Режим ва саломатӣ

Фарҳанг

Режим ва саломатӣ

Хонаи саломат

Гоҳе табибон барои зудтар шифо ёфтани бемор ва ё барои пешгирӣ аз бемориҳо режими ғизоии хоссеро таҷвиз мекунанд. Табибон мегӯянд, фалон хӯрокиро камтар бихӯр, зудтар хуб мешавӣ, аз фалон хӯрокӣ дурӣ кун, аз беморӣ наҷот меёбӣ. Фалон корро анҷом бидеҳ, барои зудтар шифо ёфтанат муассиру муфид аст…

Мо ҳам бад нест, гоҳе барои зиндагиамон режимҳоеро ба худамон таҷвиз кунем. Гоҳе бояд як режими хоссеро барои руҳамон ва афкорамон дошта бошем:

Режими камтар ҳирс хӯрдан.

Режими камтар ғусса хӯрдан.

Режими беандоза меҳрубон будан.

Режими бериё кумак кардан.

Режими бидуни интизор, касеро дӯст доштан.

Режими дурӣ аз афкори манфӣ.

Режими дурӣ аз рафторҳои манфӣ.

Режими мутолиа.

Режими оромиш.

Агар ин режимҳоро дуруст риоят кунед, дар як моҳ се килограм аз бемориҳоятон кам мешавад!

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дубайтиҳо
Ҳикояти малик ва дарвеши тамаъкор

Матолиби пурбоздид