Роҳу расми зиндагӣ
Одоби ҳамсардорӣ
Сабки зиндагӣ
Бахши аввал
Дар ин навиштор, ривоятҳоеро гирд овардаем, ки дар мавзӯи чигунагии рафтор ва кирдори марду зан бо якдигар ва ҳамчунин ҳар як аз онҳо бо фарзандон ва соири инсонҳо мебошад. Бештари ин ривоётро аз китоби арзишманди “Оиладорӣ аз нигоҳи Қуръон ва суннат” нақл намудаем. Паёмбари Худо (с) фармудаанд: “Некимонтарини мардум, хушахлоқтарини онҳо ва касе, ки бо хонадонаш меҳрубонтар аст. Ман меҳрубонтарин шахс ба хонадонам ҳастам.”
Хушрафторӣ
Қуръони Карим: “Бо онон (занон) ба некӣ рафтор кунед.” (Нисо/19)
Дар ривоят аст, ки: “Мард барои идораи хона ва оилааш ба се хислат ниёз дорад, ки бояд онҳоро ба кор гирад гарчи ин хислатҳо дар табиат ва даруни ӯ набошад: хушрафторӣ, гушодадастии санҷида ва ғайрат барои номусдорӣ.”
Хушахлоқӣ
Паёмбари Худо (с): “Бо хонадон, ҳамсоягон ва касоне ки бо онон муошират ва ҳамнишинӣ дорӣ, хушахлоқ бош, то назди Худованд дар дараҷоти баланд қарор гирӣ.”
Дар Муснади Ибни Ҳанбал ба нақл аз Абӯабдуллоҳи Ҷадалӣ омадааст: “Ба Оиша (р) гуфтам: Ахлоқи Паёмбари Худо (с) бо хонаводааш чӣ гуна буд? Гуфт: Некхӯтарини мардум буд; на дашном медод ва на бадзабонӣ мекард ва на аҳли ҳаёҳу кардан дар кӯчаю бозор буд ва на бадиро бо бадӣ ҷуброн мекард, балки мебахшид ва гузашт мекард.”
Паёмбари Худо (с): “Дар рӯзи қиёмат касе аз шумо ба ман наздиктар менишинад, ки хушхӯтарини шумо бошад ва барои оилааш беҳтарин кас бошад.”
Паёмбари Худо (с): “Некимонтарини мардум, хушахлоқтарини онҳо ва касе ки бо хонадонаш меҳрубонтар аст. Ман меҳрубонтарин шахс бо хонадонам ҳастам.”
Паёмбари Худо (с): “Комилтарини мӯъминон дар имон касе аст, ки хушахлоқтарин ва бо хонаводааш меҳрубонтарин бошад.”
Дар Танбеҳул-ғофилин ба нақл аз Анас овардааст: “Аз Паёмбари Худо (с) савол шуд: кадом мӯъмин, имонаш комилтар аст? Фармуд: касе ки бо хонадонаш хушахлоқтар бошад.”
Хуб шавҳардорӣ кардан
Паёмбари Худо (с): “Ҷиҳоди зан, хуб шавҳардорӣ кардан аст.”
Дар Шуабул-имон ба нақл аз Муслим ибни Убайд овардааст: “Аз Асмоъ духтари Язиди Ансорӣ ривоят шудааст, ки вай назди Паёмбар (с), ки дар ҷамъи асҳобаш нишаста буд, омад ва гуфт: Падару модарам фидоят! Ман ба намояндагӣ аз тарафи занон назди шумо омадаам… Ба шумо мардҳо, бар мо занҳо бартариҳое дода шудааст: дар намози ҷумъа ва ҷамоат ширкат мекунед, ба аёдати беморон меравед, ташйеи ҷаноза мекунед, ҳаҷ мегузоред… Пас, эй Паёмбари Худо! Мо дар кадом подош бо шумо мардон шарик ҳастем? Паёмбар (с) рӯ ба ӯ кард ва фармуд: Эй зан! Баргард ва ба заноне, ки туро фиристодаанд эълом кун, ки некӯ ҳамсардории ҳар як аз шумо занон барои шавҳараш ва ҷалби ризояти ӯ ва мувофиқату созгорӣ бо ӯ, бо ҳамаи он аъмоле, ки барои мардон ном бурдӣ, баробарӣ мекунад.”
Дар Муснади Абӯяъло ба нақл аз Анас овардааст: “Занон назди Паёмбар (с) омаданд ва гуфтанд: Эй Паёмбари Худо! Мардон, савоби ҷиҳод дар роҳи Худоро азони худ кардаанд ва дигар амале барои мо намондааст, ки бо он, ба фазилати амали муҷоҳидони роҳи Худо бирасем! Паёмбар (с) фармуд: Кору хидмати ҳар як аз шумо дар хонааш, бо амали муҷоҳидони роҳи Худо баробарӣ мекунад.”
Паёмбари Худо (с): “Ҳеҷ зане нест, ки ҷуръаи об ба шавҳараш бинӯшонад, магар он ки ин амали ӯ барояш беҳтар аз як сол бошад, ки рӯзҳояшро рӯза бигирад ва шабҳояшро ба ибодат бигузаронад. Худованд дар ивази ҳар ҷуръае, ки ба шавҳараш менӯшонад, шаҳре дар биҳишт барояш месозад ва шаст гуноҳи ӯро меомурзад.”
Паёмбари Худо (с): “Ҳеҷ зане нест, ки бар шавҳари хеш ҷома бипӯшонад, магар он ки Худованд дар рӯзи қиёмат ҳафтод хилъати биҳиштӣ бар ӯ бипӯшонад, ки ҳар як аз он хилъатҳо монанди шақоиқи нӯъмону райҳон аст ва низ дар рӯзи қиёмат чиҳил каниз аз ҳуриёни биҳиштӣ ба ӯ дода мешавад, ки ба ӯ хидмат мекунанд.”
Меҳрубонӣ
Паёмбари Худо (с): “Аз мӯъминон он касе имонаш комилтар аст, ки хушахлоқтар ва бо аҳлаш меҳрубонтар бошад.”
Некӣ кардан
Паёмбари Худо (с): “Хонаводаи мард, асирони ӯ ҳастанд ва маҳбубтарини бандагон назди Худои азза ва ҷалла касе аст, ки ба асиронаш бештар некӣ кунад.”
Паёмбари Худо (с): “Мардум хонаводаи Худо ҳастанд. Пас, маҳбубтарини мардум назди Худо касе аст, ки ба хонаводааш некӣ кунад.”
Паёмбари Худо (с): “Комилтарини мӯъминон аз назари имон он кас аст, ки хушахлоқтар бошад ва беҳтарини шумо касе аст, ки ахлоқи ӯ бо занонаш беҳтар бошад.”
Паёмбари Худо (с): “Аз Худо битарсед! Аз Худо битарсед дар мавриди ду нотавон: ятим ва зан! Беҳтарини шумо касе аст, ки барои хонаводааш беҳтар бошад.”
Паёмбари Худо (с): “Ҷабраил (а) маро пайваста дар бораи зан васият мекард; чандон ки гумон бурдам, ки талоқ додани ӯ ҷуз дар сурати иртикоби фаҳшои ошкор раво набошад.”
Идома дорад…
Қаламонлайн