Раҳмати густардаи Худованд
Маорифи исломӣ
Расули Акрам(с) фармуданд:
Худованд раҳмро сад қисмат карда ва наваду нӯҳ қисматро пеши худ нигаҳ дошта ва як қисматро ба замин фиристода ва ба воситаи ҳамин як қисмат, мардум бар якдигар раҳм мекунанд, то он ҷо ки асп суми худро баланд мекунад, мабодо ба фарзандони худ осебе бирасад.
(Яъне суми худро баланд кардани асп ба хотири ҳифзи фарзандонаш ҳам аз ҳамон раҳмати густардаи Худованд аст).
***
Расули Худо(с) фармуданд:
Фардо (рӯзи қиёмат) ҳамнишинони Худованд, соҳибони вараъ ва зуҳд дар ин ҷаҳонанд.
Қаламонлайн