Пурсише дар бораи чигунагии тадриси фалсафа
Пурсишу посух
Мухотаби ин пурсиш ҷаноби Сайидюнуси Истаравшанӣ буда ва посухи эшон ҳам ба сурати комил дар зайл оварда шудааст. (Қаламонлайн)
Пурсиш: Устоди гиромӣ дар раванди тадриси фалсафа чиро пеш аз ҳама ба инобат бояд гирифт?
1) Ҳаҷми соати тадриси фалсафа барои ғайриихтисосҳо 79 соат аст, ки аз ин 32 соат барои лексия пешбинӣ шудааст. Дар ин 32 соат, ҳам таърихи фалсафа дохил мешавад ҳам қисмати назариявиаш. Кадом қисмати фалсафаро бояд бартарӣ диҳем. Таърих ё назария?
2) Дар маҷмӯи осори Абӯалӣ Сино, ки дар Тоҷикистон нашр шудааст, рисолаи “тадбири манзил”-и эшон аз хатти форсӣ-тоҷикӣ бо хатти кириллӣ-тоҷики баргардон шудааст. Дар нашри бо забони русӣ бошад, рисолаи дигараш бо номи “Рисола ас-сиёсия” аз забони арабӣ баргардон шудааст ва ҳар дуи инро як рисола медонанд. Оё “Рисола ас-сиёсия” ва “Тадбири манзил” як аст?
А.Ш.
* * *
Ва аммо посух:
Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим
Барои донишҷӯёне, ки тахассуси онҳо фалсафа нест, барои як ошноии куллӣ бо дониши фалсафа, фикр мекунам, 79 соати дарсӣ кофӣ аст. Аммо тақсими ин соатҳо, ки чанд соат барои омӯзиши таърихи фалсафа бошад ва чанд соат барои ошноӣ бо масъалаҳои ин дониш, ин дигар вобаста ба худи устод ва маҳоратҳои ӯст.
Ҳоло чӣ кор кунем, то донишҷӯ дар ин 79 соати дарсӣ, бо куллиёти дониши фалсафа ошно шавад. Бо иҷозати шумо, чанд нуктаи асосиро бароятон дар зайл ёдовар мешавам:
1) Нуктаи аввал: пеш аз ҳама, донишҷӯ бояд бо чистии фалсафа ва таърифи он ба сурати дақиқ ошно шавад. Ин хеле муҳим аст. Зеро бисёр одамҳо ҳатто устодони донишгоҳ, намедонанд, ки мавзӯи ин дониш кадом аст ва дар садади ковиш ва ҷустуҷӯи чист. Хелеҳо фикр мекунанд, фалсафа яъне печидагӯӣ ва сафсатагӯӣ аст. Агар касе чандто ҳарфи печида ва номафҳуме ба забон оварад, мегӯянд, фалсафа мегӯяд!
Ҳол, дар ин ҷо ба сурати хеле мухтасар, чистии ин донишро бароятон тавзеҳ медиҳам. Донишҷӯ низ ба ҳамин андоза бидонад, кофист. Аввал як муқаддима арз кунам.
Муқаддима ин аст: дар қадим, вожаи “фалсафа” мисли имрӯз ба як дониши махсусе гуфта намешуд, балки фалсафа ҳамаи донишҳои ақлиро (дар муқобили донишҳои нақлӣ мисли луғат, таърих, баён ва ғайра) дарбар мегирифт. Донишҳои ақлӣ ба навбаи худ бар ду қисм буданд: назарӣ ва амалӣ. Фалсафаи назарӣ яъне донишҳое, ки дар бораи ашё ончунон ки ҳастанд баҳс мекард, мисли риёзиёт, табииёт (физик, шимӣ, зистшиносӣ, ситорашиносӣ) ва ин қабил. Ва фалсафаи амалӣ он ки дар бораи афъоли инсон ончунон ки “бояд” ва “шоиста” аст баҳс мекарданд, мисли ахлоқ (бояд чунин буд ва набояд чунон шуд), илми тадбири манзил (бояд чунину чунон кард), илми сиёсат.
Хуб, дар фалсафаи назарӣ, ҳамчунин дар бораи як силсила масъалаҳои умумӣ ва куллӣ низ баҳс мекарданд, ки дар ҳеч як аз улуми дигар дар бораи онҳо баҳс намешуд, мисли ин ки ҳастӣ чист, нестӣ чист, иллият (сабабият) чист, маълулият чист ва ин ки оё ҳастӣ фақат ҳамин чизҳое аст, ки ҳис мекунем ва ё фаротар аз он аст? Баҳси офардигор низ дар ин ҷо матраҳ мешуд.
Хуб, ин дониш номи махсусе ҳам надошт, барои ҳамин, ба он мегуфтанд, “моварои табиат” яъне масоиле, ки дар рутба, баъд аз табиатшиносӣ меояд. Рафта-рафта ҳамин ном сабаби як иштибоҳ шуд ва як гумони бепояе ба вуҷуд омад ва он ин ки: фикр карданд, ин масоил масоиле аст, ки “дар берун аз табиат қарор доранд” ва ба ҳамин ҷиҳат номашро “мобаъди табиат” ва “моварои табиат” номидаанд.
Баъдҳо – хусусан баъди қарни 18 ва 19 – донишҳо, ки ба риштаҳо тақсим шуданд, ҳар илме ҷудо-ҷудо омӯхта мешуд, зеро масоили улум зиёд шуданд, як одам мисли қадим дигар қодир набуд ҳамаи улумро фаро бигирад. Файласуф дар қадим яъне ҳамачиздон, яъне касе, ки бо улуми назарӣ ва амалӣ ошност.
Ҳол, вожаи фалсафа аз ин ба баъд, фақат ба донише гуфта шуд, ки дар қадим ба он “моварои табиат” (метафизика) мегуфтанд, яъне ҳамон донише, ки сару кораш бо масоили куллӣ ва умумӣ аст.
2) Бо таваҷҷӯҳ ба он чи арз шуд, ҳоло метавон як таъриф аз дониши фалсафа ироа намуд. Ва он ин ки: фалсафа иборат аст аз: “илм ба аҳволи мавҷуд аз он ҷиҳат, ки мавҷуд аст, на аз он ҷиҳат, ки мавҷуди хосс аст масалан ҷисм аст, ё инсон аст, ё гиёҳ аст ва ғайра”.
Хуб, ин таърифро як тавзеҳ диҳам: огоҳӣ ва иттилооти мо дар бораи ашё ду гуна аст:
- Ё махсус аст (яъне, ба навъ ва ҷинси муайяне ихтисос дорад) ва ба иборати дигар, дар бораи аҳвол ва аҳкоми хосси як навъ ва ҷинси муайян баҳс мекунад, мисли илми мо ба аҳкоми ададҳо ва ё аҳкоми миқдорҳо ва ё аҳвол ва осори гиёҳон ва ё аҳвол ва осор ва аҳкоми бадани инсон ва амсоли инҳо, ки аввалиро илми ҳисоб (ё ададшиносӣ) меномем ва дуввумиро илми ҳандаса (ё миқдоршиносӣ) ва севвумиро илми гиёҳшиносӣ ва чаҳорумиро илми пизишкӣ (ё баданшиносӣ). Ва ҳамчунин соири улум аз қабили осмоншиносӣ, заминшиносӣ, маъданшиносӣ, ҳайвоншиносӣ, равоншиносӣ, ҷомеъашиносӣ, атомшиносӣ ва ғайра;
- Ва ё махсус ба навъ ва ҷинси муайяне нест, яъне мавҷуд аз он ҷиҳат, ки навъи хосс аст, он аҳвол ва аҳком ва осорро надорад, балки аз он ҷиҳат дорои он аҳком ва аҳвол ва осор аст, ки мавҷуд аст.
Ҳол, фалсафа ба маънои ҷадид, ҳамин илми дуввумӣ аст, яъне мавҷудро аз он ҷиҳат, ки мавҷуд аст, ба унвони як воҳид дар назар мегирад ва дар бораи он воҳид, ки шомили ҳама чиз аст, баҳс мекунад.
3) Ҳоло нуктаи севвум: баъд аз он ки донишҷӯ фаҳмид, ки фалсафа чист ва ба дунболи ковиш дар бораи кадом мавзӯот аст, навбати он мешавад, ки як огоҳии кӯтоҳ бо таърихчаи фалсафа дошта бошад. Ин ҷост, ки бо Суқрот, Афлотун, Арасту ва куллан фалосифаи Юнони бостон ва тақсими фалосифа ба афлотунӣ ва арастуӣ ва навафлотуниҳо ва чароии ин тақсимот ва ғайра ошноӣ пайдо мекунад. Бо Кендӣ, Форобӣ, Ибни Сино, Суҳраварӣ, Ибни Рушд, Мулло Садро ва ғайра аз фалосифаи мусалмон ва тақсимоти онҳо ба машшоиҳо ва ишроқиҳо ва ҳикмати мутаолия ва ғайра низ ошно мегардад. Дар бораи фалосифаи муосири ғарбӣ ва назариёти онҳо аз қабили Декарт, Кант, Бергсон, Маркс ва тақсимоти мухталифи онон огоҳ мешавад. Ва ҳамчунин бо фалосифаи муосири исломӣ аз қабили Абдурраҳмони Бадвӣ ва Аллома Табобатӣ, Оштиёнӣ ва ғайра дар ин ҷо ошно мешавад.
4) Баъд аз ин, ба сурати бисёр кӯтоҳ, масоили фалсафаро матраҳ мекунад аз қабили: вуҷуд ва моҳият, айнӣ ва зеҳнӣ, ҳодис ва қадим, собит ва мутағайир, иллат ва маълул, вуҷуб, имкон ва имтиноъ ва ғайра.
5) Ҳоло китоберо дар ин замина яъне дар заминаи омӯзиши куллиёти дониши фалсафа барои донишҷӯёни ғайримутахассис муаррифӣ мекунам, ки ба шакли PDF ҳам онро ба тоҷикӣ баргардон кардаам: (https://clck.ru/3NoGNy)
6) Ва аммо он чи дар робита бо “тадбири манзил” ва “илми сиёсат” фармудед, арз кунам хидмати шумо, ки инҳо дар қадим ду илм буданд, на як илм. Дар боло арз кардам, ки дар қадим фалсафа ба тамоми улуми ақлӣ гуфта мешуд ва улуми ақлӣ ба навбаи худ ё назарӣ буданд ва ё амалӣ. Ва фалсафаи амалӣ дар бораи афъоли инсон ончунон ки “бояд” ва “шоиста” аст баҳс мекарданд ва тақсим мешуд ба сето: ахлоқ (бояд чунин буд ва набояд чунон шуд), илми тадбири манзил (бояд чунину чунон кард), илми сиёсат.
Дар ҳамин китобе, ки муаррифӣ кардам, ба тафсил дар бораи ин матлаб гуфта шудааст.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн