Расонаҳои олмонӣ: Ҳамлаи Исроил ба Лубнон дар ҳафтаи севвум ё чаҳоруми ин моҳ оғоз мешавад
Ахбори байналмилал
Рӯзномаи олмонии Bild: “Ҳамлаи заминии Исроил ба Лубнон дар ҳафта севвум ё чаҳоруми моҳи ҷорӣ аст”
Рӯзномаи олмонии Bild бо интишори гузорише муддаӣ шуд, ки Исроил дар тадоруки “ҳамлаи заминӣ ба Лубнон дар ҳафтаи севвум ё чаҳоруми моҳи ҷорӣ аст”.
Ин рӯзнома ба нақл аз диплумотҳои ғарбӣ навишт, ки “Исроил дар ҳоли тадорук барои иҷрои як сенарияи ифротӣ аст” ва агар Ҳизбуллоҳ амалиётҳои худ дар ҷабҳаи ҷануби Лубнонро мутаваққиф накунад, “амалиёти заминии Исроил дар Лубнон дар ҳафта севвум ё чаҳоруми июл” оғоз хоҳад шуд.
Ин дар ҳоле аст, ки Ҳизбуллоҳ Лубнон, таваққуфи амалиёт алайҳи ишғолгарони саҳюнист дар наздикии марзҳои худро ба таваққуфи ҷанг ва ҷиноят дар навор Ғазза манут кардааст ва тайи 270 рӯзи ҷангӣ, ки мегузарад, борҳо бар ин мавзӯъ таъкид кардааст.
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: