Паёмбаршиносӣ ба сабки Мавлоно

Адаб

Паёмбаршиносӣ аз забони Мавлоно

Паёмбаршиносӣ ба сабки Мавлоно

Ту ҳамон кун, ки кунад хуршеди шарқ,
Мо нифоқу ҳилаву дуздиву зарқ.
Ту асал, мо сирка дар дунёву дин,
Дафъи ин сафро бувад сиркангубин.
(Мавлоно)
Мавлоно хитоб ба ҳазрати Хотамуланбиё (с) мегӯяд, ки: Эй Паёмбар! Ту ҳамон кореро бикун, ки хуршеди тобон мекунад, яъне бар ҳамаи халоиқ битоб. Вале мо, ки аҳли дунё ва асири ҳаво ҳастем, дурӯйӣ ва найранг ва дуздӣ ва макр ба кор мебандем. Дар дунёву дин ту асалӣ ва мо сирка, яъне дар дину дунё ахлоқи некӯ ва писандида дорӣ ва мо баръакси ту, дучори бадахлоқӣ ҳастем, мо сафрои худро танҳо бо сиркангубини ту метавонем дафъ кунем, яъне бадахлоқии мо бо хушахлоқии ту ислоҳ мешавад.
facebook
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ниёиш
Фақеҳон ва дунёпарастӣ

Матолиби пурбоздид