Оғози кор бо Бисмиллоҳ

Фарҳанг

Оғози кор бо Бисмиллоҳ

Мактаби инсоният

Яке аз суннатҳои дерин ва одоти ширин дар фарҳанги порсӣ – чӣ пеш аз Ислом ва чӣ пас аз он – ин будааст, ки корҳоро бо ном ва ёди Худо оғоз кунанд ва маънои жарфи ин суннат он аст, ки Низомӣ фармуд:

Низомӣ ҷоми васл онгаҳ кунӣ нӯш,

Ки бар ёдаш кунӣ худро фаромӯш.

Ин тамоми паёми Қуръон ва ҷону ҷавҳари ҳамаи адён аст ва ҳеч ҳикмати илоҳӣ ва мавъизае дар ҷаҳон бартар аз ин нест, ки корҳоро ба ном ва ба хотири ҳазрати Ҳақ оғоз кунанд.

Бисмиллоҳи ҳунарманд ин аст, ки ман мехоҳам бо халқи зебоӣ ва наққошӣ ва меъморӣ дарҳои биҳиштро бар мардум бигушоям ва дар савдои сарват ва шӯҳрат нестам. Бисмиллоҳ шоҳид аст, ки ман ҳақро, ки парвардигори ҷаҳон аст, пеши чашм дорам ва агар подшоҳии ҷаҳонро ба ман диҳанд, ҳаргиз нахоҳам навишт:

“Ҳусайн аз дини ҷаддаш хориҷ шудааст”

Бисмиллоҳи донишманд ин аст, ки ман дар савдои нишон додани асрори табиатам, ки ба таъбири Гёте, ҷомаи берунии Худованд аст. Ман мехоҳам асрори фариштагонеро, ки пушти пардаи олам кор мекунанд, фош кунам.

Бисмиллоҳи шоир ин аст, ки ба гуфтаи Саъдӣ:

Номаи ҳусни ту бар олиму ҷоҳил хонам

Номат андар даҳани пиру ҷавон андозам.

(Баргирифта аз китоби “365 рӯз дар сӯҳбати Қуръон” ба қалами Ҳусайни Илоҳии Қумшаӣ)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фаъолиятҳои фарҳангӣ ва иҷтимоии Имом Мӯсо Садр
Фазилати садақа ва гузашту фурӯтанӣ

Матолиби пурбоздид