Паёми донишҷӯёни эронӣ: “Садои адолат дар муқобили ҷиноятҳои ҷангӣ бояд баланд шавад”
Ахбори байналмилал
Имрӯз, дар фазои пурэҳсос ва ҳамзамон огоҳонаи ҷомеаи донишҷӯӣ, гурӯҳе аз донишҷӯён ва шаҳрвандони Теҳрон бо баргузории таҷаммуъ дар муқобили сафорати Амороти Муттаҳидаи Араб дар Теҳрон, эътирози худро нисбат ба ҷиноятҳои ин кишвар дар Судон баён карданд.
Донишҷӯён бо сар додани шиорҳо ва бардоштани плакатҳо, хостори поёни фаврии ҳамалоти низомӣ ва ба эҳтиром гирифтани ҳуқуқи шаҳрвандони бегуноҳ дар Судон шуданд. Онҳо таъкид карданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд дар баробари чунин фоҷиаҳои инсонӣ сукут ихтиёр кунад.
Ба гуфтаи донишҷӯён, ҳузури онҳо танҳо як вокуниши эҳсосӣ нест, балки талоше аст барои ёдоварии арзишҳои инсонӣ ва ниёзи ҷаҳони имрӯз ба адолат, масъулият ва ҳамдардӣ.
Як тан аз ширкаткунандагон дар ҳошияи ин таҷаммуъ гуфт:
“Ҳар ҷо хуни бегуноҳ рехта шавад, инсоният бояд ба по хезад. Мо бо садои донишҷӯёнаи худ мехоҳем ин паёмро ба гӯши ҷаҳониён бирасонем, ки ҷанг, ҳар куҷо ва ба ҳар баҳонае бошад, танҳо зиён ба башарият аст.”
Ҳамзамон, чанд созмони донишҷӯӣ низ бо интишори баёнияҳои ҷудогона, амалкардҳои низомии Аморот дар Судон-ро шадидан маҳкум намуда, хостори вокуниши фаврии ниҳодҳои байналмилалӣ шуданд.
Ин таҷаммуъ, ки бо шукӯҳи хос баргузор шуд, нишон дод, ки овози адолат ва ҳамдардӣ бо мардумони ҷабрдида, новобаста аз марзҳо ва миллатҳо, дар миёни ҷавонони эронӣ зинда ва пуртавон аст.
qalamonline.net
Қаламонлайн













