоҳои Ғарб.”
Вай афзуд: “Инҳо як шикасти бузурге хӯрданд. Режими саҳюнистӣ шикаст хӯрд, ба хотири ин ки фикр мекард, метавонад ба осонӣ гурӯҳҳои муборизро, муқовиматро мунҳал кунад, нобуд кунад. Имрӯз мебинад, ки панҷоҳу чанд ҳазор инсони бедифоъ ва ғайринизомиро ба шаҳодат расонда, чанд нафар аз сарони барҷастаи муқовиматро ба шаҳодат расонда, аммо дар ҷабҳаи муқовимат об аз об такон нахӯрда. Ҷабҳаи муқовимат бо ҳамон қудрат, бо ҳамон азм имрӯз дорад мубориза мекунад. Ин шикаст нест? Ин бузургтарин шикаст аст.”
Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуд: “Ин ҳама харҷ карданд, ин ҳама талош карданд, Омрико бо ҳамаи тавонаш ба кӯмакашон омад, хеле аз урупоиҳо ҳамин ҷур, ин ҳама ҳам ҷиноят карданд, ин ҳама чеҳраашон дар дунё сиёҳу зишту манфур шуд, ки ҳатто дар хиёбонҳои Омрико алайҳи инҳо роҳпаймоӣ карданд, дар донишгоҳҳои Омрико алайҳи инҳо роҳпаймоӣ карданд, дар айни ҳол гурӯҳҳои муқовимат ҳамчунон ҳастанд; Ҳамос ҳаст, Ҷиҳод ҳаст, Ҳизбуллоҳ ҳаст, мардум ва ҷавонҳои муборизи каронаи Бохтарӣ ҳастанд, бақияи ҷоҳои дигар ҳам, ки машғули муборизаанд, ки ҳастанд. Ин шикасти бузурге аст; ин бузургтарин шикаст аст.”
Раҳбари Ҷ.И.Эрон афзуд: “Аммо фақат ин нест. Аз ин шикаст бузургтар, шикасти фарҳанги Ғарб аст; ғарбиҳо нишон доданд, ки дар ин чандин сол ё чанд қарн, ки дам аз ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи башар ва монанди инҳо мезананд, яксара дурӯғ гуфтанд. (Ин ҷанг) инро нишон дод, инро собит кард. Яъне даҳ ҳазор кӯдак кушта шуданд, шӯхӣ аст? Кӯдак, мазҳари маъсумият аст, мазҳари латофат аст, нуқтаи асосие аст, ки авотифи инсонро бармеангезад; даҳ ҳазор (нафар) аз ин мавҷудоти маъсумро Исроил бо бомби ду тоннӣ, бо анвоъу ақсоми силоҳ аз байн бурд, ғарбиҳо хам ба абрӯ наёварданд. Сиёсатмадорони ғарбӣ расво шуданд, сиёсати Ғарб расво шуд, шикаст хӯрданд. Ин шикасти бузурге аст.”
Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуд: “Дигар касе аз тамаддуни Ғарб ҳарф назанад! Тамаддуни Ғарб ин аст. Ин тамаддуни Ғарб аст, ки барояш аҳаммият надорад, ки пулро аз мардуми худаш бо анвоъу ақсом (-и роҳҳо) бигирад ва бифиристад барои ин ки баччаҳои кӯчак ва фарзандони маъсум кушта бишаванд, хонаводаҳо нобуд бишаванд, даҳ ҳазор бачча шаҳид бишаванд, чандин ҳазор бачча ятим бишаванд. Ин фарҳанги Ғарб аст.”
Раҳбари Ҷ.И.Эрон афзуд: “Дигар ҳоло агар касе роҷеъ ба фарҳанги Ғарб эътироз кард, беэътибории онро тасреҳ кард, касе набояд маломаташ бикунад, ки оқо, шумо (ин ҷур нагӯед). На! Фарҳанги Ғарб ин аст, тамаддуни Ғарб ин аст, маҳсули ин аст. Ин бузургтарин шикасте аст, ки барои Ғарб пеш омад.”
Оятуллоҳ Хоманаӣ идома дод: “Пушти режими саҳюнистиро як ҷабҳаи шарорат пур карда; як ҷабҳаи шарорат ба пуштибонӣ аз режими саҳюнистӣ сафороӣ карда, он вақт ҷабҳаи муқовимат, дар муқобили он ҷабҳаи шарорат аст. Ин ҷабҳаи муқовимат дар муқобили он ҷабҳаи шарорат истода ва ба тавфиқи илоҳӣ пирӯзӣ ҳам моли ҷабҳаи муқовимат аст.”
Қаламонлайн