Русия: “Ҳар лаҳза мумкин аст равобити Маскав ва Вошингтун қатъ шавад”

Русия: “Ҳар лаҳза мумкин аст равобити Маскав ва Вошингтун қатъ шавад”
Ахбори байналмилал
Вазорати хориҷаи Русия бо таъкид бар он ки равобити Маскав бо Вошингтун ҳар лаҳза дар хатари қатъ шудан аст, эълом кард, ки шартбандии Омрико рӯйи маҳори Чин ва Русия иллати аслии ин бӯҳрон аст.
Ба гузориши TASS, Вазорати хориҷаи Русия дар баёнияе ба муносибати 90-умин солгарди барқарории муҷаддади равобит байни Маскав ва Вошингтун, эълом кард: “Равобит байни Русия ва Омрико ба мӯ банд аст, ки Вошингтун муққасири он аст”.
Ин вазоратхона тамоюли Вошингтун барои маҳори ҷаҳонии Маскав ва Пекинро решаи аслии “шадидтарин бӯҳрон дар равобити Русия ва Омрико” донист.
Бар асоси ин гузориш, Маскав эълом кард: “Ба далели сиёсати густурдаи русҳаросӣ, он равобит ҳар лаҳза дар хатари қатъ шудан қарор дорад. Ин интихоби Русия нест, аммо иқдомоти бепарво аз сӯйи Иёлоти Муттаҳида, ки чархи ташдидро мечархонад аз ҷумла вазифаи дуктурини таҳмили шикасти стратегӣ бар Маскав, хатари мунҷар шудан ба паёмадҳои фоҷеаборро дорад.”
Ба гуфтаи Русия, “маҳофили сиёсии Омрико ноумедона ва аҳмақона рӯйи тағйири низом ва доман задан ба ихтилофоти дохилӣ дар Русия мутамаркиз ҳастанд; пружае, ки барои он маболиғи ҳангуфте сармоягузорӣ мешавад”.
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Посух ба як шубҳа дар бораи дуо
Блинкен рӯзҳои охири худро сипарӣ мекунад

Матолиби пурбоздид