Паёми Оятуллоҳ Хоманаӣ дар пайи шаҳодати Сайидҳасан Насруллоҳ

 

Паёми Оятуллоҳ Хоманаӣ дар пайи шаҳодати Сайидҳасан Насруллоҳ

Байналмилал

Оятуллоҳи Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, ба муносибати шаҳодати Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, паём содир кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, матни ин паём ба шарҳи зайл аст:

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

Инно лиллоҳ ва инно илайҳи роҷиун

Миллати азизи Эрон!

Уммати бузурги исломӣ!

Муҷоҳиди кабир, парчамдори муқовамат дар минтақа, олими бофазилати динӣ ва раҳбари мудаббири сиёсӣ, ҷаноби Сайидҳасан Насруллоҳ, ризвонуллоҳи алайҳ, дар ҳаводиси дишаби Лубнон ба файзи шаҳодат ноил омад ва ба малакут парвоз кард. Сайиди азизи муқовамат подоши даҳҳо сол ҷиҳоди фӣ сабилиллоҳ ва душвориҳои онро дар хилоли як пайкори муқаддас дарёфт кард. Дар ҳоле шаҳид шуд, ки саргарми тарроҳӣ барои дифоъ аз мардуми бепаноҳи Бейрут ва хонаҳои вайроншуда ва азизони пар-паршудаи онон буд, ҳамчунон, ки даҳҳо сол барои дифоъ аз мардуми ситамдидаи Фаластин ва шаҳру рустои ғасбшуда ва хонаҳои тахрибшуда ва азизони қатли оммшудаи онон тарроҳӣ ва тадбир ва ҷиҳод карда буд. Файзи шаҳодат пас аз ин ҳама муҷоҳидат, ҳаққи мусаллами ӯ буд.

Дунёи ислом, шахсияте боазаматро; ва ҷабҳаи муқовамат парчамдоре барҷастаро ва Ҳизбуллоҳи Лубнон раҳбаре камназирро аз даст дод, вале баракоти тадбир ва ҷиҳоди чанддаҳсолаи ӯ ҳаргиз аз даст нахоҳад рафт. Асосе, ки ӯ дар Лубнон поягузорӣ кард ва ба дигар марокизи муқовамат ҷиҳат бахшид, бо фуқдони ӯ на танҳо аз миён нахоҳад рафт, ки ба баракати хуни ӯ ва дигар шаҳидони ин ҳодиса, истеҳкоми бештар хоҳад ёфт. Заработи ҷабҳаи муқовамат бар пайкари фарсуда ва рӯ ба заволи режими саҳюнӣ, ба ҳавлу қавваи илоҳӣ кӯбандатар хоҳад шуд. Зоти палиди режими саҳюнӣ дар ин ҳодиса, ба пирӯзӣ даст наёфтааст.

Сайиди муқовамат, як шахс набуд, як роҳ ва як мактаб буд ва ин роҳ ҳамчунон идома хоҳад ёфт. Хуни шаҳид Сайидаббос Мӯсавӣ бар замин намонд, хуни шаҳид Сайидҳасан ҳам бар замин нахоҳад монд.

Инҷониб ба ҳамсари гиромии Сайиди азиз, ки пеш аз ӯ фарзандаш Сайидҳодиро низ дар роҳи Худо дода ва ба фарзандони гиромиаш ва ба хонаводаҳои шаҳидони ин ҳодиса ва ба яко-яки афроди Ҳизбуллоҳ ва ба мардуми азиз ва мақомоти олияи Лубнон ва ба саросари ҷабҳаи муқовамат ва ба маҷмӯъи уммати исломӣ, шаҳодати Насруллоҳи бузург ва ёрони шаҳидашро табрик ва таслият арз мекунам ва дар Эрони Исломӣ 5 рӯз азои умумӣ эълом менамоям.

Худованд ононро бо авлиёяш маҳшур фармояд!

Вассаломи ало ибодиллоҳис солиҳин

Сайидалии Хоманаӣ

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

“Явмун лано ва явмун алайно”
Рисолае, ки барои нашр нест

Матолиби пурбоздид