Роҳпаймоии рӯзи ҷаҳонии Қудс дар Покистон
Ахбори ҷаҳони ислом
Даҳҳо ҳазор покистонӣ дар рӯзи ҷаҳонии Қудс, дар ҳимоят аз мардуми Фаластин роҳпаймоӣ карданд .
Маросими рӯзи ҷаҳонии Қудс дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Покистон баргузор шуд .
Ба гузориши Садои Хуросон, дар охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон, саросари Покистон шоҳиди ҳузури пуршӯри рӯзадороне буд, ки барои маҳкум кардани Исроил ба хиёбонҳо омада буданд.
Намозгузорони покистонӣ имрӯз дар беш аз яксад шаҳри ин кишвар аз ҷумла Исломобод, Карочӣ, Лоҳур, Кувайта ва Пешовар хашму инзиҷори худро аз ҷиноёти режими саҳюнистӣ иброз карданд.