Паёми раҳбари Эрон ба беэҳтиромӣ нисбат ба Қуръони Карим, дар Суед
Ахброри байналмилал
Оятулло Хоманаӣ раҳбари Эрон дар паи ҷасорат ба соҳати муқаддаси Қуръони Карим, ин рафторро ҳодисаи талх ва тавтиаомез хонда ва гуфтааст: Давлати Суед (Шветсия) омили ин ҷиноятро ба дастгоҳҳои қазоии кишварҳои исломӣ таҳвил бидиҳад.
Дар матни паёми Оятуллоо Хоманаӣ омадааст: Давлати Суед бояд бидонад, ки бо пуштибонӣ аз ҷинояткор дар баробари дунёи ислом, ороиши ҷангӣ гирифта ва душмании умуми миллатҳои мусалмон ва бисёре аз давлатҳои онҳоро ба сӯи худ ҷалб кардааст.
Эшон дар идома афзудааст: Тавтиагарони пушти саҳна низ бидонанд, ки ҳурмат ва шавкати Қуръони Карим рӯз ба рӯз афзунтар ва анвори ҳидояти он дурахшонтар хоҳад шуд, амсоли ин тавтиа ва омили он ҳақиртар аз онанд, ки битавонанд монеи ин дурахшиши рӯзафзун бошанд.
Бахши хабарии сомонаи Қаламонлайн