Паёми Мандела Мандела
Паёми Мандела Мандела, набераи Нелсон Мандела, ба муносибати ташйеи пайкари шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ
Байналмилал
Мандела Мандела, набераи Нелсон Мандела, ба муносибати ташйеи пайкари шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ паёме ба ин шарҳ мунташир кард:
“Сарварони мӯҳтарам ва дӯстон, ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!
Дар ояти 111 сураи Тавба омада: “Яқинан Худованд аз мӯъминон ҷонҳо ва амволашонро ба баҳои он ки биҳишт барои онон бошад харидааст.”
Сайидҳасан Насруллоҳ яқинан ба бузургтарин тавфиқе, ки ҳар муборизи муқовимат метавонад ба он бирасад, даст пайдо кардааст.
Ӯ солҳо зиндагиашро вақфи сарзамин ва мардумаш кард. Ӯ барои инқилобиҳои сар то сари ҷаҳон илҳомбахш буд. Ҳамаи дӯстдорони озодӣ дар ҷаҳон, ба раҳбарии ӯ ва муқовимати қудратманде, ки алайҳи ишғолгарони истеъморгар ва орзуҳои ҷаҳонхорони ғарбӣ дар минтақа сохт, эҳтиром мегузоранд.
Шаҳомати ӯ дар кӯмак расондан ба миллати Фаластин, дарсе ба ёдмонданӣ ба Исроил дод, ки дар таърих ба унвони нуқтаи атфе муҳим дар озодии Фаластини ишғолӣ сабт хоҳад шуд.
Имрӯз барои бузургдошти як инсони бо Худо дар ин ҷо ҳастем; касе, ки ба паймоне, ки бо Худованд баст вафо кард ва мутаъоқибан мероси ӯ дар ин дунё ва охират ҳам мӯҳтарам шумурда хоҳад шуд.
Ин далермади Лубнон, дар қалби шаҳракнишинҳои исроилии сар то сари Фаластини ишғолӣ ваҳшат эҷод кард. Ӯ мояи илҳоми насле аз муборизони роҳи озодӣ барои пазириши интихоб байни пирӯзӣ ё шаҳодат шуд.
Чӣ пирӯзӣ ва шаҳодатеро метавон бартар аз шаҳодат барои озодии Масҷидулақсо барои ӯ баршумурд?!”
Қаламонлайн