Посух ба пурсише дар бораи сарнавишт
Маорифи исломӣ; пурсишу посух
Пурсиш: Чаро Худое, ки қабл аз таваллуд сарнавиштамро менависад ва рӯзи қиёмат сарзанишам мекунад?
Посух: Масъаларо дар чанд нукта тавзеҳ медиҳам, аз азизон хоҳиш мешавад, бо диққат мутолеа кунанд:
1) Бале, тибқи фармудаи Худо дар Қуръон, ҳар коре, ки дар ҷаҳон рӯй медиҳад, тибқи “қазо ва қадар” буда ҳатто корҳои мо инсонҳо. Дар ин маврид, оятҳои фаровоне дар Қуръон ҳаст.
Хуб, агар чунин аст, пас муҷозоту подош чӣ маъно дорад? Яъне агар оқои “А” шароб нӯшидааст, тибқи ин таълимот, ӯ кореро анҷом дода, ки аз пеш дар “пешониаш” навиштаанд. Пас, чаро барояш ваъдаи азоб ҳаст? Агар оқои “Б” амали хубе анҷом дода, ӯ ҳам кореро анҷом дода, ки дар “пешониаш” навиштаанд? Пас, чаро барояш подоше бошад?
2) Ҳоло посух: мо дар Қуръон ду гурӯҳ оятҳо дорем, ки як даста аз оятҳо мегӯяд, ҳама чиз бидуни истисно ба хости Худо рух медиҳад ҳатто корҳои мо инсонҳо. Ва дастае дигар аз оятҳо мегӯяд, инсон дар анҷоми корҳояш ихтиёр дорад, мисли ояти “Инналлоҳа ло юғаййиру мо би қавмин…” ва ғайра.
Ин ду даста аз оятҳо ба зоҳир ба ҳам зидд менамоянд, вале вақте дар ҳамаи оятҳои Қуръон хуб таъаммул мекунед, мебинед инҳо бо ҳам мутазодд нестанд.
3) Калиди фаҳми ин ду даста аз оятҳо, як ояти дигар дар Қуръони Карим аст. Ояте, ки дар бораи чигунагии анҷоми корҳои Худо сухан мегӯяд. Дар ояти 49 сураи Қамар (ва чанд ояти дигар ба ҳамин мазмун) мефармояд:
إِنَّا كُلَّ شَيْءٍ خَلَقْنَاهُ بِقَدَرٍ
“Ҳамоно, мо ҳар чизеро ба қадаре муайян офаридаем.”
Яъне, падид омадани ҳар чизе дар ҷаҳони ҳастӣ, тибқи як қонун ва як роҳи муайян аст; на ин ки аз осмон як дафъа парт бишавад. Масалан: офаридае ба номи “себ” – ки кори Худост – барои падид омаданаш, роҳи муайяне вуҷуд дорад ва Худо худаш ин роҳро муқаррар фармуда, ва он ин ки: бояд донае аз себ дар замин кошта бишавад, обёрӣ шавад, хуршед ба он битобад, сипас ба дарахте табдил гардад ва ғайра аз садҳо ва ҳазорон сабабҳо. Ҳама чиз, бидуни истисно, дар ҷаҳони ҳастӣ чунин аст. Ва Худо худаш чунин хостааст.
4) Ҳоло мисоле мезанам аз инсон, аз яке аз корҳояш. Масалан, як нафар бо ихтиёри худаш, пиёлаеро, ки дар он шароб аст бармедорад ва менӯшад.
Хуб, ин падида, яъне падидаи “нӯшида шудани шароб” дар ҷаҳони ҳастӣ ба вуқӯъ пайваст; падидае, ки то чанд лаҳза пеш набуд ва инак ба вуҷуд омад. Ҳоло, таваҷҷӯҳ бикунед ба сабабҳо ва иллатҳое, ки барои ба вуҷуд омадани ин падида дахолат доштанд; сабабҳое, ки агар набуданд, ин кор ҳам падид намеомад.
Яке аз сабабҳои он, вуҷуди худи инсоне аст, ки онро нӯшид. Агар ӯ набуд, ин падида рух намедод.
Яке дигар аз сабабҳояш, қудрати нӯшидан дар он инсон аст, ки агар он одам бошад, вале қудрати нӯшидан надошта бошад, боз ҳам ин кор ба вуқӯъ намепайваст.
Яке дигар аз сабабҳо, иродаи нӯшидан барои ин инсон аст; ки агар худаш бошад ва қуввати нӯшидан ҳам дошта, вале иродаи ин корро надошта бошад, боз ҳам ин кор ба вуқӯъ намепайваст… ва ғайра аз садҳо ва ҳазорон сабабҳо ва иллатҳо, ки агар яке аз онҳо набошад, ин кор дар ҷаҳони ҳастӣ воқеъ намешуд. Дуруст мисли он ҷо, ки агар яке аз сабабҳои ба вуҷуд омадани себ намешуд, он себ падид намеомад.
5) Ҳоло суол: ин падида (яъне падидаи “нӯшида шудани шароб”) дар маҷмӯъ ва бо тамоми сабабҳо ва иллатҳояш, оё кори инсон аст? Оё, масалан, худи вуҷуди инсон (ки яке аз сабабҳои он аст, ки агар намебуд ин кор воқеъ намешуд) дасти худи инсон аст? Ё масалан, оё қудрат барои нӯшидан (ки яке аз сабабҳост, ки агар набошад, ин кор ба вуқӯъ намепайваст) оё дасти инсон аст? Хулоса, оё ин падида бо тамоми сабабҳо ва иллатҳояш, кори худи инсон аст?
Ҷавоб комилан рӯшан аст. Ба вуҷуд омадани ин кор, бо тамоми сабабҳо ва иллатҳояш, кори худи инсон нест, балки кори зоте аст, ки тамоми падидаҳо ва рухдодҳои ҷаҳони ҳастӣ кори дасти ӯст, вале корҳои ӯ тибқи як қонуни муайян ва ба таъбири Қуръон, тибқи як “қадар” ва “суннат” ва роҳи муайян ба вуҷуд меоянд.
Пас, кор дар маҷмӯъ, кори Худост. Хуб, ҳоло инсон пас ин ҷо чӣ кора аст агар ин кор кори Худо бошад? Чаро муҷозот мешавад? Посух дар нуктаи баъдӣ меояд.
6) Аз миёни тамоми сабабҳо ва иллатҳои ба вуҷуд омадани ин кор (ва соири корҳои мо инсонҳо), танҳо чизе, ки дар ихтиёри мост, ин “иродаи анҷоми кор” аст; ки фаразан агар 99 дарсади сабаби падид омадани он фароҳам буда, вале ин сабаб набошад, он кор воқеъ намешавад. Ва ба хотири ҳамин унсур, яъне унсури “иродаи анҷоми кор” аст, ки ин кор ба мо инсонҳо нисбат дода мешавад, вагарна иродаи мо танҳо як ҳалқа аз ҳалқаҳои бешумори як занҷир чизе беш нест.
Ҳол, диққат бифармоед: Худо чунин хостааст, ки сабаб ва иллати баъзе аз падидаҳои ҷаҳони ҳастӣ, иродаи мо бошад. Яъне, агар масалан барои ба вуҷуд овардани як себ, Худо худаш “тобидани хуршед”-ро яке аз сабабҳои он қарор додааст, ҳам-ӯ хостааст, ки дар ба вуҷуд омадани баъзе аз падидаҳои одамӣ, “иродаи инсон” дахил бошанд; ки агар набошад, он кор ҳам ба вуҷуд намеояд.
Пас, агар хуб диққат бишавад, маълум мешавад, ки ҳамаи корҳо бидуни истино дар ҷаҳони ҳастӣ, кори Худо ҳастанд, мунтаҳо чунонки гуфтем, корҳои Худо тибқи як қонун ва як роҳи муайян анҷом мешаванд; қонуне, ки дар фалсафа аз он ба номи “қонуни иллият” ном бурда мешавад ва дар Қуръон ба унвонҳое мисли “қадар” ва “суннат” таъбир шудааст.
7) Ва аммо чаро инсон муҷозот мешавад ва ё сазовори подош аст дар баробари корҳое, ки бо иродааш анҷом мешаванд? Посух он ки: Худованд дар вуҷуди инсон унсури “ирода”-ро ниҳодааст. Ирода, яъне “дар сари дуроҳӣ” қарор гирифтан. Яъне ин ки инсон дар баробари ҳар коре, ки қарор мегирад, ҳам метавонад онро анҷом бидиҳад ва ҳам метавонад анҷомаш надиҳад. Ин аст маънои “ирода”.
Ин ҷо Худо мегӯяд, вақте ҳар кадом аз ин ду роҳро интихоб кардӣ — ва интихоб ҳам комилан дар дасти худи туст – дар ин сурат, коре, ки дар ҷаҳони ҳастӣ воқеъ хоҳад шуд (ки дар маҷмӯъ кори ман аст), дар ба вуқӯъ пайвастани он, мани Худо “иродаи ту”-ро яке аз сабабҳои воқеъ шудани он қарор додаам. (Ин ҷо хуб диққат кунед!) Мисли ин ки дар падид омадани себ, тобидани хуршедро яке аз сабабҳо қарор дода. Мо намегӯем, ки падидоварандаи себ хуршед аст.
8 ) Дар мисоли “нӯшида шудани шароб”, инсон ба далели он ки ҳам метавонист нанӯшад ва ҳам метавонист бинӯшад, вале чун нӯшиданро ихтиёр кард, ин ҷо сазовори муҷозот аст. Ва ӯ наметавонад бигӯяд: чун кор кори Худост ва ба истилоҳ, дар “пешониам” навишта шуда, пас ман ҳеч кораам! Зеро Худо ба ӯ мегӯяд: бале, кор кори ман аст, вале мани Худо яке аз сабабҳои ба вуқӯъ пайвастани онро “иродаи ту” қарор дода будам; иродае, ки ба мӯҷиби он, метавонистӣ ин заҳри морро нанӯшӣ!
9) Нуктаи ахир он ки: тамоми суитафоҳумҳо аз ин ҷо ношӣ мешавад, ки вақте мо сари “дуроҳӣ” қарор мегирем ва яке аз роҳҳоро ихтиёр мекунем, бисёре аз мо фикр мекунад, ин ҷо ихтиёркунанда Худост. Дар ҳоле, ки чунин нест. Интихоби яке аз роҳҳо комилан дар дасти худамон аст, ва “ирода” ҷуз он нест. Худованд мо инсонҳоро бо ҳамин хусусият ва вежагӣ офарида. Яъне бо вежагии “ирода”. Яъне чунонки Худованд барои оташ хусусияти “сӯзондан”-ро бахшида, моро бо хусусияти “ирода кардан” офарида.
Беҳтарин таъбире, ки аз ин масъалаи печида шудааст, ин таъбир аст:
“Худо ирода кардааст, ки корҳои ихтиёрии мо инсонҳо, бо иродаи худамон анҷом бишавад.”
Поён
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн













