Оқои Лавров! Хатои шумо бӯйи хиёнат медиҳад!

Таҳлили хабарӣ
Оқои Лавров! Хатои шумо бӯйи хиёнат медиҳад!
Ёддошти Шариатмадорӣ, сардабири рӯзномаи “Кайҳон”-и Эрон
“Оқои Лавров аз асноди фаровоне, ки бар ҳокимияти қатъӣ ва биломунозеи Эрон бар ҷазоири сегона ҳикоят мекунад, бохабар аст, аз ин рӯ камтарин интизор аз дастгоҳи диплумосии кишварамон (Эрон) он аст, ки аз давлати Русия бихоҳад, расман ва аланан, аз иқдоме, ки алайҳи тамомияти арзии Эрони Исломӣ анҷом додааст, пӯзиш бихоҳад ва бо таваҷҷӯҳ ба асноди ғайриқобили инкори мавҷуд бар ҳокимияти Эрон бар се ҷазираи ёдшуда таъкид кунад…”
Ёддошти сардабири рӯзномаи “Кайҳон”-и Эрон:
1- Нишасти вазирони хориҷаи Маҷмаи ҳамкории кишварҳои арабӣ ва Русияро, ки рӯзи чаҳоршанбе бо ҳузури Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия, дар Марокаш баргузор шуд ва баёнияи поёнии онро, наметавон бо бунбасти рӯ ба фурӯпошии режими саҳюнистӣ беиртибот донист. Пазириши ин нукта шояд дар нигоҳи аввал баъид ба назар бирасад, вале шавоҳиди фаровоне ҳикоят аз он доранд, ки ин нишаст бо ҳадаф ва ангезаи инҳирофи афкори умумии ҷаҳониён аз ҷиноёти ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми мазлуми Ғазза ташкил шудааст ва ба сахтӣ метавон бовар кард, ки Русия аз аҳдофи аслии ин нишаст бехабар будааст.
2- Дар ин нишаст, бори дигар иддаои воҳӣ ва беасоси Аморот дар бораи ҷазоири сегонаи эронӣ матраҳ шудааст. Оқои Лавров як сиёсатмадори кӯҳнакор аст ва ба хубӣ аз даҳҳо санади ғайриқобили инкор, ки моликияти қатъии Эрон бар ҷазоири ёдшударо собит мекунад, бохабар аст. На фақат Ҷумҳурии Исломии Эрон, балки мо дар “Кайҳон” низ феҳристи равшане аз асноди мавриди ишораро мунташир кардаем. Ва суол ин аст, ки давлати Русия бо таваҷҷӯҳ ба моликияти қатъии Эрон бар ҷазоири сегона, чаро ва бо чӣ ангезае баёнияи Маҷмаъро имзо кардааст?! Ин иқдоми давлати Русия ғайр аз нифоқ ва дурӯӣ дар сиёсати хориҷии ин кишвар чӣ номи дигаре метавонад дошта бошад?!
3- Ин рӯзҳо аслитарин масъалаи фарогир дар ҷаҳон ва махсусан дар ҷаҳони ислом, ҷиноёти ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ дар қатли омм ва наслкушии мардуми мазлуми Ғазза, дармондагии саҳюнистҳо дар ҷанге, ки ҳафтоду чанд рӯз аз он мегузарад ва алорағми иддаои бархӯрдорӣ аз чаҳорумин артиши мудерн ва муҷаҳҳази ҷаҳон, на фақат ба ҳеч як аз аҳдофи эъломшудаи худ нарсидаанд, балки бо таҳаммули талафоти сангин ва бесобиқа ба дарюзагии оташбаси “мӯҳтарамона” афтодаанд.
Исроил ҳамин дирӯз ба типи вежаи “Гулонӣ”, ки муҷаҳҳазтарин ва корозмудатарин бахш аз артиши ин режим аст, дастури ақибнишинӣ аз Ғаззаро содир кард ва рӯзномаи “Ҳооретс” навишт, нерӯҳои ин типи вежа хуруҷ аз Ғаззаро “фирор аз марг” номида ва ба хотири ин ақибнишинӣ ба рақсу пойкӯбӣ пардохтаанд. Ҳоло, ду омили дигарро низ, ки дар ҳамин ҳолу ҳавои байналмилалӣ ҷараён дорад, ба шароити ёдшуда изофа кунед.
Аз як сӯ, барангехтагии афкори умумии ҷаҳониён алайҳи ҷиноёти режими саҳюнистӣ ва тазоҳуроти зидди исроилии бесобиқа ва чандсад ҳазор нафараи миллатҳо, ба вежа дар Омрико ва Урупо, ки режими саҳюнистиро аз фош шудани ҳувияти воқеии он ба ваҳшат андохтааст ва аз сӯйи дигар, беғайратӣ ва бехаёлии сарони бисёре аз кишварҳои арабӣ дар муқобили ҷиноёти Исроил, ки бо эътирози густурдаи миллатҳои мусалмон ба вододагии ғайриқобили тавҷеҳ ва хиёнатомези сарони дастнишондаи кишварҳои ёдшуда ҳамроҳ аст.
Сувол ин аст, ки нишасти вазирони хориҷаи Маҷмаъи ҳамкории кишварҳои арабӣ ва Русия дар куҷои ин шароит ҷой гирифта ва бо кадом зарурат барпо шудааст?!
4- Мумкин аст оқои Лавров иддао кунад, ки ин нишаст дар фосилаи замонии мушаххас баргузор мешуда ва иҷлоси чаҳоршанбе (20 декабр) замони аз қабл таъйиншуда барои баргузории он будааст. Ин иддао бар фарз, ки матраҳ шавад, камтарин тавҷеҳи мантиқӣ ва қобили пазириш надорад, чаро, ки:
Аввалин нишасти ин маҷмаъ, ки замони ташкили он низ ҳаст, дар соли 2009 дар Маскав будааст. Дуввумин нишаст дар соли 2014 (ба фосилаи 5 сол) дар Судон. Севвумин нишаст дар соли 2016 (ба фосилаи 2 сол) дар Маскав. Чаҳорумин нишаст дар соли 2017 (ба фосилаи як сол) дар Абӯзабӣ. Панҷумин нишаст дар соли 2019 (бо фосилаи 2 сол) ва нишасти ахир, ки шашумин нишаст аст, дар соли 2023 (бо фосилаи 4 сол) дар Марокаш ташкил шудааст.
Ҳамон гуна, ки ба вузуҳ дида мешавад, фосилаҳои замонӣ миёни нишастҳои ин маҷмаъ, муназзам ва аз қабл таъйиншуда набудааст. Бинобар ин, пурсиш аз давлати Русия, ки муддаии истиқлол аст (ва на сарони дастнишондаи араб) ин аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба бунбасти рӯ ба заволи режими саҳюнистӣ дар ҷанги Ғазза ва хиёнати бармалошудаи бархе аз сарони кишварҳои арабӣ, ангезаи шумо аз баргузории беҳангоми нишасти ахир ҳамсӯйи бо ин ҷараёни фосид набудааст?! Посухи шумо чист?! Оё аз давлати Русия баъид набуд, ки дар намоиши фирорӣ додани режими саҳюнистӣ ва сарони беғайрати бархе аз кишварҳои арабӣ аз бунбасте, ки бо он рӯбарӯ шудаанд, нақшофаринӣ кунад? Ин иқдоми давлати Русия агар хато бошад, хатое нобахшуданӣ аст ва ранги хиёнат дорад.
5- Мумкин аст иддао шавад, ки дар баёнияи поёнӣ бар таваққуфи бомбборони навори Ғазза, қатли омми мардум, лағви муҳосараи ғизоӣ ва доруӣ ва сӯхт таъкид шудааст, ки бояд гуфт: аввалан, агар ин таъкидот набуд, ҳувияти воқеии ширкаткунандагон дар нишасти ёдшуда беш аз пеш аз парда бурун меафтод. Сониян, як бори дигар матни баёнияро мурур кунед. Дар бахше аз моддаи 10-и баёния омадааст:
“Поён додан ба ишғоли сарзамини Фаластини ишғолӣ тавассути Исроил дар соли 1967, аз ҷумла Қудси шарқӣ, Ҷулони Сурия ва бақияи сарзаминҳои ишғолии Лубнон …” Дар ин банд аз баёнияи поёнӣ, мавҷудияти режими саҳюнистӣ ба расмият шинохта шуда ва танҳо хостори бозгашти сарзаминҳои ишғолшуда дар ҷанги шашрӯза шудаанд. Дар бахши дигаре аз баёния, сухан аз “истиқлоли кишвари мустақилли Фаластин дар имтидоди хутути 4 июни 1967, бо пойтахти Байтулмуқаддаси шарқӣ…” ба миён омадааст, ки мафҳуми равшан ва холӣ аз ибҳоми он аз як сӯ тан додан ба тарҳи хиёнатбори дудавлатӣ аст (бахше дар ҳокимияти машрути фаластиниҳо ва бахши дигар, ки шомили сарзаминҳои ишғолӣ дар соли 1948 аст таҳти ҳокимияти саҳюнистҳо) ва …
6- Режими саҳюнистӣ борҳо эълом кардааст, ки Ҷумҳурии Исломии Эронро аслитарин ва қудратмандтарин душмани худ медонад ва дар ин хусус иштибоҳ намекунад, чаро ки гузораи “маҳви Исроил аз ҷуғрофиёи ҷаҳон”, дидгоҳи мантиқӣ ва қонунии ҳазрат Имом аст, ки аз нахустин рӯзҳои баъд аз пирӯзии инқилоби исломӣ аз сӯйи Имоми роҳили мо (р) ва раҳбари муаззами инқилоб бо ҷиддият дунбол шуда ва имрӯз ба дидгоҳ ва нигоҳи тамоми нерӯҳои муқовамат табдил шудааст. Акнун бо таваҷҷӯҳ ба нукоти ёдшуда, метавон ташкили беҳангоми Маҷмаъи ҳамкории кишварҳои арабӣ ва Русия ва гунҷондан иддаои воҳӣ ва беасоси ҳокимияти Аморот бар се ҷазираи эронии Тунби бузург ва кучак ва Абӯмӯсо дар баёнияи поёнии ин иҷлосро бахши дигаре аз ҳамроҳӣ бо режими саҳюнистӣ дар ибрози душманӣ бо Эрони Исломӣ донист.
7- Яке аз аҳдофи ин нишастро метавон ва бояд сарпӯш ниҳодан бар “хатти заминии ирсоли коло ва муҳиммот” ба Исроил донист, ки гузоришҳои дархӯри таваҷҷӯҳе аз роҳандозии он тавассути Арабистон, Аморот ва Ӯрдун хабар медиҳад. Матни баёнияи поёнии ин нишаст, ки барои ихтисор ба бахшҳое аз банди 10-и он ишора кардем, гувоҳи дигаре бар ҳамроҳии кишварҳои ёдшуда бо режими саҳюнист аст.
8- Аз кишварҳои арабии ҳозир дар нишасти ёдшуда ғайр аз душманӣ бо Эрони Исломӣ ва ҳамроҳӣ бо режими саҳюнистӣ, интизоре намеравад, вале давлати Русия бояд посухгӯи иқдоми пилишт ва ғайриқонунии худ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон бошад.
Оқои Лавров аз асноди фаровоне, ки бар ҳокимияти қатъӣ ва биломунозеъи Эрон бар ҷазоири сегона ҳикоят мекунад, бохабар аст. Ва аз ин рӯй иқдоми давлати Русия агар ҳам хато бошад, бӯйи хиёнат медиҳад ва камтарин интизор аз дастгоҳи диплумосии кишварамон он аст, ки аз давлати Русия бихоҳад, расман ва аланан, аз иқдоме, ки алайҳи тамомияти арзии Эрони Исломӣ анҷом додааст пӯзиш бихоҳад ва бо таваҷҷӯҳ ба асноди ғайриқобили инкори мавҷуд бар ҳокимияти Эрон бар се ҷазираи ёдшуда таъкид кунад.
Ҳусайни Шариатмадорӣ, сардабири рӯзномаи “Кайҳон”
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Конфронси байналмилалии Фаластин дар Теҳрон
Сойти артиши Исроил ҳак шуд

Матолиби пурбоздид