Салиби Сурх: Дар Ғазза марг мардумро ҳатто дар ҷустуҷӯи ғизо таҳдид мекунад
Фоҷиаи Ғазза тавҷеҳнопазир аст
Ахбори байналмилал
Миряна Сполйарич Эггер – раиси Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, дар изҳороти равшану такондиҳандаи худ, фоҷиаи инсонӣ дар Ғаззаро берун аз ҳар меъёри пазируфташудаи ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ арзёбӣ кард ва хостори иқдоми фаврӣ ва қатъӣ барои поён додан ба он шуд.
Сполйарич таъкид кард: Ҳеч баҳона ё узре барои ончи имрӯз дар Ғазза мегузарад қобили қабул нест. Ҳаҷми ранҷи инсонӣ ва набуди ҳар гуна шараф барои мардум, аз ҳама меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии ҷаҳонӣ фаротар рафтааст.
Раиси Салиби Сурх гуфт: Бояд ба ин фоҷиа фавран ва бидуни ҳеч баҳонаи сиёсӣ поён дода шавад. Ҳар гуна таъхир, тавҷеҳ ё беэътиноӣ ба ин ҷиноятҳо, як нокомии дастаҷамъии башарият дар ҳифзи инсоният аст.
Вай таъкид кард: Фиристодани кумакҳои инсонӣ ба ҳамаи манотиқи Ғазза бояд бидуни табъиз ва монеа ба таври фаврӣ оғоз гардад.
Қаламонлайн