Рафтори некӯи Паёмбар(с)

Рафтори некӯи Паёмбар(с)

Ҳазрати Муҳаммад (с) дар ҳусни муошират бо ҳамсарон намуна буд. Некрафторӣ бо занонро ба ёрон ва пайравонаш тавсия ва таъкид мекард ва мегуфт:

خَيْرُكُمْ خَيْرُكُمْ لأَهْلِهِ وَأَنَا خَيْرُكُمْ لأَهْلِي

“Беҳтарини шумо касе аст, ки бо хонаводааш беҳтарин бошад ва ман беҳтарини шумо бо хонаводаам ҳастам.”

(Ибни Моҷа (1977), Тирмизӣ (3895))

 

Ҳазрати Оиша (р) мегӯяд:

مَا ضَرَبَ رَسُولُ اللهِ صلي الله عليه وسلم امْرَأَةً لَهُ قَطُّ

“Расули Худо (с) ҳаргиз даст бар сари ҳамсаре аз ҳамсарони худ барнадошта.”

(Абӯдовуд (4786), Аҳмад (24080), Ибни Ҳаббон (488))

 

Ровӣ мегӯяд, ба Оиша (р) арз кардам:

Расули Худо (с) дар хона чӣ кор мекард? Фармуд:

كان في مهنة أهله فإذا حضرت الصلاة قام إلى الصلاة

“Ӯ ҳамвора дар хидмати хонаводааш буд ва ҳамин ки вақти намоз фаро мерасид, барои намоз бармехост.”

(Бухорӣ (5692))

 

Дар ривояте дигар, ки Аҳмад нақл мекунад, Уммулмуъминин (р) дар посух фармуд:

كان يخيط ثوبه ويخصف نعله

“Расули Худо (с) худ пироҳанашро медӯхт ва кафшашро васла мезад…”

(Аҳмад (24382))

 

Ҳамчунин ҳазрати Оиша (р) мегӯяд:

كان ألين الناس وأكرم الناس وكان رجلا من رجالكم إلا أنه كان بساما

“Расули Худо (с) нармхӯтарини мардум ва гиромитарини онҳо буд, ӯ монанди ҳар марде аз мардони шумо буд бо ин тафовут, ки ӯ бассом (бисёр лабхандкунанда) буд.”

(Фатҳул-борӣ, с.476)

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Идеулужии миллӣ – 1
Одоби сухан гуфтан

Матолиби пурбоздид