Расонаҳои исроилӣ тасовире аз исобати мушакҳои эронӣ ба пойгоҳи ҳавоии Исроилро мунташир карданд

Расонаҳои исроилӣ аввалин тасовири моҳвораӣ аз исобати мушакҳои эронӣ ба пойгоҳи ҳавоии Исроилро мунташир карданд

Ахбори байналмилал

 Тибқи ин гузориш, тасовир нишон медиҳанд, ки ин пойгоҳ куллан ба як нимавайрона табдил шудааст

Расонаҳои мухталифи исроилӣ аввалин тасовири моҳвораӣ аз маҳалли бархӯрди мушакҳо ба пойгоҳи ҳавоии “Новатим”-ро мунташир карданд, ки ба вузуҳ исобати дақиқ ба ин пойгоҳро нишон медиҳад.

Times of Israel (расонаи давлатии исроилӣ) гузориш дод, ки ҳамлаи мушакии Эрон мунҷар ба осеби ҷиддӣ дар пойгоҳи ҳавоии “Новатим” дар саҳрои Нақаб шудааст.

Гуфтанист, Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз як давра хештандорӣ дар баробари нақзи ҳокимияти Эрон тавассути режими саҳюнистӣ, бо шиллики болиғ бар 200 мушак, ба иқдомоти Исроил дар терури шаҳид Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии Ҳамос ва сардори шаҳид Сайидаббос Нилфурӯшон ва ҳамчунин Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли шаҳиди Ҳизбуллоҳи Лубнон посух дод.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Паёми ҳушдоромези Эрон ба Омрико аз тариқи Қатар
Ҷиҳати иттилоъ

Матолиби пурбоздид