Бо таваҷҷӯҳ ба бӯҳрони иқтисодӣ ва молии ҷаҳонӣ, ки дар паи ҷанги Укройн пеш омадааст, бархе соҳибназарон пешниҳодоти созандаи худро ба масъулини Ҷумҳурии Тоҷикистон расонаӣ кардаанд, ки дар идома ба пешниҳоди ҷаноби Додоҷон Ёқубов таваҷҷӯҳи мухотабини пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайнро ҷалб мекунем.
* * *
М У Р О Ҷ И А Т Н О М А
Ба Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода
Ба депутатҳои МН МО
Ба вазири кишоварзӣ Сулаймон Зиёзода
Ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Ҷамолиддин Абдуллозода
Ба мардуми Тоҷикистон
Муҳтарам сарвазир Қоҳир Расулзода, депутатҳои МН МО, вазирон ва мардуми Тоҷикистон!
Ба ҳамагон маълум аст, ки сатҳи шароити иқтисодӣ – сиёсӣ ва иҷтимоии мардуми Ватанамон рӯз то рӯз паст рафта истодааст ва ҳамчунин аҳолии кишвар ба зиндагии сангин рӯ ба рӯ ҳастанд.
Зеро бо сабаби бемории KOVID -19 ва ҷанги Укроину Русия, дар ҷаҳон ва махсусан дар давлатҳои Африқо норасоии ғалла эҳсос шуда аст ва арзиши як тонна гандум дар Европа то 435 евро боло рафт.
Аз ҷумла дар Тоҷикистон ҳам арзиши маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯрокворӣ бе ист боло рафта, як халта орди навъи якуми 50 кг то 380 – 400 сомонӣ боло рафт, дар шаҳри Хуҷанд як дона нони расми 4,5 сомонӣ, як кг макарон 13 сомонӣ, як кг равған 25 – 35 сомонӣ, як кг картошка 6 – 7 сомонӣ, дар вилояти Хатлон як кг пиёз дар сари замин 4,5 – 5 сомонӣ, дар маҷмӯъ 19 намуди маҳсулоти маводи хӯрока боло рафт.
Роҳкиро дар дохили шаҳри Хуҷанд 2,5 сомонӣ ( Дар Қазоқистон аз якӯми июли соли 2022 арзиши 1 тонна гази моеъ аз 28 000 танга то ба 33 600 танга боло бурда шуд, ки ин ба ҳар тоннаи гандум ҳудуди 12, 8 доллар ҷамъ мешавад ) ва амсоли ин садҳо мисол овардан мумкин аст.
Ташкилотҳои ҷаҳонӣ хабар дода истодааст, ки имсол дар Укроин ҷамъоварии ғалла нисбати соли гузашта 30% камтар дар назар дошта шудааст ва ғаллаи мавсими соли 2020 – 2021 – ро бо мушкилиҳои зиёд ба хориҷи кишвар бароварда истодааст. Укроин аз ҷиҳати содироти ҷуворимакка дар ҷаҳон дар ҷои чорӯм ва содироти гандум дар ҷои панҷӯм буда, ба арзиши ғалла таъсири худро мерасонад.
Ҷои ёдрас кардан аст, ки солҳои 2020 – 2021 дар ҷумҳурии Туркманистон норасоии нон мушоҳида шуд, ҳатто рӯзҳое шуд, ки мардум барои дастрас намудани нон соатҳо дар дӯконҳо навбат истоданд. Аз ин лиҳоз дар нимсолаи дуюми соли 2021 ҳукумати ҷумҳурии Туркманистон аз ҳисоби замини кишти пахта 40 000 гектар заминро барои соҳаҳои дигари кишоварзӣ гузоштан қарор қабул кард.
Дар натиҷа имсол шӯъбаи омори ҷумҳурӣ хабар дод, ки ҷумҳурии Туркманистон 1,5 млн тонна ғалла ҷамъовари намуда, аҳолии кишварро пурра бо ғаллаи дохили таъмин менамояд.
Чун соли ҷорӣ, аз охирҳои моҳи август сар карда, барои кишти ғалладонагии тирамоҳи ҳатто заминҳои помидор, харбузаву тарбузро вайрон карда ғалла кишт карда истодаанд.
Ҳамчунин, имсол ҷумҳурии Озорбойҷон ҳам қарор қабул кард, ки кишти ғалларо аз 50 000 гектар ба 150 000 гектар боло бурда, дар тӯли 2 – 3 соли оянда ба 300 000 гектар боло мебарад, то ки бозори дохилии худро таъмин намояд.
Ё ки дар Белорусия то 7 – ӯми сентябри соли ҷорӣ 9 млн тонна ғалла ҷамъоварӣ кард шуд ва ҷамъовари давом дорад.
Банда тавсия медиҳам, ки масъулони ҳукумати кишвар таҷрибаи ин кишварҳои собиқ Шӯравиро қабул намуда, дар мавсими кишти тирамоҳии соли 2022 – 2023 аз ҳисоби заминҳои кишти пахта 50 000 гектар замини обӣ барои зироатҳои кишоварзӣ, ба монанди гандум, ҷав, ҷуворимакка, картошка, забзи, пиёз, лубиёгиҳо, шолӣ, полезию обчакорӣ гузаронда шавад.
Инҷо барои беҳтар намудани шароити иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва зиндагии арзандаи аҳолии кишвари худ чанд пешниҳоде дорам:
1) ҳарчи зудтар барои таъмини аҳолӣ бо ғалладонагӣ, бояд миқдори зарурии ғалла кишт карда шавад ( шакли пурраи ” Роҳҳои таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯрокворӣ ” дар ФСБУК, сайтҳои ПАЁМ ТВ ва Анҷумани озодандешони тоҷик интишор шудааст );
2) дар соли мавсимии 2020 – 2021 кишти ғалладонагӣ дар Тоҷикистон 307 567 гектар нишон дода шудааст, ки нисбати кишти ғалладонагии соли мавсимии 2019 – 2020, 117 567 гектар зиёд аст. Аз ин лиҳоз, хоҳиш менамоям, ки аз ҷумлаи депутатҳои МН МО комиссия ташкил намуда, дурустии ин маълумот санҷида шавад, то ки дар оянда ба изофанависӣ роҳ дода нашавад.
3) барои соҳибкорон ва тоҷирон бо мӯҳлати 5 сол моратория эълон намуда, дар сурати аз тарафи кормандони кулли сохторҳои давлатӣ ташвишу озор додани соҳибкорон ва тоҷирон ҷазои сахт дода шавад ва гунаҳкорон аз масъулият сабукдӯш карда шаванд;
4) барои соҳибкорони корхонаҳои истеҳсолӣ дошта пардохти нерӯи барқ муодили 2 сенти амрикоӣ муайян карда шавад ( чанд сол аст, ки нерӯи барқро ба ҷумҳурии Ӯзбекистон бо арзиши 2 сент фурӯхта мешавад ) чаро ба соҳибкорони худ дода нашавад?;
5) барои адолати иҷтимоӣ, системаи суғуртаи ҳатмии тиббӣ ҷори намуда, аз тарафи мақомоти иҷроияи давлатӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, шахсоне, ки дар ягон ҷо кори доимӣ надоранд, монанди занҳои хонашини ҳомиладор то таваллуд ва пас аз таваллуд, шахсе, ки тарбияи як нафар кӯдаки то синни 8 – сола ва тарбияи 3 ва аз 3 зиёда кудакони то синни 18 – сола, нафақахӯрон, гирандагони ҷубронпулӣ ( маъюбон ) то синни 18 сола, хонандагони таҳсилоти ҳамагонӣ ва махсус, донишҷӯёни шӯъбаи рӯзона, гирандагони имтиёзҳои махсус суғуртаи тиббӣ ройгон дода шавад ( шакли пуррааш, дар шабакаи иҷтимоӣ ФСБУК нашр шуда аст );
6) кӯмакпулӣ ба оилаҳое, ки то 3 – кӯдак доранд, 300 сомонӣ, 4 кӯдак дошта 400 сомонӣ, 5 фарзанд ва аз ин зиёда ба ҳар як фарзанд 500 сомонӣ то синни 18 солагӣ муайян карда шавад.
Сарчашма: аз ҳисоби фонди захиравии раисҷумҳур, пули роҳи Чаноқ – Хуҷанд – Душанбе, ширкатҳое, ки аз боҷи гумрукӣ, андоз озод карда шудаанд ва ташкили ” Фонди иҷтимоӣ ” ( ба фонд, шахсоне, ки аз ҳисоби захираҳои табиии давлат ва миллат дороии зиёд ва даромади ҳаррӯзаи ҳангуфт дошта ва гардиши молӣ зиёда аз 500 000 муодили доллари амрикоӣ доранд, ҳар соле 10 % даромади худро, ба фонди иҷтимоӣ бояд гузаронанд ), кормандони вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар тӯли 3 сол пай дар пай 10 фоизи ихтисор намуда шавад ва дар рафти муҳокимаи ин муроҷиатнома мумкин, худи Шумо ҳам, боз роҳҳои дигари даромадро ошкор намоед.
Хоҳишмандам дар вақти муҳокимаи буҷаи соли 2023 пешниҳодҳои зикршуда ҳам муҳокима карда шавад.
Дар сурати қабул намудани ин пешниҳодҳо миллат аз мушкилиҳои бӯҳрони иқтисодӣ – иҷтимоӣ куллан раҳоӣ меёбад. Иншо- Аллоҳ ба манфиати миллат ва ҳам давлат аст.
Манбаъ: Фейбук, сафҳаи шахсии Додоҷон Ёқубов
Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн