Рушанак: Тоҷикистон барои Эрон ба унвони як ҳавзаи фарҳангӣ-иҷтимоӣ ба шумор меравад

Рушанак: Тоҷикистон барои Эрон ба унвони як ҳавзаи фарҳангӣ-иҷтимоӣ ба шумор меравад

Ахбори Минтақа

Муҳаммадҳусайни Рушанак – раиси утоқи бозаргонии муштараки Эрону Тоҷикистон дар ҳамоиши Шӯрои муштараки корофаринони Эрону Тоҷикистон гуфт: Тоҷикистон барои Эрон илова бар ҳавзаи иқтисодӣ, як ҳавзаи фарҳангӣ – иҷтимоӣ низ ба шумор меравад, ин муҳим вобаста ба муштаракоти бисёр зиёди Эрон бо Тоҷикистон буда ва бояд қадри ин иштирокотро дар ростои тавсеаи таомулот донист.

Раиси утоқи бозаргонӣ ва саноати вилояти Хатлон Тоҷикистон дар ин нишаст гуфт: Ҳамкорӣ бо соҳибони саноеъ ва ширкатҳои эронӣ, бавижа Хуросони Разавӣ, дар авлавияти тавсеаи равобити ин утоқ бо бахшҳои иқтисодии Эрон қарор дорад.

Фарҳоди Расулзода, раиси утоқи бозаргонӣ ва саноати вилояти Хатлони Тоҷикистон дар ҳамоиши Шӯрои муштараки корофаринон (соҳибкорон)-и Эрону Тоҷикистон дар утоқи бозаргонии Машҳад афзуд: Утоқи бозаргонии Хатлон бо беш аз 55 утоқи бозаргонӣ аз кишварҳои дигар тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо кардааст, дар соли 2022 низ дар ҳошияи баргузории намойишгоҳе дар Бохтар тафоҳумномае миёни утоқи бозаргонии Хатлон ва Эрон бо ҳадафи рушди ҳамкориҳо имзо шуд.
Расулзода аз фаъолони иқтисодии Хуросони разавӣ ва Эрон даъват кард, то дар Намоишгоҳи байналмилаллии Бохтар, ки 24 ва 25 май дар Тоҷикистон баргузор мегардад, ширкат кунанд.
Узви ҳайати намояндагони утоқи бозаргонии Хуросони Разавӣ яке аз ҳавзаҳои муҳим дар тавсеаи таъомулоти ду кишвар, бавижа Хуросони Разавӣ ва Хатлонро бахши гардишгарӣ зикр ва баён кард: Шаҳри Душанбе ва дараи Варзоби Тоҷикистон аз ҷаззобияти фаровоне бархурдор буда ва гардишгарони эронӣ метавонанд ин манотиқро дар авлавияти сафарҳои хориҷии худ қарор диҳанд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Зеленский хитоб ба сарони араб: “Аз мардуми Украина, аз ҷумла мусалмонони он, ҳимоят кунед!”
Назари бисёр ҷолиби Энгелс дар бораи забони порсӣ дар номааш ба Моркс

Матолиби пурбоздид