Оё Путин аз қудрат барканор мешавад?
Ҷосуси собиқи MI6: “Путин зарфи як соли оянда аз қудрат соқит мешавад”
Ба гузориши The Sun, ҷосуси собиқи MI6 (ниҳоди амниятии хориҷии Бритониё) иддао карда, ки ҳукмронии ду даҳаии ҳамроҳ бо мушти оҳанини Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зарфи муддати як соли оянда ба поён хоҳад расид.
Кристофер Стил, ки дар фосилаи солҳои 2006 то 2009 раиси MI6 дар Русия буд, мегӯяд, ғарб бояд барои поёни давраи Путин омода шавад. Стил гуфтааст, ки Путин эҳтимолан тавассути шӯришиёни дохилӣ ва ё аз тариқи тавтиа аз хориҷ аз Русия терур хоҳад шуд. Ӯ ба шабакаи хабарии Sky News гуфта, ки ин бадтарин сенорию барои ғарб хоҳад буд, зеро ҳамроҳ бо паёмадҳои хунин аст.
Стил албатта бо истинод ба манобеъи ба гуфтаи ӯ “бисёр мӯътабар” гуфтааст, ки Путин муддате аст, ки бемор шуда ва мумкин аст ба таври ногаҳонӣ бар асари беморӣ фавт кунад.
Ӯ афзуда: “Путин мумкин аст бо шӯриши мусаллаҳона барканор шавад ё ҳатто тасмим бигирад, ки замони он фаро расидааст, ки дар интихоботи баъди марти 2024 канорагирӣ кунад”.
Бо ин вуҷуд, ӯ тавзеҳ дода, ки мӯҳтамалтарин поён барои Путин ҳаракати “хушунтомез” барои куштан ё сарнагунии ӯ хоҳад буд. Стил афзуда: “Дар сурати лузум, иқдоме хушунатомез барои куштан ё сарнагунии Путин ба нафъи як олигархи дигар анҷом мешавад”.
Стил ишора карда, ки Александр Бортников, мудири FSB, метавонад аз гузинаҳои аслӣ барои ҷонишинии Путин бошад. Ӯ ҳамчунин ишора карда, ки Алексей Дюмин, губенатори устони Тула ба унвони фарде дар ҳоли зуҳур, Игор Сечин, як олигарх ва Виктур Зубков, нахуствазири собиқ, ҷонишинони дигаре ҳастанд.
Бортников мудири феълии FSB аст ва ин мавзӯъ ӯро ба яке аз қудратмандтарин афроди Русия ва ба унвони яке аз аъзои бонуфузи ҳалқаи дохилии Путин табдил кардааст. Монанди Путин ӯ афсари собиқи КГБ аст ва аввалин бор бо Путин дар даҳаи 1970 замоне, ки дар Ленинград мустақар буданд, мулоқот кард.
Бортников аз соли 2008 ба нақши қудратманде даст ёфт ва ба “шамшери муҷозот”-и ҳокимияти Путин табдил шудааст. Гуфта мешавад, FSB мағз ва қалби давлати Путин аст ва монанди як “давлат дар давлат” рафтор мекунад. Муддати кӯтоҳе пас аз интисоби Путин ба унвони раисиҷумҳури муваққат, Бортников барои аввалин бор ба риёсати ниҳоди амнияти иқтисодии Русия мансуб шуд, ки аз қудрат ва аҳруми бисёр зиёде бархӯрдор буд.
Ӯ ҳамчунин яке аз маъдуд афроде аст, ки дар Русия муваффақ ба касби дараҷаи женероли артиш (генерал армии) шудаанд. Дар соли 2006 иддао шуд, ки Бортников дар амалиёти терури Александр Литвиненко ширкат доштааст.
Стил мегӯяд, Путин ҳамчунин метавонад аз Дмитрий Патрушев, писари дабири Шӯрои амнияти Русия ё Алексей Дюмин ба унвони раҳбари баъдии Русия ҳимоят кунад. Ӯ ҳушдор дод, ки ин ба маънои “тағйири андак ё бидуни тағйир дар ҷанг дар Укройн” аст. Бо ин вуҷуд, ӯ афзуда: “Дар он сурат дастикам ғарб бо як раҳбари Русия рӯбарӯ хоҳад шуд, ки собит накарда ғайриқобили эътимод ва дурӯғгӯ аст ва ба ҷиноёти ҷангӣ муттаҳам нашудааст. Ман фикр мекунам, акнун дар миёни афроди калидӣ барои гузинаи раҳбарӣ нооромӣ вуҷуд дорад”.
Стивен Л. Ҳолл, раҳбари собиқи CIA дар Русия гуфта, ки нухбагони низомии Русия як “таҳдиди воқеӣ” барои Путин ҳастанд.
Ӯ соли гузашта ба Washington Post гуфт: “Мардоне монанди Патрушев ва Бортников на танҳо аз қудрати сахт бархӯрдоранд, балки медонанд чӣ гуна аз он истифода кунанд ва тамоюл доранд ин корро анҷом диҳанд. “Силовик”-ҳо моил ҳастанд аз таркиби маргбори қудрати сахт ва роздории замонӣ, ки таҳдиде ҷиддӣ барои низоми Русия падидор мешавад, ба нафъи худ истифода кунанд”.
Қаламонлайн