Салом – шиори ислом

Фарҳанг

Салом – шиори ислом

Маорифи исломӣ

“Яке дигар аз шиорҳои мо, ки боз мавриди таҳдид ва хатар қарор гирифтааст, салом аст. Ислом, барои бархӯрд кардани афрод ба якдигар, шиоре вазъ кардааст, ки аз худи ислом аст, қабл аз ислом набуда ва ибтикори худи ислом аст: салом, ассалому алайкум. Пайғамбар (с) фармуд: салом, шиори аҳли ҷаннат ва биҳишт аст, чун дар биҳишт аст, ки Қуръон –

سلامٌ عَلًیکم

– нақл кардааст. Ду нафар мусалмон вақте, ки ба якдигар мерасанд, чӣ кор бикунанд? Оё расиданашон ба якдигар, мисли расидани дуто ҳайвон бошад? Бархӯрди аввалӣ, як унвон ва титре ва як коре надошта бошад? Кулоҳҳоямонро бардорем? На! Кулоҳ бардоштан шиори ислом нест, шиори Эрон ҳам нест. Мисли чиниҳо биниҳоямонро ба ҳамдигар бимолем? Ин ҳам шиори ислом нест.

Ислом дини нотиқ ва забондор аст, бо одамӣ ҳарф мезанад. Ҳамон тавр, ки роҷеъ ба “Бисмиллоҳ” арз кардам, шумо биравед, бигардед, ман ба шумо мӯҳлат медиҳам, агар дар миёни ҳамаи шиорҳое, ки афрод ва миллатҳо дар бархӯрд бо якдигар доранд, аз салом ва ассалому алайкум шиоре пурмаънитар ва олитар ва мутараққитар пайдо кардед, ман ба шумо иҷоза медиҳам, ки дигар шумо салом накунед.

Охир чӣ аз ин олитар? Ду нафар ба ҳамдигар мерасанд, эъломи силм (сулҳ)-у салом бо якдигар мекунанд. Мегӯяд, силм (сулҳ) бар ту, саломат ва сафо барои ту орзу мекунам. Ин эъломи сулҳ ва сафост аз як назар. Ислом дини сафо ва сулҳ ва хайр аст, дини ухувват ва бародарӣ аст. Ба ҳамдигар, ки мерасем, салом мекунем, яъне ман бародари ту ҳастам ва ту бародари ман ҳастӣ ва ман барои бародари худам орзу мекунам – таъбири орзу ҳам ғалат аст, дуо мекунам, орзуи мусалмон дуост – ман барои ту орзу мекунам ва дуо мекунам, саломат ва тандурустиро; саломати руҳӣ, саломати иҷтимоъӣ, саломати ҷисмӣ, анвоъи саломатҳоро…”

(Муртазо Мутаҳҳарӣ; Понздаҳ гуфтор)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Боздошти ду низомии исроилӣ ба иттиҳоми ҷосусӣ барои Эрон
Бобоҷон Ғафуров

Матолиби пурбоздид