Раиси ҷумҳури Туркия: То ин соат 912 нафар бар асари зилзила кушта шудаанд

Раиси ҷумҳури Туркия: То ин соат 912 нафар бар асари зилзила кушта шудаанд

Ахбори минтақа

Раҷаб Таййиб Урдуғон, раиси ҷумҳури Туркия пас аз ширкат дар ҷаласаи Идораи мудирияти буҳрон ва вазъияти изтирории кишвар дар Анқара дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар бораи зилзилаи бомдоди рӯзи гузашта дар устони Қаҳрамонмараш гуфт: то кунун 912 нафар аз шаҳрвандон ҷони худро аз даст дода ва 5385 нафар низ маҷрӯҳ шудаанд.

Урдуғон дар бораи талоши имдодгарон барои наҷоти афроде, ки зери вайронаҳо мондаанд низ тавзеҳ дод: то кунун 2 ҳазор ва 470 нафар аз зери вайронаҳо наҷот ёфтаанд. Ҳамчунин 2 ҳазору 818 сохтмон низ бар асари зилзила фурӯ рехтаанд.

Раисҷумҳури Туркия афзуд: дар ҳоли ҳозир 9 ҳазор тими имдодӣ дар ҳоли анҷоми амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот ҳастанд ва ин теъдод бо афроде, ки аз хориҷ ба минтақа мулҳақ хоҳанд шуд афзоиш меёбад.

Урдуғон бо баёни ин ки зилзилаи бомдоди имрӯз дар устони Қаҳрамонмараш пас аз заминларза Арзанҷон дар сол 1939 шадидтарин зилзила дар торихи Туркия аст, идома дод: 10 устондори дигар муваззаф шудаанд ба устондорони 10 устоне, ки таҳти таъсири зилзила қарор гирифтанд, кумак кунанд.

Ӯ бо таъкид бар оғози амалиёти имдод ва наҷот тавассути созмонҳои мухталифи давлати Туркия аз нахустин лаҳзаҳои вуқӯъи зилзила тасреҳ кард: давлат аз замони вуқӯъи зилзила бо тамоми ниҳодҳои худ вориди амал шуда ва ҳамаи устондориҳо бо зарфиятҳои имдодӣ ва хадамотии худ басиҷ шуданд.

Урдуғон дар бахшт дигаре аз суханон худ дар бораи омодагии кишварҳои мухталиф ба манзури кумак ба фаъолиятҳои имдод ва наҷот дар манотиқи зилзилазадаи ҷануби шарқи Туркия тавзеҳ дод: барои кумакрасониҳои байналмиллалӣ бо кишварамон иртибототи лозим барқарор шудааст. Пешниҳоди кумаки НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо ва 45 кишвари дигарро дарёфт кардем.

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ду ҳикмат
Чӣ гуна донишманд шавем?

Матолиби пурбоздид