Расонаи исроилӣ: “Яҳё Синвор дар зиндон ду китоби руасои собиқи Шобокро тарҷума карда буд”

Расонаи исроилӣ: “Яҳё Синвор дар зиндон ду китоби мутааллиқ ба руасои собиқи Шобокро тарҷума карда буд”

Ахбори байналмилал

Aljazeera

Китти Бири, раиси собиқи Созмони зиндонҳои Исроил, дар гуфтугӯ бо шабакаи 12-и ин режим эълом кард: “Яҳё Синвор, раиси Ҳамос дар навори Ғазза, ду китоб аз руасои Шобокро тарҷума карда буд.”

Ба гузориши Алҷазира, бино ба гуфтаи Бири, яке аз китобҳо мутааллиқ ба Яъқуб Бири бо унвони “Касе меояд, то туро бикушад” ва китоби дуввум барои Кирми Гилон таҳти унвони “Шобок миёни чанддастагиҳо” буд, ки дар бораи ихтилофот ва чандпорагиҳои мавҷуд дар ҷомеаи Исроил аст.

Бири дар муқобили селлуле, ки Синвор дар он нигаҳдорӣ мешуд гуфт: “Дар яке аз бозрасиҳо ва тафтишҳои ғофилгирона, китобе назди Синвор пайдо шуд, ки гумон меравад ба хатти ӯ бошад ва теъдоди сафаҳоти китоб байни 500 то 600 сафҳа дошт, вай мехост онро барои зиндониёни амниятӣ тарҷума кунад.”

Ин мақоми собиқи исроилӣ дар бораи шахсияти Синвор гуфт: “Комилан возеҳ буд, ки ӯ як раҳбари ором ва қотеъ буд ва дар чорчӯби душманро бишнос, дар ҳоли хондан ва таҳлили стратегияи фармондеҳони Шобок буд.”

Дар ҳамин иртибот, Бири пештар хостори бозгардондани асирони исроилии назди муқовамати Фаластин дар навори Ғазза ба ҳар қимате ба хонаҳояшон шуда буд.

Aljazeera

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Бозгашти контроли Ҳамос ба шимоли Ғазза баъд аз ақибнишинии Исроил
Ҳамлаи муҷаддади Омрико ва Англис ба ғарби Яман

Матолиби пурбоздид