Равиши таълиму тарбияти анбиё
Сабки зиндагӣ
Мавлоно гӯяд:
“Ҳақ Таоло эшонро (анбиёро) сиате (кушодадилие) ва ҳавсалае азим додааст, ки таҳаммул мекунанд. Аз сад кажӣ, як кажиро мегӯянд, то ӯро душвор наёяд ва боқии кажиҳояшро мепӯшонанд, балки мадҳаш мекунанд, ки он кажат рост аст, то ба тадриҷ ин кажиҳоро як-як аз ӯ дафъ мекунанд; ҳамчунон ки муаллим кӯдакеро хат омӯзад, чун ба сатр расад, кӯдак сатр менависад ва ба муаллим менамояд, пеши муаллим он ҳама каж асту бад. (Аммо) бо вай ба тариқи санъат ва мудоро мегӯяд, ки ҷумла (ҳамаи навиштаҳоят) нек аст ва некӯ набиштӣ. Аҳсант! Аҳсант! Илло ин як ҳарфро бад набиштӣ, чунин мебояд. Ва он як ҳарф ҳам бад набиштӣ. Чанд ҳарферо аз он сатр бад мегӯяд ва ба вай менамояд, ки чунин мебояд набиштан, ва боқиро таҳсин мегӯяд, то дили ӯ нарамад ва заъфи ӯ ба он таҳсин қувват мегирад ва ҳамчунон ба тадриҷ таълим мекунад ва мадад меёбад”.
(Фиҳӣ мо фиҳӣ, саҳ.205-206)
Қаламонлайн