Раҳбари Ансоруллоҳи Яман: “Амалиёти муштараки муқовамати Яман ва Ироқ, роҳбурдӣ аст”

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман: “Амалиёти муштараки муқовамати Яман ва Ироқ, роҳбурдӣ аст”

 “Амалиёти мо таъсироти иқтисодии равшане бар душман дорад”

Ахбори байналмилал

Alalam

Раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, бо ишора ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар навори Ғазза, таъкид кард, ки ин режим ҳеч дастоварде дар Ғазза надоштааст.

Ба гузориши Алъолам, Сайид Абдулмалик Ҳусӣ, раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман дар суханронии имрӯзи худ (панҷшанбе, 6 июн) таъкид кард: “Тайи ин ҳафта шоҳиди наздик ба 2 ҳазору 100 шаҳид ва захмӣ дар навори Ғазза бар асари ҳамалоти режими саҳюнистӣ будем. Душмани саҳюнистӣ ҷиноёти мухталифе дар Ғазза ва каронаи Бохтарӣ анҷом медиҳад ва Қудси ишғолиро ҳадаф қарор гирифтааст.”

Вай дар идома афзуд: “Саҳюнистҳо аз тариқи ишғол кардани Қудс, садҳо ҳазор фаластиниро овора карданд. Баъд аз ин иттифоқ, эҳсоси манфии шикаст дар ҷонҳо нуфуз пайдо кард ва ин муқовамат буд, ки тавонист чунин эҳсосеро аз байн бибарад.”

Саҳюнистҳо дар Ғазза; ҳамчунон бидуни дастовард

Раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман тасреҳ кард: “Баррасии ин иттифоқот бо таҳаввулоти ҳаштмоҳаи гузашта дар навори Ғазза нишон медиҳад, ки душмани саҳюнистӣ натавониста ҳеч пирӯзии амалӣ дар ин борика муҳаққақ кунад.”

Сайид Абдулмалик Ҳусӣ таъкид кард: “Омрико дар тамоми ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи миллати Фаластин шарик аст. Вошингтун мекӯшад монеъи ҳар гуна ҳаракате ба нафъи миллати Фаластин дар арсаҳои қазоӣ, сиёсӣ ва расонаӣ шавад. Ин дар ҳоле аст, ки омрикоиҳо муддаъии эҳтиром ба қонун ҳастанд, аммо дар айни ҳол алайҳи Додгоҳи кайфарии байналмилалӣ вориди амал мешаванд. Ин кишвар таҷаммӯъоти донишҷӯӣ дар ҳимоят аз миллати Фаластинро саркӯб мекунад.”

Амалиёти муштараки муқовамати Яман ва Ироқ, роҳбурдӣ аст

Вай дар идома афзуд: “Тарҳи Омрико, ба таҷовузи режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза поён намедиҳад ва боиси ақибнишинии душман аз ин минтақа ва вуруди кӯмакҳои башардӯстона намешавад. Нерӯҳои муҷоҳид дар меҳварҳои мухталифи набард дар Ғазза, ба пойдорӣ ва муқовамати худ идома медиҳанд.”

Раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман изофа кард: “Ҳудуди 50 минтақа дар Фаластини ишғолӣ оташ гирифт ва Лопид (раҳбари мухолифони саҳюнист) эълом кард, ки манотиқи шимол дар оташ месӯзад ва ҳамроҳ бо онҳо қудрати боздорандагии Исроил месӯзад. Ин эътироф ба амалиёти муассири нерӯҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон аст. Амалиёти муштарак бо нерӯҳои муқовамати исломии Ироқ муҳим, роҳбурдӣ ва рӯзафзун аст. Теъдоди амалиёти нерӯҳои мусаллаҳи Яман тайи ҳафтаи ҷорӣ ба 11 адад дар баҳри Сурх, баҳри Араб ва уқёнуси Ҳинд мерасад.”

Ҳадаф қарор додани ҳавопаймобари омрикоии Эйзенҳоуэр

Вай афзуд: “Ин амалиётҳо бо истифода аз 36 мушаки болистик ва ҳидоятшаванда ва паҳпод анҷом шуд. Яке аз таҳаввулоти муҳим, рӯнамоӣ аз сомонаи мушакии “Фаластин” буд. Яке аз муҳимтарин амалиётҳои мо ҳадаф қарор додани ҳавопаймобари омрикоии Эйзенҳоуэр дар шимоли баҳри Сурх бо ҳафт мушаки ҳидоятшаванда ва чаҳор паҳпод буд.”

Раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман тасреҳ кард: “Новҳои ҳавопаймобари омрикоӣ дар листи аҳдофи нерӯҳои мусаллаҳи Яман боқӣ хоҳанд монд ва ҳамалоти баъдӣ шадидтар хоҳад буд. Эйзенҳоуэр дар 400 километрии савоҳили Яман мустақар буд, ки ҳадаф қарор гирифт. Ин амалиёт муваффақиятомез буд ва боис шуд нови мазкур фирор карда ва масири худро тағйир диҳад.”

Раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман изофа кард: “Ба касоне, ки Омрико ба дунболи ҷазби онҳост ҳушдор медиҳем дар хидмати аҳдофи душман набошанд. Ҳар иқдоме алайҳи миллати мо бо вокуниши мутақобил рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Касоне, ки худро дар хидмати душмани саҳюнистӣ гузоштаанд, бозанда ҳастанд. Мо ҳаргиз дар баробари ҳамла ба миллатамон дастбаста нахоҳем буд. Амалиёти муштарак бо нерӯҳои муқовамати исломии Ироқ як раванди рӯ ба ҷилав аст.”

Alalam

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тасмими Испониё барои пайвастан ба парвандаи шикояти Офриқои Ҷанубӣ аз режими Исроил дар Лоҳа (Гаага)
Амалиёти муштараки артиши Яман ва муқовамати Ироқ алайҳи ду киштӣ дар бандари Ҳифо

Матолиби пурбоздид