Рекорди кашф ва мусодираи силоҳ дар фурудгоҳҳои Амрико, дар соли ҷорӣ

Рекорди кашф ва мусодираи силоҳ дар фурудгоҳҳои Амрико, дар соли ҷорӣ

Ахбори байналмилал

6301 – рақамест, ки дар фурудгоҳҳои Амрико ин теъдод силоҳ, дар соли 2022, аз мусофирон кашф шуда ва мусодира шудааст.

Дар маҷмуъ, дар фурудгоҳҳои Амрико, дар соли 2022, теъдоди 6301 адад силоҳи гарм, тавассути маъмурони фурудгоҳҳо, кашф шуда ва мусодира шудааст.

Бар асоси эъломи идораи Амнияти ҳамлу нақли Амрико, мизони силоҳҳои кашфшуда ва мусодирашуда дар фурудгоҳҳои ин кишвар, дар соли 2022 ба ин рақами бесобиқа расидааст. Гуфта мешавад, 88 фоизи ин силоҳҳо пур будааст.

Ин дар ҳолест, ки мусофирон дар фурудгоҳҳои ин Амрико метавонанд ба шарти холӣ будан, силоҳи гарм дошта бошанд ва онро дар чамадон бигузоранд, вале наметавонанд дар кифи дастии худ ҳамроҳ дошта бошанд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эмомалӣ Раҳмон ба Русия сафар мекунад
Ҷиноёти ғарбиён дар торих

Матолиби пурбоздид