Паёми Оятуллоҳ Хоманаӣ ба муносибати маросими видои шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ ва Сайидҳошим Сафиюддин
Байналмилал
Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, дар пайме, ба муносибати баргузории маросими ташйеъ ва тадфини шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ ва ҳамчунин Сайидҳошим Сафиюддин, бо таҷлил аз ин ду шаҳиди бузурги муқовамат, таъкид кард: “Душман бидонад, ки муқовамат дар баробари ғасб ва зулм ва истикбор тамомшуданӣ нест ва то расидан ба сарманзили мақсуд идома хоҳад ёфт.”
Матни паёми Оятуллоҳ Хоманаӣ, ки имрӯз дар ин маросим тавассути Сайидмуҷтабо Ҳусайнӣ, намояндаи Оятуллоҳ Хоманаӣ дар Ироқ қироат шуд, ба ин шарҳ аст:
بسم الله الرّحمن الرّحیم
قال الله عزّ وجل: وَلِلّٰهِ العِزَّةُ وَلِرَسولِهِ وَلِلمُؤمِنینَ وَلٰکِنَّ المُنافِقینَ لا یَعلَمون
Муҷоҳиди кабир ва заъими пештози муқовамат дар минтақа, ҳазрати Сайидҳасан Насруллоҳ (Аълаллоҳу мақомаҳ) акнун дар авҷи иззат аст. Бадани поки ӯ дар сарзамини ҷиҳоди фи сабилиллоҳ ба хок супурда мешавад, вале руҳу роҳи ӯ ҳар рӯз сарафрозтар аз пеш ҷилва хоҳад кард иншоаллоҳ ва роҳро ба раҳрвон нишон хоҳад дод.
Душман бидонад, ки муқовамат дар баробари ғасб ва зулм ва истикбор тамомшуданӣ нест ва то расидан ба сарманзили мақсуд идома хоҳад ёфт би изниллоҳ.
Номи нек ва чеҳраи нуронии ҷаноби Сайидҳошим Сафиюддин (Ризвонуллоҳ алайҳ) низ ситораи дурахшони таърихи ин минтақа аст. Ӯ ёвари наздик ва ҷузъи ҷудонашудании раҳбарии муқовамат дар Лубнон буд.
Саломи Худо ва бандагони солеҳаш бар ин ду муҷоҳиди сарафроз ва бар дигар муборизони шуҷоъ ва фидокор, ки дар бурҳаи ахир ба шаҳодат расиданд ва бар ҳамаи шуҳадои ислом. Ва саломи вежаи ман ба шумо фарзандони азизам, ҷавонони салаҳшӯри Лубнон.
Сайидалӣ Хоманаӣ
Qalamonline.net