Партоби 50 мушак тавассути Ҳизбуллоҳ ба пойгоҳи ҳавоии “Мирун”-и Исроил

Партоби 50 мушак тавассути Ҳизбуллоҳ ба пойгоҳи ҳавоии “Мирун”-и Исроил

Ахбори байналмилал

Farsnews

Нерӯҳои муқовамати Лубнон дар идомаи ҳамалоти худ ба мавозеъи низомии режими саҳюнистӣ, имрӯз (душанбе) пойгоҳи роҳбурдии “Мирун” воқеъ дар шимоли Фаластини ишғолиро бо беш аз 50 мушак ҳадаф қарор доданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, манобеъи хабарӣ аз ҳамалоти густурдаи мушакии Ҳизбуллоҳи Лубнон ба самти пойгоҳи “Мирун” мутаъаллиқ ба режими саҳюнистӣ хабар медиҳанд. Гуфта мешавад, Ҳизбуллоҳ бо беш аз 50 мушак ин пойгоҳро ҳадаф қарор додааст.

Ин манобеъ мегӯянд, ки дар пайи ин ҳамалот, ожирҳои хатар дар ин пойгоҳ ба садо даромадааст. Ҳанӯз хабаре дар бораи ҷузъиёти хисорот ё талафоти эҳтимолӣ мунташир нашудааст.

Farsnews

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Аломат ва нишонаи хушахлоқӣ
Иқболи Лоҳурӣ аз дидгоҳи Мутаҳҳарӣ

Матолиби пурбоздид