Раиси ҷумҳури Эрон озими Қоҳира шуд
Ахбори байналмилал
Масъуди Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон, ба манзури ширкат ва суханронӣ дар 11-умин Иҷлоси сарони Гурӯҳи D8 ва низ нишасти Ғазза, Теҳронро ба мақсади Қоҳира, пойтахти Миср тарк кард.
8 кишвари бузурги исломӣ (Эрон, Туркия, Покистон, Банглодеш, Андунезӣ (Индонезия), Молезӣ (Малайзия), Миср ва Ниҷерия) мавсум ба D8, дар соли 1997 ба ибтикори марҳум Наҷмуддин Арбакон, нахуствазири вақти Туркия ташкил шуда буд ва дабирхонаи ин гурӯҳ дар Истанбули Туркия мустақар аст.
Қаламонлайн