Посух ба як шубҳа дар бораи дуо

Фарҳанг
Посух ба як шубҳа дар бораи дуо
Ёддоште аз Сайидюнуси Истаравшанӣ
Дар ҳошиияи видеое аз як хохоми яҳудӣ дар Исроил, ки дуо мекард Худо ба саҳюнистҳо кӯмак ва душманони онҳоро несту нобуд созад, то монанди магасҳо бимиранд, яке аз дӯстони маҷозӣ ба ин мазмун суол фармуд, ки оё имкон дорад Худо якчунин дуоеро вақте бандааш аз ӯ мехоҳад иҷобат кунад?! Суолаш ба ҳамин мазмун аст, ҳарчанд ба калимоте дигар.
Ба баҳонаи ин суоли ӯ, лозим аст як баҳси нисбатан муфассале – албатта, баҳс аз назар ва диди ислом – дар бораи ҳамин мавзӯъ ва низ мавзӯҳое, ки марбут ба он аст тарҳ кунам, саъй мекунам кӯтоҳ ва мухтасар бошад, ба ин тартиб:
1) Нуктаи аввал – ки дар воқеъ як муқаддима аст – ин ки Худо, худои ҳама аст, чӣ мусалмон, чӣ масеҳӣ, чӣ яҳудӣ ва чӣ ҳатто бутпараст ва бедин, ӯ офаридгор ва холиқи ҳастӣ аст. Фарқи як мусалмон бо ғайри мусалмон дар ин росто, дар таърифи Худо аз як сӯ ва дар чигунагии робитаи ӯ бо ҷаҳони ҳастӣ (аз ҷумла мо инсонҳо) аз сӯйи дигар аст. Вагарна, чунин нест, ки Худои онҳо ғайр аз Худои мо бошад алъаёзу биллоҳ! Худо яке беш нест.
Тавзеҳ ин ки: ҳамаи диндорон – чӣ мусалмон ва чӣ ғайри мусалмон ҳатто бутпараст – имон ба вуҷуди офардигор барои ҳастӣ доранд, бо ин фарқ, ки як бутпараст масалан, мӯътақид аст, ки Худо баъд аз ин ки ҳастиро халқ кард, тадбири ҷаҳони ҳастиро ба фариштаҳо, аҷинна, бандаҳои солеҳ вогузор кард, яъне мӯътақид аст, инҳо воситаҳое ҳастанд байни Худо ва халқи Худо. Бинобар ин, мушрикон инҳоро мепарастиданд ва аз инҳо дархости баровардани мушкилоти худро мекарданд, то инҳо ба Худо матраҳ кунанд, ки Худо хостаи онҳоро рад намекунад.
Ин бутҳое, ки мебинем мушрикҳо парастиш мекунанд, онҳо ин бутҳоро Худои офаридгор ва холиқ намедонанд, ба ҳеч ваҷҳ, ин қадр аҳмақ нестанд, ки як тикка чӯбу сангро Худо бидонанд, балки ин бутҳо ҳайкал ва муҷассамаи ба қавли худашон фариштаҳо, аҷинна ва ё афроди солеҳ ва некӯкоре ҳастанд, ки бояд онҳоро парастиш кард. Бале, ин бутҳоро парастиш мекунанд, то восита (через) шаванд байни онҳо ва байни Худо.
Аммо як мӯъмин ва як мусалмон (мусалмони воқеӣ, мусалмон аз назари Қуръон, на мусалмони тақлидӣ) ӯ Худоро на танҳо Худои холиқ ва офаридгор, балки Худои мудаббир (тадбиркунанда) низ медонад. Ӯ мисли мушрик нест, ки мӯътақид бошад Худо ҷаҳони ҳастиро офарид ва сипас канор рафт ва тадбири онро ба фариштаҳо супурд. Асосан, мушрикҳо мушрик дониста шуданд ба хотири ҳамин эътиқоди бепоя. Ҳатто касоне ҳам буданд (ва ҳастанд ҳанӯз) ҳатто дар миёни донишмандони дараҷаи аввали олам, ки мисли бутпарастҳо меандешанд, бо ин фарқ, ки агар як бутпараст гумон мекунад, Худо тадбири умури ҷаҳонро ба дасти фариштаҳо ва аҷинна ва афроди некӯкор супурда, аммо инҳо мӯътақиданд, ки Худо пас аз халқи олам, тадбири онро ба дасти худи башар вогузор кардааст. Инҳо ба унвони “дуалист” шинохта мешаванд.
Мӯъмини воқеӣ якчунин эътиқоде надорад, ин бовар бо воқеият намехонад. Яъне воқеият ва реал ин нест. Балки Худованд, ҳамон тавр ки холиқ ва офаридгори ҳастӣ аст, мудаббир ва гардонандаи он низ ҳаст. Ва ба ҳамин хотир, зоте, ки шоиста аст ибодат ва парастиш шавад, ин фақат Худост, на ғайри ӯ.
Пас, фарқи як мӯъмин бо ғайри ӯ фақат дар ин нест, ки мӯъмин ба Худо имон дорад ва ғайри ӯ ба Худо имон надорад, на, балки дар шинохт ва маърифати Худо низ ҳаст.
Бале, як нукта ҳаст, ки инҷо ҷойи тавзеҳи он нест, худаш баҳсе ҷудогона мехоҳад, фақат ба он ишора мекунам. Ва он ин ки: агар воқеият ин аст, пас фарқи як мусалмон, ки тавассул мекунад (тавассул яъне восита қарор додан, восита қарор додани ҳазрати Паёмбар (с) масалан) бо як бутпараст, дар чист? Ҷавобаш (ба сурати мухтасар) ин аст, ки бутпараст бутро парастиш мекунад, мепарастад, аммо мусалмоне, ки ба ҳазрати Паёмбар (с) тавассул меҷӯяд, ӯ ба ҳеч ваҷҳ Паёмбар (с)-ро ибодат ва парастиш накарда. (Аммо ин ки чаро тавассул ҷоиз аст, инро иншоаллоҳ дар ҷойи худаш тавзеҳ медиҳам, тавзеҳаш инҷо нест.)
2) Нуктаи дуввум ин ки: иҷобати дуои банда аз сӯйи Худо, рабте ба ин надорад, ки он банда мусалмон бошад ё ғайри мусалмон. Балки яке аз меъёрҳои он, ситамдида будан аст. Яъне агар як инсони ситамдида ва мазлум ҳарчанд мушрик ва бутпараст (то чӣ расад ба масеҳӣ ва ё яҳудӣ), Худоро дуо кунад, тибқи ривоёти мо, Худо дуои мазлумро, дуои ситамдидаро, дуои оҳкашидаеро, дуои касеро, ки ҷуз Худо касеро надорад, қабул мекунад. Дар ривоят аст, ки ҳазрати Паёмбар (с) фармоянд:
اتق دعوة المظلوم، فإنها ليس بينها وبين الله حجاب
“Аз дуои ситамдида ва мазлум бипарҳез, ки байни ӯ ва Худо пардае вуҷуд надорад.” (Ривояте бисёр маъруф аст ҳатто Бухорӣ ва Муслим низ ривояташ кардаанд.) Яъне байни як мазлум ва байни Худо пардае нест, дуои вай ва оҳи вай қатъан иҷобат мешавад.
Ва дар ривояте, ки Аҳмад аз Анас ибни Молик (р) нақл мекунад, чунин аст:
اتقوا دعوة المظلوم، وإن كان كافرا، فإنه ليس دونها حجاب
“Аз дуои мазлум ва ситамдида бипарҳезед ҳарчанд кофир бошад, зеро байни мазлум ва Худо пардае вуҷуд надорад.”
Бинобар ин, агар ин хохом воқеан мазлум бошад – ки нест, балки як золим аст – дуои ӯ агар Худо бихоҳад, иҷобат мешавад. Яъне чунин нест, ки гумон кунем, чун тараф яҳудӣ аст, Худо дуояшро иҷобат намекунад. На, чунин нест.
Аммо ин ки чаро саҳюнистҳоро золим ва ситамкорашон медонем, дар нуктаи баъдӣ тавзеҳ хоҳам дод.
3) Нуктаи севвум ин ки: ҳақиқате ҳаст, ки борҳо ёдоварӣ кардаам ва инак боз такрораш мекунам, зеро матлаби муҳимме аст. Ва он ин ки: агар мо саҳюнистҳоро накӯҳиш мекунем, золим ва ситамкорашон медонем ва онҳоро душмани худ ва балки душмани башарият мешуморем, ба хотири яҳудӣ будани онҳо нест. Инро азизон хуб мутаваҷҷеҳ бишаванд. Асосан, як қавмеро, як миллатеро ва як нажодеро, фақат ба хотири миллият ва нажодаш бад дидан ва нисбат ба ӯ нафрат доштан, ин, на танҳо аз назари шариати мо яъне шариати ислом, нодуруст ва носаҳеҳ аст, балки бо адли илоҳӣ низ созгор нест.
Балки сабаби бад шумурдани онҳо, бовари онҳо ба амрест, ки агар ин бовар дар миёни як миллати дигар ғайр аз яҳуд низ бошад, он миллат низ мисли саҳюнистҳост. Ва он, нажодгароӣ аст. Бале, агар саҳюнистҳо нописанд ва накӯҳида ҳастанд, ба ин хотир аст, ки худро чанд сару гардан аз дигарон баландтар медонанд; боварашон ин аст, ки онҳо “қавме баргузида” ҳастанд; боварашон ин аст, ки ИНСОН ва БАШАР фақат онҳо ҳастанд ва аммо бақия, ҳайвонҳои одамсурате ҳастанд, ки Худо онҳоро фақат барои хидмати қавми яҳуд офарида.
Ин омӯзаи ғайри инсонӣ бо камоли таассуф, дар шариати онҳо ҳаст; дар Талмуд аст. Бо ҳамин бовар бузург мешаванд мутаассифона! Дуруст мисли нозиҳои Олмон дар даврони Ҳитлер, ки онҳо низ нисбат ба нажоди Ориё якчунин эътиқоде доштанд. Бинобар ин, кучактарин фарқ байни Ҳитлер ва байни Натонёҳу дар ин замина вуҷуд надорад. Ин ки Ҳитлер онҳоро куштааст, ба ин хотир аст, ки онҳоро рақиби худ медонист; онҳоро музоҳими худ дар таҳқиқи аҳофаш мешумурд. Вагарна ҳар ду яке ҳастанд ва кучактарин фарқ байни онҳо вуҷуд надорад.
Дар имрӯз низ мутаассифона ин бовари хатарнок дар миёни бисёреҳо дида мешавад ва ҳатто бо камоли таассуф байни худи мо тоҷикҳо ва хеле аз эрониҳо. Инро пештар бо киноя мегуфтам, аммо алъон ошкор ва сареҳ мегӯям. Бале, боризтарин хислат ва вежагии саҳюнистҳо ва нозиҳо ва куллан нажодпарастҳо, дар миёни тоҷикҳо ва бисёре аз эрониҳо ва ҳатто бисёре аз туркҳо вуҷуд дорад, ки кучактарин фарқе аз ин назар бо саҳюнистҳо надоранд. Ин ки ту нажоди худро чанд сару гардан аз дигар нажодҳо баландтар бидонӣ, ин ки дигаронро хусусан ӯзбакҳоро душмани худ шуморӣ ва корат ҳамвора душманӣ ва адоват бо онҳо бошад; ин ки ваҳдат атрофи нажоди Ориё, меҳвари талошҳо ва сиёсатҳои ту бошад (ҳамон тавре ки бо камоли таассуф, ин сиёсати ғалатро Эмомалӣ Раҳмон пиёда мекунад), нажодгароӣ ҳамин аст; нозиҳои Олмон низ якҳамчунин эътиқоде доштанд.
Хулоса, саҳюнистҳои яҳуд айнан ба хотири ҳамин бовар, бад ва манфуранд ва ба хотири ҳамин идеулужии хатарнок аст, ки онҳоро душмани башарият мешуморем. Дар Офриқои ҷанубӣ дар қарни 20 то ҳудуди 30 сол пеш (бештар ё камтар) одамоне бо якчунин бовар ҳоким буданд; опортойд (апартеид), ки Нелсон Мондело бо онҳо мубориза бурд ва саранҷом бар онҳо пирӯз гардид. Режими опортойд фарқаш бо саҳюнистҳо дар ин аст, ки опортойд бовареро, ки саҳюнистҳо нисбат ба яҳуд доштанд ва қавми яҳудро чанд сару гардан аз дигарон баландтар мешуморанд, опортойд айни ҳамин эътиқодро нисбат ба сафедпӯстҳо дошт; онҳо дақиқан ҳамин зулму ситамҳоеро, ки имрӯза саҳюнистҳо нисбат ба фаластиниҳо мекунанд, нисбат ба сиёҳпӯстҳо мекарданд; дақиқан ҳамин ситамҳоро. Ногуфта намонад, ки Омрико ва бештари кишварҳои урупоӣ пушти режими нажодпарасти опортойд меистод ва то соли 1986 Мондело дар листи одамони терурист дар Омрико қарор дошт.
Ва мутаассифона айни ҳамин бовар ва эътиқод имрӯза дар миёни анбӯҳе аз ҳаммиҳанони мо вуҷуд дорад, яъне нажоди Ориёро чанд сару гардан аз дигар миллат ва нажодҳо баландтар донистан, ки ин, ҳамон саҳюниззм аст ва кучактарин фарқ бо он надорад.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ба расмият шинохтани давлати Фаластин тавассути Норвеж
Русия: “Ҳар лаҳза мумкин аст равобити Маскав ва Вошингтун қатъ шавад”

Матолиби пурбоздид