Пойгоҳи омрикоии Hill: “Пизишкиён ба дунболи ислоҳи низоми ҷаҳонии омрикоӣ аст”

Таҳлили хабарӣ

Пойгоҳи омрикоии Hill: “Пизишкиён ба дунболи ислоҳи низоми ҷаҳонии омрикоӣ аст”

Пойгоҳи омрикоии Hill: “Пизишкиён на ба дунболи ислоҳи Эрон, балки ислоҳи низоми ҷаҳонии омрикоӣ аст”

Ахбори байналмилал

Пойгоҳи омрикоии Hill (вобаста ба Кунграи Омрико) дар мақолае навишт, Пизишкиён ба ҷойи ислоҳи низоми сиёсӣ дар Эрон, ба дунболи ислоҳи низоми ҷаҳонии омрикоӣ аст.

Дар ин матлаб омадааст:

Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури тозамунтахаби Эрон, низоми сиёсии дохилии Ҷумҳурии Исломиро ислоҳ нахоҳад кард, балки ӯ даст дар дасти Чин ва Русия, барномаи ислоҳи назми ҷаҳонии омрикоиро дунбол хоҳад кард.

Кофист танҳо ба мавозеъи худи ӯ истинод кунем. Ӯ як ҳафта пас аз интихобаш, мақолаеро дар рӯзномаи Tehran Times мунташир ва чашмандози риёсати ҷумҳурии худро тарсим кард.

Ин мақолаи ӯ ҳисобшуда ба нигориш даромада ва аз кишварҳои урупоӣ ва низ Омрико ба хотири хуруҷи Вошингтун аз Барҷом, интиқод мекунад.

Бо ин ҳол, калиди паёми Пизишкиён дар васати мақолаи ӯ қарор дорад. Ӯ менависад: “Чин ва Русия ҳамвора дар замонҳои сахт ва чолишбарангез, дар канори мо истодаанд. Мо амиқан барои ин дӯстӣ арзиш қоилем.”

Ҷумҳурии Исломӣ дар воқеъ барои Чин ва Русия ба далели таъмини фурсатҳои лозим барои давр задани таҳримҳои Ғарб, арзиш қоил аст. Эрон ба Русия паҳпод ва мушак медиҳад, то ҷанги таҳоҷумии худро алайҳи Укройн идома диҳад.

Ин кор, даромади ҳангуфтеро барои коҳиши фишори ношӣ аз таҳримҳо, барои Теҳрон фароҳам мекунад. Чин ҳамчунон воридкунандаи шумораи яки нафти Эрон аст. Ба гуфтаи ширкати таҳқиқотии урупоии Kpler, тақрибан 90 дарсад аз содироти нафти хоми Эрон, ба Чин таҳвил мешавад. Нафт, бо истифода аз тонкерҳои “Новгони ашбоҳ” ҳамл мешавад ва дар муқобил, Чин аз тариқи бонкҳои кучаки чинӣ, пули нафтро ба Эрон пардохт мекунад.

Пизишкиён, бар қадрдонии худ дар мавриди тавофуқномаи ҳамкории 25-сола байни Эрон ва Чин, ки дар марти 2021 имзо шуд, таъкид мекунад. Ин тавофуқ равобити Теҳрон ва Пекинро ба сатҳи роҳбурдӣ ва баландмуддат иртиқо дод.

Вазири умури хориҷаи Чин, дуруст пеш аз маросими имзои қарордод дар соли 2021, гуфт, ки равобит бо Эрон “доимӣ ва роҳбурдӣ хоҳад буд.”

Ӯ гуфт: “Чин ба дунболи беҳбуди ҳамаҷонибаи равобит бо Эрон аст.” Ин қарордод, шомили сармоягузориҳои пойдори Чин дар энержӣ, бонкдорӣ, ҳамлу нақл ва амнияти сойберӣ (кибернетикӣ) аст. Бар асоси пешнависи ин қарордод, ки тавассути New York Times ба даст омада, арзиши ин сармоягузориҳои Чин дар Ҷумҳурии Исломии Эрон тайи 25 соли оянда, ба 400 миллиард доллар хоҳад расид.

Яъне, Эрон ба рағми таҳримҳои Ғарб, сармоягузории 400 миллиард долларии Чинро ҷазб хоҳад кард, ки ба Теҳрон иҷоза медиҳад контроли дохилии худро ҳифз кунад ва аз нерӯҳои ниёбатии худ дар хориҷ – аз ҷумла Ҳамос, Ҳизбуллоҳ ва Ҳусиҳо – ҳимоят кунад.

Ҳамон тавр, ки Пизишкиён дар Tehran Times менависад, ӯ ҳамчунин “ӯҳдадори густариш ва тақвият”-и ҳамкорӣ бо Русия хоҳад буд. Ӯ бо ибрози ҳимояти худ аз “сулҳ барои мардуми Русия ва Укройн”, талош карда Ғарбро розӣ нигаҳ дорад, аммо ишорае намекунад, ки чӣ гуна ин амр муҳаққақ хоҳад шуд.

Дар иваз, раиси ҷумҳури мунтахаби Эрон, бар ҳамкорӣ бо Русия аз тариқи “чорчӯбҳое монанди Барҷом, Созмони Ҳамкории Шонгҳой ва Иттиҳодияи иқтисодии Уруосиё” таъкид мекунад.

Ӯ дар чорчӯби Брикс, барои муқобила бо назми кунунии ҷаҳонӣ кор мекунад, аз ҷумла дархост барои эҷоди як арзи ҷадид барои ба чолиш кашидани доллари Омрико. Созмони Ҳамкории Шонгҳой тавассути Чин ва Русия дар соли 2001 ба унвони бахше аз барномаи баландмуддати Чин барои тағйири назми якқутбӣ (омрикоӣ) дар ҷаҳон таъсис шуд.

Иттиҳодияи иқтисодии Уруосиё танҳо ҷабҳае барои муомилоти иқтисодӣ байни Русия ва кишварҳои перомунии он шомили Белорус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон аст. Ба иборати дигар, Пизишкиён дар чорчӯбҳое кор хоҳад кард, ки Омрико ва Ғарбро бо чолиши иқтисодӣ ва сиёсӣ мувоҷеҳ мекунад.

Илова бар ин, Пизишкиён Чинро ба унвони қудрати ҷадиди ҷаҳонӣ дар ҳаёти хилвати худ мешиносад, на Омрикоро.

Ӯ миёнҷигарии Чин барои эҳёи равобити Эрон ва Арабистони Саудӣ дар соли 2023-ро ба унвони шоҳиде бар “дидгоҳи созанда ва рӯйкарди оянданигари ин кишвар ба умури байналмилал” зикр мекунад.

Ақибнишинии номувафақи давлати Бойден аз Афғонистон дар соли 2021, адами посух ба ҳамалоти гурӯҳҳои ниёбатии Эрон ба дороиҳо ва кодри низомии Омрико ва худдории Омрико аз ҳимояти низомӣ аз муттаҳидонаш дар Ховари Миёна, нишондиҳандаи заъф ва ақибнишинии Вошингтун аз минтақа аст ва ин воқеиятро Ҷумҳурии Исломии Эрон дарк карда ва Пизишкиён низ аз ин қоъида мустасно нест.

Масъуд Пизишкиён ба сароҳат ба дунё мегӯяд, ки хоҳони як назми ҷаҳонии ҷадид бо меҳварияти Чин, Русия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон аст. Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва Ғарб дар ин дидгоҳ намегунҷанд. Раҳбарони ғарбӣ бояд бо раисиҷумҳури ҷадиди Эрон монанди ислоҳталабоне, ки ба дунболи ислоҳи назми ҷаҳонӣ таҳти раҳбарии Омрико ҳастанд, рафтор кунанд.

Hill

 Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сухане, ки ба Абӯтолиб нерӯ бахшид
Мактаби Имом Ҳусейн(а) чӣ меомӯзад?

Матолиби пурбоздид