Риояти эҳтироми ҳамсар
Ахлоқи хонавода
Эҳтиром ва эътимод ба якдигар дар зиндагии муштараки зану шавҳар, муҳимтарин асл барои ҳифзи ишқу муҳаббату меҳрубонӣ ва гармии конуни хонавода аст.
Ишқ дар замонҳо ва буҳронҳои сахт маҳву нобуд намешавад.
Ишқ дар зиндагии муштарак, фазои кофӣ барои рушди шахсиятро фароҳам мекунад, то зану шавҳар бо ҳам, ба сурати баробар бархурд кунанд.
Аз тарафе ҳам, робитаи бидуни эътимод ҳеч коромадие надорад. Вақте ба касе эътимод мекунед, дар муносибатҳоятон бо ӯ роҳаттар хоҳед буд, зеро ба ӯ эътимод кардаед. Эътимод ба эҷоди ишқ кӯмак мекунад.
Ишқ ба ин маъност, ки шумо ба ҳамон андоза, ки ба ниёзҳои шарики зиндагии худ таваҷҷӯҳ мекунед, ба ниёзҳои худ низ таваҷҷӯҳ кунед.
Барои дарёфти ишқи воқеӣ, бояд битавонед хостаҳои худхоҳонаи худро канор гузоред ва ёд бигиред, ки аз ҳаракоти фидокоронаи ҳамсаратон, ки барои шумо анҷом додааст, қадрдонӣ кунед.
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: