Русияҳаросӣ дар Лаҳистон (Полша)

Русияҳаросӣ дар Лаҳистон (Полша)

Ахбори байналмилал

Медведев – раиси Шӯрои амнияти миллии Русия, бар таълиқи равобит бо Лаҳистон, ба далели талоши давлатмадорони ин кишвар бар русияҳаросӣ таъкид кард.

Дмитрий Медведев бо баёни ин ки Украина мамлув аз муздурони лаҳистонӣ аст гуфт: То замоне, ки дар Лаҳистон танҳо касоне дар қудрат ҳастанд, ки ба русияҳаросӣ машғуланд, набояд ин интизорро дошт, ки ин кишвар бо Русия иртибот дошта бошад.

Медведев афзуд: Далеле барои ҳифзи равобити диплумотик бо ин кишвар вуҷуд надорад. Украина пур аз муздурони лаҳистонист, ки бояд бераҳмона набуд шаванд.

Ин изҳорот чанд соат пеш аз он матраҳ шуд, ки Вазорати хориҷаи Русия дар вокуниш бо тасарруфи мактаби сафорати Русия дар Лаҳистон эълом кард, посухи сахте ба ин иқдом хоҳад дод.

Вазорати хориҷаи Лаҳистон (Полша) дар аввалин вокуниш нисбат ба ин ҳодиса таъкид кард, бинои мактаби сафорати Русия дар Варшава мутааллиқ ба давлати ин кишвар (Полша) аст.

Русия ин иқдомро нақзи ошкори конвенсияи 1961 Вена дар мавриди равобити диплумотик ва таҷовуз ба амволи Русия арзёбӣ кардааст.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нируи ҳавоии СПАД ташкил хоҳад шуд
Шӯри илоҳӣ

Матолиби пурбоздид