Паёми Ҳизбуллоҳ ба мардуми Ғазза ва Фаластин

Паёми Ҳизбуллоҳ ба мардуми Ғазза ва Фаластин

Паёми муҷоҳидини муқовамати исломии Лубнон (Ҳизбуллоҳ) ба муҷоҳидони шуҷоъи муқовамат дар навори Ғазза ва саросари Фаластини ишғолӣ:
“Бисмиллоҳир Раҳонир Раҳим
فليقاتل في سبيل الله الذين يَشرون الحياة الدّنيا بالآخرة ومن يُقاتل في سبيل الله فيَقتل أو يَغلِب فسوف نؤتيهِ أجرًا عظيمًا
“Касоне бояд дар роҳи Худо пайкор кунанд, ки даст аз ҷон шустаанд ва зиндагии ин ҷаҳонро ба он ҷаҳон мефурӯшанд. Ва ҳар кас дар роҳи Худо пайкор кунад ва кушта шавад ё фотеҳ гардад, зуд бошад, ки ӯро аҷри азим диҳем.” (Нисо/74)
Аз ҷониби бозуҳое, ки зиллат ва хориро нашнохтаанд ва дилҳое, ки саршор аз яқин ба Худованд ва итминон ба ваъдаи ӯянд.
Ба сарзамини муқовамат ва сарбаландӣ; ба сарзамини Исро ва Мероҷи фиристода ва ҳабиб, некӯтарини халқ, Муҳаммад (с); ба қиблаи озодагон ва мӯъминон; ба аҳли тӯфони Ақсо дар Ғаззаи Ҳошим.
Ин, бахше аз азми мо аз пушти марзҳои Фаластин аст, мо барои ҳимоят аз Масҷидулақсо силоҳ ба даст гирифтем ва пирӯзӣ ваъдаи мост ва субҳ наздик аст!
Эй мардуми мазлуми Ғаззаи сарафроз! Куштани фарзандон ва занон ва ҷавонон ва пирони шумо, бузург аст ва руҳияи пойдории шумо бузургтар. Хуни муқовими шумо ба зудӣ ғарқ хоҳад кард ин киёни пирро, ки ҷуз охирин нафасҳояш боқӣ намондааст.
Шумо, эй қаҳрамонони роҳ ва ҷиҳод ва корвонҳои азм ва шаҳодат, бинии ин махлуқи шиканандаро ба замин молидед ва ҳақиқатан ба ҷаҳониён нишон додед, ки ин мавҷуд аз тори анкабут заъифтар аст ва раҳоӣ наздик аст.
Дасти мо бар моша ва бо шумост, мо дар ҳимоят аз Ақсо ва мардуми мустазъаф дар Фаластини азиз, бо душманони Худо меҷангем. Пас, “гарданҳоро бизанед ва ҳамаи ангуштонро қатъ кунед” ва мутмаин бошед, ки шуҳадои шумо ва шуҳадои мо роҳе ҳастанд ба сӯйи Байтулмуқаддас то рӯзи фатҳи ошкор.
Қатъан Худованд ёрӣ диҳад касонеро, ки ӯро ёрӣ кунанд, ин ваъдаест ҳақ ва рост.
Дуруд бар баргузида Муҳаммад ва бар хонадон ва ёрони покаш!
Бародарони шумо, муҷоҳидини муқовамати исломӣ дар Лубнон
Чаҳоршанбе, 1 ноябри 2023
16 рабиуссонии 1445”
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мардуми Қазоқистон хостори таваққуфи содироти нафт ба Исроил шуданд
Нишасти дабири кулли OSCE ва вузарои умури хориҷаи Осиёи Марказӣ

Матолиби пурбоздид