Оҳангар

Адаб

Оҳангар

Оҳангаре буд, ки бо тамоми парҳезгорӣ ва худотарсӣ, зиндагияш чандон рӯ ба роҳ набуд, ҳатто мушкилоташ мудом бештар мешуд.

Рӯзе яке аз дӯстонаш ба дидани вай омад. Пас аз иттилоъ аз вазъияти оҳангар, ба ӯ гуфт:

— Воқеан аҷиб аст! Марди худотарсе ҳастӣ, вале зиндагият бад буд, ки ҳеч, бадтар ҳам шудааст. Намехоҳам имонатро тазъиф кунам, аммо бо вуҷуди талошҳоят дар масири руҳонӣ, ҳеч чиз беҳтар нашуда.

Оҳангар билофосила посух надод. Ӯ борҳо ҳамин фикрро карда буд ва намефаҳмид, чӣ бар сари зиндагияш омадааст.

Аммо намехост суоли дӯсташро бидуни посух бигузорад. Каме фикр кард ва ногаҳон посухеро, ки мехост ёфт.

Ин посухи оҳангар буд:

— Дар ин коргоҳ фӯлоди хом бароям меоваранд, ки бояд аз он шамшер бисозам. Медонӣ, чӣ тавр ин корро мекунам? Аввал фӯлодро ба андозаи ҷаҳаннам ҳарорат медиҳам, то сурх шавад. Баъд бо бераҳмӣ сангинтарин чаккуши оҳангариро бармедорам ва пушти сари ҳам ба он зарба мезанам, то ин ки фӯлод шаклеро бигирад, ки мехоҳам. Баъд онро дар зарфи оби сард фурӯ мекунам, ба тавре ки тамоми ин коргоҳро бухор фаро мегирад. Фӯлод ба хотири ин тағйири ногаҳонии дамо ранҷ мебарад. Як бор кофӣ нест, бояд ин корро он қадр такрор кунам, то ба шамшери мавриди назарам даст биёбам.

Оҳангар лаҳзае сукут кард, сипас идома дод:

— Гоҳе фӯлод наметавонад тоби ин амалиётро биёварад. Ҳарорат, зарбаҳои чаккуши оҳангарӣ ва оби сард, боиси тарак хӯрданаш мешавад ва медонам, ки аз ин фӯлод ҳаргиз шамшери муносибе дарнахоҳад омад, бинобариин онро канор мегузорам.

Оҳангар боз диранге кард ва баъд идома дод:

— Медонам, ки Худо маро дар оташи ранҷ фурӯ мебарад. Зарбаҳои чаккуширо, ки бар зиндагии ман ворид карда ва мекунад, пазируфтаам ва гоҳе ба шиддат эҳсоси сармо мекунам, ингор фӯлоде бошам, ки аз обдида шудан ранҷ мебарад. Аммо танҳо чизе, ки мехоҳам ин аст:

Худои ман! Аз корат даст накаш, то шакле, ки ту мехоҳӣ, ба худ бигирам.

Бо ҳар равише, ки меписандӣ ва ҳар муддат, ки лозим аст, идома деҳ, аммо ҳаргиз маро ба миёни фӯлодҳои бефоида партоб накун!

(Манбаъ: китоби «Таҷрибаи динӣ», с.453)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Хирадмандӣ ва бахшояндагӣ
Достони Ибни Асир

Матолиби пурбоздид