Роҳу расми зиндагӣ – II
Одоби ҳамсардорӣ
Сабки зиндагӣ
Бахши дуввум
Ёдоварӣ: Дар ин навиштор, ривоятҳоеро гирд овардаем, ки дар мавзӯи чигунагии рафтор ва кирдори марду зан бо якдигар ва ҳамчунин ҳар як аз онҳо бо фарзандон ва соири инсонҳо мебошад. Бештари ин ривоётро аз китоби арзишманди “Оиладорӣ аз нигоҳи Қуръон ва суннат” нақл намудаем.
Эҳтиром ниҳодан
Паёмбари Худо (с): “Ҳар кас ҳамсар бигирад, бояд ӯро гиромӣ бидорад.”
Паёмбари Худо (с): “Беҳтарини шумо касе аст, ки барои оилааш беҳтар бошад ва ман беҳтарини шумо барои оилаам ҳастам. Занонро касе гиромӣ намедорад, магар инсони бузургвор ва касе ба онон иҳонат намекунад, магар инсони паст.”
Паёмбари Худо (с): “Оё беҳтарин касро бароятон муаррифӣ бикунам? (Бидонед, ки) ва он кас касе аст, ки фурӯтан ва хушахлоқ бошад ва ҳаргоҳ издивоҷ кард, ҳамсарашро гиромӣ бидорад.”
*** *** ***
Мулоимат ва мудоро
Паёмбари Худо (с): “Ҳаргоҳ Худо барои оилае хайре бихоҳад, ононро дар дин доно ва огоҳ мегардонад ва мулоимат ва мӯътадил будан дар зиндагӣ ва миёнаравӣ дар корҳояшонро рӯзии онон мекунад ва кӯчаки онҳо ба бузургашон эҳтиром мениҳад ва агар барои оилае ғайр аз он бихоҳад, эшонро ба ҳоли худ раҳо мекунад.”
Паёмбари Худо (с): “Ҳаргоҳ Худо оилаеро дӯст бидорад, мудоро ва мулоиматро дохили он оила мекунад.”
Паёмбари Худо (с): “Мулоимат муборак аст ва хушунат шум. Ҳаргоҳ Худованд барои оилае хайре бихоҳад, мулоиматро вориди он оила мекунад, зеро мулоимат ҳеҷгоҳ бо ҳеҷ чиз ҳамроҳ намешавад, магар ин ки он чизро зинат мебахшад ва хушунат ҳаргиз бо чизе ҳамроҳ намешавад, магар ин ки он чизро зишт мегардонад.”
Паёмбари Худо (с): “Ҳаргоҳ Худо хайри бандагонро бихоҳад, мудоро ва эътидол дар зиндагиро рӯзии онон мекунад ва ҳаргоҳ бадии ононро бихоҳад, бетадбирӣ дар зиндагиро рӯзияшон мекунад.”
*** *** ***
Кӯмак ба зан
Паёмбари Худо (с): “Хидмати ту ба ҳамсарат, садақа аст.”
Паёмбари Худо (с): “Ҳар кас аз се кор такаббур наварзад, мӯъмини ҳақиқӣ аст: хидмат ба оила, нишастан бо фақирон ва таом хӯрдан бо хидматкораш. Ин корҳо аз нишонаҳои мӯъминоне аст, ки Худованд дар китобаш аз онон ин гуна ёд кардааст: “Инон, мӯъминон ҳақиқӣ ҳастанд.” (Анфол/4)
Паёмбари Худо (с): “Ба оилаи худ хидмат намекунад, магар инсони ростгӯ, ё шаҳид, ё марде, ки Худо хайри дунёву охиратро барои ӯ бихоҳад.”
Дар Саҳеҳи Бухорӣ овардаст: Аз ҳазрати Оиша (р) савол шуд: Паёмбар (с) дар хонааш чӣ кор мекард? Оиша (р) гуфт: Ба ҳамсараш кӯмак ва хидмат мекард ва агар вақти намоз мешуд, барои намоз аз хона берун мерафт.”
Паёмбари Худо (с): “Мард ҳаргоҳ ба ҳамсараш обе бинӯшонад, подош мебарад.”
Паёмбари Худо (с): “Ҳар нафақае, ки медиҳӣ ва бо он ризои Худоро меҷӯӣ, барояш аҷр меёбӣ, ҳатто барои луқмае, ки дар даҳони ҳамсарат мегузорӣ.”
*** *** ***
Кӯмак ба шавҳар
Паёмбари Худо (с): “Ҳар зане, ки шавҳарашро дар кори ҳаҷҷу ҷиҳод ё талаби илм кӯмак кунад, Худованд ба ӯ аз ҳамон подоше медиҳад, ки ба ҳамсари Аюб (а) додааст.”
Паёмбари Худо (с): “Ҳар зане, ки шавҳарашро ҳафт рӯз ёрӣ диҳад, Худованд ҳафт дари дӯзахро ба рӯи ӯ мебандад ва ҳафт дари биҳиштро ба рӯяш мекушояд, то аз ҳар даре, ки мехоҳад дарояд.”
Дар Муснади Ибни Ҳанбал ба нақл аз Ҳасин ибни Мӯҳсин омадааст: “Аммаи ӯ (Ибни Мӯҳсин) барои коре назди Паёмбар (с) омад ва кораш, ки анҷом шуд, Паёмбар (с) ба ӯ фармуд: Оё шавҳар дорӣ? Гуфт: Оре. Фармуд: Барои ӯ чӣ гуна ҳастӣ? Гуфт: Барои ӯ аз ҳеҷ коре кӯтоҳӣ намекунам, магар коре, ки аз тавонам хориҷ бошад. Фармуд: Эҳтиёт кун, ки бо ӯ чӣ гуна ҳастӣ, зеро ӯ дар ҳақиқат биҳишту дӯзахи туст.”
Идома дорад…
Қаламонлайн