Сафари расмии президенти “Исроил” ба Баҳрайн таҳти ҳимояти шадид

Сафари расмии президенти “Исроил” ба Баҳрайн таҳти ҳимояти шадид

Ахбори ҷаҳон

Сафари расмии президенти “Исроил” ба Баҳрайн таҳти ҳимояти шадиди амниятӣ сурат гирифт.

Исҳоқ Ҳертзуг – президенти “Исроил” имрӯз якшанбе, 4-декабр, бо истиқболи вазири хориҷаи Баҳрайн ва ҳузури горди низомӣ ва таҳти ҳифозати шадиди амниятӣ, вориди Манома – пойтахти Баҳрайн шуд.

Ҳертзуг дар ҳоле вориди Баҳрайн шуд, ки ин кишвар чандин рӯз аст, ба саҳнаи эътирозот ва тазоҳуроти зиддисаҳюнистӣ ва зиддиисроилӣ табдил шудааст.

Агарчӣ ин дидор ба унвони як дидори расмӣ унвон шудааст, аммо ба далели эътирозоти мардумӣ ба хотири вуруди Ҳертзуг ба Баҳрайн, ҷадвали замонӣ ва барномаҳои сафарии ӯ тағйир кардааст.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оё низоми демукротик дар ҳоли фурупошист?
Нишасти иқтисодии намояндагони Эрон ва Тоҷикистон баргузор мешавад

Матолиби пурбоздид