Рӯзадории шахси бадахлоқ
Ривояте аз “Эҳёи улуми дин”:
Бонуи мусалмоне ҳамвора рӯза мегирифт ва ба намоз аҳаммияти бисёр медод ва ҳатто шабро бо ибодат ва муноҷот ба сар мебурд, вале бадахлоқ буд ва бо забони худ ҳамсоягонашро меозурд.
Шахсе ба маҳзари Расули Худо (с) омад ва гуфт: “Фалон зан, ҳамвора рӯза мегирад ва шабзиндадорӣ мекунад, вале бадахлоқ аст ва бо неши забонаш ҳамсоягонро меозорад.
Расули Акрам (с) фармуд: “Дар чунин зане, хайре нест ва ӯ аҳли дӯзах аст.”
(Ба нақл аз китоби “Эҳёи улуми дин”-и Имом Ғаззолӣ)
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: