Оё ин мантиқист дар муқобили ин ҳама қудрат биистӣ?

Таҳлили хабарӣ
Оё ин мантиқӣ аст, ки дар муқобили ин ҳама қудрат, биистӣ?
Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ
Гоҳе, мусалламтарин ва равшантарин ва бадеҳитарини чизҳо, бар асари ғафлат, барои мо, инсонҳо мавриди фаромӯшӣ қарор мегирад. Аз ин мусалламот, яке иззат аст, яке, озодагист, яке, “НА” гуфтан ба зӯргӯй ва мубориза ва пайкор бо ӯст ҳатто агар ту аз назари имконот бо вай баробар набошӣ ва ӯ дасти болое дошта бошад.
Ин, бадеҳитарини чизҳост ва ҳама қабул дорем ва чи басо бар забон ҷориаш созем.
Вале пойи амал, ки меояд, мебинед фақат шуморе андак аз одамҳо чунин ҳастанд, аксарият аммо на танҳо ҳангоми имтиҳон сокит ва хомӯш наменишинанд, балки он шумори андакро, ки азизанд ва бо зӯргӯ мубориза мебаранд сарзаниш ва маломат мекунанд, ки: чаро вақте нотавон ҳастӣ, дар муқобили ин ҳама қудрат патар-патар мекунӣ?
Қис карда менишастӣ оё беҳтар набуд?
Чаро бузургтар аз даҳонат ҳарф мезанӣ?!
Магар оқил бо Омрико сар ба сар мешавад?
Магар оқил бо “Исроил” ҷанг мекунад, вақте аз назари имконот бо ту қобили қиёс нест, ӯ куҷову ту куҷо?!
Хуб, магар имрӯзҳо ба адреси Ҳизбуллоҳ ва Ҳамос ва Эрон ва куллан Меҳвари Муқовамат, аз ҳамин ҳарфҳо гуфта намешавад?
Ин ҷоҳост, ки одам азиз будани Ҳамос, азиз будани Ҳизбуллоҳ, сарбаланд будани амсоли Сайидҳасан Насруллоҳ ва Исмоил Ҳаниаро дарк мекунад! Ин ҷост, ки одам мефаҳмад, ки бо вуҷуди он ки аз назари имконот душман дасти болое дорад, Ҳамос ва Ҳизбуллоҳ аммо таслими ӯ нашуданд ва намешаванд. То охирин нафас пайкор мекунанд. Ин аст иззат ва сарбаландӣ!
Шояд бигӯӣ шикаст мехӯранд!
Ҷавоб ин аст, ки аслан мефаҳмӣ шикаст кадом аст ва пирӯзӣ кадом?
Мушкили ту ин аст, ки пирӯз ба назарат касе мисли Фиръавн аст! Касе мисли Намруд аст. Касе мисли Чингиз аст вақте ниме аз оламро тасарруф кард ва ё касе мисли Искандар аст.
Аммо ту иштибоҳ мекунӣ. Пирӯз он касест, ки бо пайкораш ва шаҳодаташ ва хунаш, ба ҷасади мурдаҳои мутаҳаррике мисли мо руҳ мебахшад, онҳоро зинда мекунад, на он касе ки ба зоҳир бар инсонҳо ҳукумат мекунад.
Замоне, ки Имом Ҳусайн ба ҷанги бо Язид мерафт, бузургони саҳоба насиҳаташ карданд, ки даст бардорад ва зану баччаҳояшро ба куштан надиҳад, ки Язид қудратманд аст ва Имом Ҳусайн дасташ холист. Аммо Имом Ҳусайн ба онҳо ва ҳарфҳояшон эътино накард. Бале, вақте ҷангид, тибқи мантиқи ҳамонҳо, шикаст хӯрд, вале дар воқеъ ӯ пирӯз шуд. Имрӯз аҳаде нест, ки аз Язид ва қабл аз ӯ Фиръавну Намруду амсолуҳум ба некӣ ёд кунад, вале номи Имом Ҳусайн, ки бурда мешавад, дуруд мефиристанд. Барои чӣ?
Пирӯзӣ ҳамин аст.
Худоё! Оқибат ба хайрамон кун ва шаҳодат насибамон соз!
Саломат бошед
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн 
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Рисолае, ки барои нашр нест
Ҳикмати Худованд

Матолиби пурбоздид