Сарони Исроил дучори бемории равонӣ ва бемории ахлоқӣ шудаанд
Таҳлиле аз Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм
Ҳар чӣ қадр, ки ҷанг тӯлонӣ шавад, хасоратҳои равонӣ ва низомии Исроил ҳам афзоиш меёбад. Бародарони шумо дар навори Ғазза воқеан муқовамати бисёр сарсахтонае мекунанд ва Омрико ҳам, ки дар ин ҷанг гирифтор шуда ва шарики аслии ин ҷиноятҳост, хасорат мебинад. Хасоратҳои Омрико бузург аст.
Исроилиҳо мегӯянд, мо бар навори Ғазза тасаллут ёфтем ва нерӯҳои мо дар навори Ғазза ҳастанд.
Ин мушакҳо аз куҷо шиллик мешавад? Имрӯз ду бор Телавивро бо мушак ҳадаф қарор доданд ва бархе шаҳракнишинон дар Телавив захмӣ шуданд ва бархе манотиқ дучори оташсӯзӣ шуд. Як фурудгоҳ ҳам таътил шуд. Чӣ гуна исроилиҳо мегӯянд, мо тасаллут ёфтем ва пирӯз шудем? Мани Абдулборӣ Атвон ин суханро намегӯям, таҳлилгари низомии рӯзномаи исроилии Едиот Аҳоронот эълом кард, Исроил ду моҳ пас аз бомбборони Ғазза ва ишғоли он, ҳанӯз як муваффақияти роҳбурдӣ ҳам ба даст наёвардааст. Шояд онҳо дар бархе токтикҳо пирӯз шуданд, аммо ҳеч як аз аҳдофе, ки ба сабаби он вориди ҷанг шуданд, муҳаққақ наёфтааст.
Онҳо мехоҳанд, ҷунбиши Ҳамосро тазъиф кунанд ва мехоҳанд ин ҷунбишро нобуд кунанд, аммо ба ҳеч унвон натавонистанд. Ҷунбиши Ҳамос вуҷуд дорад, ҷунбиши Ҷиҳоди Исломӣ вуҷуд дорад ва асирон ҳам зери замин вуҷуд доранд.
Онҳо (исроилиҳо) бештар аз ҷунбиши Ҳамос, ки замоне мегуфтанд, асиронро ба қатл мерасонад, барои асирон хатарнок шудаанд. Яке аз асирони исроилӣ гуфт, ман аз бомбборони Исроил хеле бештар аз ҷунбиши Ҳамос, тарси ҷони худро доштам, чун онҳо бо хубӣ ва инсондӯстона бо мо таъомул карданд.
Ин нишонаи чист? Ин нишон медиҳад, ки душман дастпоча шудааст ва наметавонд. Ҳамчунин нишон медиҳад душман қудрат надорад ва шикаст хӯрдааст.
Агар шумо бар навори Ғазза ва шимоли он тасаллут ёфтаед, пас чӣ тавр намедонед ин мушакҳо аз шимоли навори Ғазза ё ҷануб ва ё маркази он шиллик мешаванд? Ин ҳама қудрат ва дастгоҳҳои ҷосусӣ ва моҳвора шикасти ошкоре хӯрдаанд. Онҳо ягони заминии исроилӣ барои озодсозии асирон эъзом карданд. Чун иттилооте ба даст оварданд, ки асирон вуҷуд доранд. Чӣ иттифоқе афтод? Онҳо дар доми ҷунбиши Ҳамос гирифтор шуданд ва Ҳамос бо қудрат бархӯрд кард. Онҳо шуморе ҳавопаймо ҳам барои ҳимоят аз ин ягон эъзом карданд, то битавонанд фирор кунанд ва кушташудагони исроилиро берун оваранд.
Ин нишон медиҳад, ки муқовамат на фақат қудратманд ва шуҷоъ аст, балки нишон медиҳад муқовамат аз фанноварии пешрафта ва барномарезии дуруст бархӯрдор аст.
Се раҳбари муҳимми ҷунбиши Ҳамос дар навори Ғазза ҳанӯз ҳузур доранд ва бо сарсахтӣ ин набардро бо барномарезии олӣ идора мекунанд. Ин се нафар чӣ касоне ҳастанд? Яке аз онҳо Яҳё Синвор (Абӯиброҳим), раҳбари Ҳамос дар навори Ғазза аст ва дигаре Марвон Исо, бозуи рости Синвор ва нафари севвум Муҳаммад Зайф, бозуи чапи ӯ ва раиси гурдонҳои Қассом аст, ки муҷаҳҳаз кардани ин гурдон бо силоҳ ва сохтор ва амалиёти онро муҳандисӣ кард. Ин нишон медиҳад ҳамаи изҳороти Омрико ва Исроил маҳкум ба шикаст аст ва ҳар андоза, ки муддати ҷанг тӯлонӣ шавад, хасоратҳо ва зиёнҳо ҳам афзоиш меёбад. Хасоратҳои руҳӣ ва равонӣ барои ман аҳаммияти бештаре дорад. Ин ба маънои он аст, ки ҳамаи аркони Исроил аз қудрати боздорандагӣ ва амният гирифта то сабот ва иқтисод дучори фурӯпошӣ шудааст. Ин таҳаввули бисёр муҳим аст. Муқовамат (дар Ғазза) то ба ин лаҳза, аслан чизи оддӣ нест. Исроил акнун, ақл ва бартарӣ (-и низомӣ)-и худро аз даст додааст ва наметавонад барномарезӣ кунад.
Ба Худо қасам, айб ва ор аст, ки асирон ва афроди ғайринизомиро меоваранд ва либос аз тани онҳо берун мекунанд ва бо либоси зер асиронро муқобили дурбинҳо намоиш медиҳанд. Оё давлати мӯҳтараме вуҷуд дорад, ки чунин коре кунад? Кишварҳои мӯҳтарам ҳаргиз чунин коре намекунанд ва ин нишонаи шикаст аст. Онҳо масҷиди Ал-умариро, ки масҷиди таърихӣ дар навори Ғазза аст, бомбборон карданд. Пеш аз он ҳам калисои таърихии котуликҳоро бо садҳо сол қидмат дар навори Ғазза бомбборон карданд. Оё ин рафторҳо мантиқӣ аст? Сарони Исроил, афроди беморе ҳастанд. Онҳо бемори равонӣ ва бемори ахлоқӣ ҳастанд ва аз назари ақлӣ мушкил доранд.
Мавзӯъи дигаре, ки мехоҳам дар бораи он сухан бигӯям, ин аст, ки Ташкилоти худгардони Фаластин мегӯяд, мо танҳо намояндаи қонунии мардуми Фаластин ҳастем ва мо машрӯъияти фаластиниро дорем ва ба намояндагӣ аз ин миллат сухан мегӯем. Аз он тараф Маҳмуд ал-Ҳабош, ки мушовири аршади Маҳмуд Аббос аст, мегӯяд, дар ҳамаи дидорҳои Аббос ва гуфтугӯҳои телефонии ӯ бо раҳбарони хориҷӣ ва урупоӣ ва дар гуфтугӯ бо бархе масъулони омрикоӣ ҳамеша таъкид кардааст, ки Ҳамос, манбаъ ва омили таниш аст ва ин ҷунбиш масъули рӯйдодҳои навори Ғазза аст. Ӯ мегӯяд, Ҳамос боиси ҳамаи ин мушкилот шуда ва дар ҳеч як аз амалиёти низомии худ, намояндаи миллати Фаластин нест.
Инки намояндаи миллати Фаластин аст, аз Исроил дифоъ ва иқдомоти онро тавҷеҳ ва гурӯҳҳоеро маҳкум мекунад, ки аз навори Ғазза ва мардуми он дифоъ мекунанд ва пирӯзиҳои таърихӣ ва бесобиқаеро дар таърихи 75-солаи давлати Исроил муҳаққақ месозанд. Онҳо ҳамаи ин пирӯзиҳоро нодида мегирад ва ҳамаи дастовардҳо ва эътиборро ба Исроил ироа мекунад ва аз он тараф, ҷунбиши Ҳамосро маҳкум мекунад. Ин чӣ гуна мантиқе аст? Аз он бадтар ин аст, ки мегӯянд, Ташкилоти худгардони Фаластин омодаи идора кардани навори Ғазза аст ва нерӯҳои амниятии ин ташкилот, ки 60 ҳазор нафар ҳастанд, омодаанд бо ҳамоҳангии амниятӣ, амниятро дар навори Ғазза барқарор ва дар онҷо ҳукумат кунанд.
Чӣ гуна чунин суханеро мегӯед ва Исроилро тавҷеҳ мекунед ва мехоҳед бар фаластиниён ҳукумат кунед? Мехоҳед бар мардуме, ки дастикам 20 ҳазор шаҳид тақдим карданд ва гуфтанд, онҳо фидои Фаластин шуданд, ҳукумат кунед? Шумо мехоҳед бар навори Ғазза ба ҳамон шевае, ки бар каронаи Бохтарии рӯди Ӯрдун ҳукумат кардаед, ҳукумат кунед? Онҷо фақат саркӯб, қатл, фасод, ҷосусӣ ва муқобила бо муқовамат аст. Урдугоҳи Ҷинин канори шумост, аммо барои муҳофизат ва ҳимоят аз мардуми онҷо ҳеч иқдоме накардед. Дар Тулкарм, Ноблус, Алхалил ва ҳеч ҷойи дигар дар карона иқдом накардед. Чӣ гуна мехоҳед ҳукумат кунед? Шумо метавонед каронаи Бохтарии рӯди Ӯрдунро идора кунед? Оё аз барпоии як шаҳрак тавонистед, ҷилавгирӣ кунед? Оё шумо то кунун аз ҳамла ба мардуми Фаластин ва урдугоҳҳои фаластинӣ дар каронаи Бохтарӣ ҷилавгирӣ кардаед?
Ба Худо қасам, ин як мусибат аст. Ба назари ман, Ташкилоти худгардон ва Созмони озодибахши Фаластин бояд соқит шаванд. Ташкилоти худгардон ва Созмони озодибахш бо сохтори кунунии худ ба ҳеч унвон намояндаи мардуми Фаластин нестанд. Касе намояндаи миллати Фаластин аст, ки барои ҳифзи ҷони мардуми Фаластин набард ва аз онҳо ҳимоят мекунад. Касе намояндаи мардуми Фаластин аст, ки бо қудрат тавофуқномаҳоеро, ки имзо кардааст, бар ҳукумати ишғолгарон таҳмил мекунад.
Масъалаи дигаре, ки мехоҳам дар бора он сӯҳбат кунам, ин аст, ки рӯйдодҳои кунунии навори Ғазза боиси танишҳои минтақаӣ дар Ховари Миёна шудааст. Сафорати Омрико дар Бағдодро дар минтақаи “Сабз” ҳадафи ҳамла қарор доданд. Омрикоиҳо шумо 6 ҳазор триллион доллар дар Ироқ зиён кардед, то Ироқро ба кишваре табдил кунед, ки тибқи хостаи Омрико ҳаракат кунад. Сафорати Омрикоро ҳадаф қарор доданд ва беш аз 76 ҳамла ба пойгоҳҳои омрикоӣ дар Ироқ анҷом шуд. Хостед Ироқро монанди Исроил бикунед? Бубинед, чӣ шуд? Ба пойгоҳҳои Омрико дар Сурия ҳам ҳамла шуд ва ҳамалоти бештаре ҳам дар роҳ аст. Инҳо ҳама таниш аст.
Сухани худро бо Яман ба поён мерасонам. Мардуми Яман мояи сарбаландӣ ҳастанд. Женерол Муҳаммад Носир ал-Қатифӣ, вазири дифоъи давлати Санъо гуфт, истифода аз баҳри Сурх аз халиҷи Ақаба дар шимол то Бобулмандиб барои режими саҳюнистӣ мамнӯъ аст. Исроил ва Омрико бозандагони аслии ҷанг дар навори Ғазза ҳастанд.