Оё Исроил бар сари дуроҳист?

Таҳлили хабарӣ
Оё Исроил бар сари дуроҳист?
Irdiplomacy
Терур тавассути Исроил ва дуроҳии тасмими сарнавиштсоз
Таҳлиле аз Муҳаммади Шафеӣ, донишҷӯи аршади равобити байналмилал дар Irdiplomacy:
Аз замони иҷрои амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” дар 7-октябр тавассути Ҳамос, Исроил 3 мусташори низомии Эрон дар Сурияро терур карда, ки охиринашон шаҳид сардор Разӣ буд, ки аз чандин сол қабл ба дафъаҳо иқдом барои терури вай карда буданд, ки бо шикаст мувоҷеҳ шуд, аммо ин дафъа ва он ҳам дар рӯзҳои мунтаҳӣ ба солрӯзи шаҳодати сардор Сулаймонӣ, муваффақ шуданд.
Ҳоло, ба ташреҳи аҳдофи Исроил барои ин амал хоҳем пардохт.
Иқдоми Исроил барои терури шаҳид Разиро дар чанд омил мешавад ҷустуҷӯ кард:
1. Аз анҷоми амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” дар 7-октябр то ба имрӯз, ки беш аз 80 рӯз аз ҷанг мегузарад ва шароит барои Исроил ба нисбати рӯзҳои аввали ҷанг тағйир карда ва натиҷаи ниҳоии ҷанг мушаххас нест ва Исроил дар ҷанг дастоварде низ надошта. Аммо санади ин иддаоро ба афкори умумӣ дар Исроил руҷӯъ диҳем, фатҳи 30 дарсади Ғазза барои сокинини Исроил ончунон муҳим нест – албатта, на ин ки муҳим набошад, дар ҳадди 20 дарсад аҳаммият дорад – аммо дағдағаи аслии онҳо Ҳамос аст. Ҳамин мавзӯъ чолише шадид барои шахси Натонёҳу шуда ва боис шуда вайро муқассири ин ҷанг медонанд, камо ин ки аз қабл 7 октябр низ дучори чолиш буда ва алъон ин чолиш чандин баробар шуда, ки машрӯияти ҳизби Лекудро низ зери суол бурдааст ва дар фазои интихоботӣ низ дучори уфт шудаанд. Суоле, ки афкори умумӣ акнун аз Натонёҳу дорад ва вайро таҳти фишори шадид қарор дода ин аст, ки бо Ҳамос ва раҳбарони он чӣ карда? Чӣ теъдод аз тунелҳои онҳоро фатҳ карда? Бо анбори таслиҳот ва таҷҳизоти низомии онҳо чӣ кардааст? Посух равшан аст: ҳеч дастоварде нест;
2. Ҳамла ба нафткаши вобаста ба Исроил дар уқёнуси Ҳинд;
3. Таҳаррукоти Ҳусиҳои Яман дар баҳри Сурх;
4. Дур мондани Эрон аз саҳнаи ҷанг алорағми ин ки ба унвони ҳомии аслии Ҳамос маҳсуб мешавад.
Дар ҷамъбандии ин 4 нукта бояд гуфт, ки ин ҳаракати Исроилро бояд як ҳаракати вокунишӣ бингарем, на як вокуниши кунишӣ, он ҳам як вокуниш аз рӯйи дармондагӣ ва на вокуниши стратегӣ ва ҳисобшуда. Шумо ҳисоб кунед, Эроне, ки қарор буд дар Қафқоз таҳти фишор қарор гирад, ҳоло яке аз гурӯҳҳои ба истилоҳ, ниёбатии кучакаш онҳоро дучори чолиш карда ва амнияти онҳоро ба зери суол бурда, тиҷораташонро, ки бештар аз дарёст мухтал карда, машрӯияти онҳо дар байни мардумашонро зери суол бурда, робитаашон бо кишваррҳои араб муҷаддадан дучори чолиш шуда, афкори умумӣ дар низоми байналмилалро бар алайҳи онҳо карда ва барномаҳои дар дасти иҷрои онҳоро ақиб андохта ва ҳазинаи зиёде низ бар рӯйи дасти онҳо қарор додааст.
Аммо чаро Исроил даст ба чунин амале зада?
Тибқи ҷамъбандии чаҳор нуктаи ишорашуда, ба назар мерасад, ин ҳаракати Исроил тире дар торикӣ буда, то ба яке аз эҳтимолоте, ки дар пойин ба онҳо ишора мекунем, бирасад:
Ибтидо, ба мавриди чаҳорум ишора кунем: бо даргир шудани Исроил дар ҷанг ва адами мудохалаи ҳушмандонаи Эрон, Исроил бо ин амал қасд дошта, то ‏остонаи таҳаммули Эронро бисанҷад. Агар муваффақ шуд, ки бо ин амал, Эронро ба майдони ҷанг бикашонад, ки чӣ беҳтар ва ба ҳадафи аслии худ расида ва бо вуруди мустақими Эрон, роҳро барои мудохалаи соирин боз мекунад ва вазъияти худ бо давлатҳои ғарбиро беҳбуд хоҳад бахшид. Ҳадаф аз анҷоми ин амалиёт дар наздикии солрӯзи шаҳодати сардор Сулаймонӣ эҷоди фишори равонӣ аз ҷониби мардум барои давлати Эрон буда, то таҷаллии хотираи терури сардор Сулаймонӣ, мардумро таҳрик кунад, то бо фишор ба давлатмардон, хоҳони дахолати мустақими Эрон дар ҷанг ва дар ниҳоят гирифтани интиқоми терури шаҳид Разӣ бошанд, вокуниши мустақим низ метавонист ба афкори умумии Эрон посух дода ва онҳоро ором кунад, аммо ба тасбити мавқеияти Исроил дар миёни давлатҳои ғарбӣ мунҷар мешуд.
Аммо ҳадафи дигари сарони Исроил ин буд, ки агар Эрон ба ин терур вокунише нишон надод ва вориди майдони ҷанг нашуд, терури мусташорони низомии Эрон то сатҳи шаҳид сардор Разиро оддисозӣ ва табдил ба равия кунад.
Ба навъе, Исроил қасд дошта Эронро бар сари дуроҳӣ, ки худ дар 7 октябр дар он қарор гирифт (эҷоди ҳисси таҳқир ва лузуми вокуниши сареъ ва қотеъ) қарор диҳад.
Албатта мавриди дигаре низ матраҳ аст ва он ин ки эҳтимолан исроилиҳо машғули омода кардани худ барои пазириши оташбас бошанд ва қасд доштанд, то бо ин амал нишон диҳанд, ки ҷанги феълӣ дар Ғазза барои Эрон бидуни додани ҳазина, тамом нашудааст.
Аммо Эрон чӣ бояд бикунад?
Эрон ниёзе ба дахолати мустақими худ надорад ва метавонад бо истифода аз нерӯҳои ба истилоҳ, ниёбатии худ (ҳадаф қарор додани баландиҳои Ҷулон аз тариқи хоки Сурия, тақвияти Ансоруллоҳ барои мухтал кардани тиҷорати дарёии Исроил ва тақвияти Ҳамос барои эҷоди тағйир дар мувозанаи ҷанг), шароитро барои Исроил дар идомаи ҷанг сахттар кунад ва бо “сабри роҳбурдӣ” метавонад ин терурро талофӣ кунад. Сиёсати хориҷии Эрон як ахлоқи нонавишта дорад ва он ҳам “сабри стратегӣ” аст, Эрон дар лаҳза ҷавоб намедиҳад ва дар замону макон ва ба гунае дигар посух хоҳад дод. Намунааш, нуфузи Исроил дар Боку ва иқдомоти Алиев, ки акнун посухи Исроил дода шудааст. Эрон барои убур аз дуроҳии ҳамла ё адами ҳамла, бо гузашти замон, тарҳи мутақобил дар сарзаминҳои ишғолӣ ё хориҷ аз онро дар дастури кори худ қарор диҳад.
Метавонем ин гуна натиҷа бигирем, ки Эрон фарзро бар ин гузошта, ки ба аҳдофаш дар сарзаминҳои ишғолӣ расида ва дар талае, ки Исроил барояш паҳн карда нахоҳад афтод, аммо Исроил инро низ мадди назар қарор дода, ки Эрон мумкин аст билофосила посухи ин терурро надиҳад ва мумкин аст дар пайи барномарезӣ барои терурҳои бештар ва эҷоди харобӣ дар дохили Эрон бошад, то дар ҳар сурат Эронро ба вокуниш ва ҳазина додан водор кунад. Аз ин ҷо ба баъд нақши ниҳодҳои амниятӣ пуррангтар хоҳад шуд, ки барои ҷилавгирӣ аз иқдомоти эҳтимолии Исроил, барномаи амниятии муносиб барои ҷилавгирӣ аз терур ва харобӣ дар дохил ва ҳифзи эминии мусташорон дар хориҷ, дар назар гиранд.
Irdiplomacy
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нидои дарунии инсон
Охирин нақшаи Исроил: ихтилофнамоӣ

Матолиби пурбоздид