Сегафредо – III
Салими Аюбзод
Бахши севвум
Модарамро дар таомхона ёфтам. Ҳарчанд хоҳаронам ва занони ҳамсоя он ҷо буданду ҳама ба пухтупаз машғул, бо овози баланд ба модарам гуфтам:
– Нест шавад, нест шавад! Намехоҳам! Ман ин духтарро намехоҳам. Ин як кори ношуданист! Вай одам дорад. Вай намехоҳад. Барад духтарашро!..
Модарам, ки дар сари суфра нишаста буд ва завола мегирифт, даст аз рӯйи корсони хамир набардошта, ба ман нигарист ва нигоҳаш пур аз ҳайрату даступохӯрдагӣ буд. Хоҳари калониям дар наздики танӯр, рафида дар даст шах шуд, дар ҳоле ки аз рӯйи рафидаи каҷрафта заволаи нонаш поён мехамид. Холаам дар сари оташдон буд ва гоҳ ба ману гоҳ ба модарам нигаҳҳои тез мепартофт.
Берун давидам ва ҳарчанд хаёлам, модарам аз думболам баромаду маро фарёд зад, наистода, ба пас нанигариста, ҷониби Ғори Морон давидам. Бигзор имшаб тӯъмаи морон шавам…
Он гуфтугӯи сари чашма охирин дидори ман бо Меҳрӣ буд. Ман ду шаби охирро дар ғор рӯз кардам ва замоне ба хона баргаштам, ки Меҳрӣ ва падару модараш рафта буданд. Маро хуб кофтаанд, вале касе фикр накардааст, ки ман ба Ғори Морон меравам.
Хонаи мо мотамсаро буд. Ман ин шикасти покию озодагиро дигар ҳаргиз фаромӯш карда натавонистам. Чанд моҳи аввал ҳар шаб Меҳриро дар хоб медидам ва ин дидор ҳам алами маро дучанд мекарду ҳам дардамро сабук. Вале алам бештар буд ва фиғон мекашидам, ки ҳатто шабҳо аз дасти ӯ оромӣ надорам. Рӯзона ҳама чизи атрофам ӯро ба ёди ман меовард. Ман дигар сари қалъачаи кӯҳна ва чашма намерафтам ва дигар наметавонистам ба панҷараи болохона нигоҳ кунам ва ҳатто ба болохона бароям. Баъдҳо андак-андак дилам аз ёдҳо тоза шуд. Мисли ин буд, ки симои ӯро аз дилам кандаву ба дур афканда будам. Аниқтараш диламро аз қафаси сина канда будам ва дигар ба ҳеҷ чиз эътибор намедодам. Дил нест, эҳсосот ҳам нест…
– Расидем. Ин меҳмонхонаи туст. – Садои Меҳрӣ аз дури дуриҳо ба гӯшам омад. Дақиқтараш мисли раъде буд, ки аз кадом гӯшаи дури осмон мунфаҷир шуда, бо зерубамҳо ба самти кас меояд ва бо худ ваҳму ҳаросу ваҳшат меорад.
Вай мошинро боздошта буд ва ба ман нигоҳ намекард. Ногаҳон ба ёдам расид, ки вай барои ман дар меҳмонхона ҷой гирифтааст. Вожаҳое аз ҳиссиёти пойдору нопойдор, бешазори сиёҳи беохир ва монанди инҳо дар зеҳнам гирд гаштанд.
Ман дарро боз кардам. Сукути сангину дилтангкунанда мисли лойқаи ғализи ботлоқ аз дари бози мошин ба берун рехт.
Ҷомадони хурдакаки худро, ки бо мағзу донакшӯрак ва китобҳои фарсудаи дарунаш ба чашмам бисёр ғарибона намудор шуд, аз бордони мошин гирифтам.
Меҳрӣ ба наздам омад ва дар дурахши чароғҳои рангоранги хиёбони Лондон дидам, ки чашмонаш пуробанд. Ё шояд ба назари ман ҳамин гуна пайдо шуд.
Мо вориди долони рӯшану гарми меҳмонсаро шудем. Нав аз дари чархгардони шишагӣ даромада будем, ки ман беихтиёр ҷомадончаамро рӯйи фарш ҳаво додам. Қулфаки зангзадааш шикаст ва ё боз шуд, ки либосу қоғаз, китобҳову пиставу мағзу донакшӯрак дар рӯйи қолини алвон ва фарши мармарӣ ба ҳар сӯ пош хӯрданд.
Меҳрӣ ҳайратзада ба ман нигарист. Аз китфонаш гирифтам ва бо фиғону алам пурсидам:
– Пас ту хушбахт шудӣ?! Ба муродат расидӣ?! Сегафредои зард чӣ тур аст? Ба сафар рафта?! Ёдаш намекунӣ акнун? Натавонистӣ, миёни ману вай интихоб кунӣ? Албатта, ман кӣ будам ва ё чӣ будам дар баробари вай. Ту фақат шикастани дилро медонӣ. Ман интизори паёмат будам, ки агар паёме ҳаст, умеде ҳаст. Аммо туро дилат ба Сегафредо об шуда буд…
Лаҳзае чашмони нозанини вай пур аз шигифтии кӯдакона шуданд. Дар ҳоле ки паёпай мижгон ба ҳам мезад, гуфт:
– К…к…кадом Сегафредо? Ту чиҳо мегӯӣ?
– Оне ки гуфтӣ мурданивор дӯсташ медорӣ. Гуфтӣ, кай бошад, ба наздаш баргардӣ.
Чашмҳои олуӣ ва дурахшдори ӯ саршор аз тааҷҷуб ва тарс буданд. Ман дар онҳо маҷрои фикри ӯро медидам. Ногаҳон ин ифода нопадид гашт. Меҳрӣ дастҳои маро аз китфҳояш дур кард ва қаҳ-қоҳ хандид. Айнан мисли ҳафт сол пеш дар ҳавлии қалъачаи кӯҳна. Бо овози баланд хандид. Аҷаб хандае. Ҳайрат, тарс, дард, ашк ва ҳамзамон – ханда.
Дар ҳоле ки пешхидматҳои меҳмонсаро омада буданду бору колои парешони маро аз рӯйи фарши мармарии меҳмонхона меғундоштанд, Меҳрӣ миёни хандаи гиряолуд гуфт:
– Гӯл, Сегафредое, ки мегӯӣ, номи қаҳва аст. Номи шавҳари ман – Камол… Камолиддин.
Чашмам ба лавҳае афтод, ки дар пушти сари аз ханда таконхӯрандаи Меҳрӣ рӯшанӣ мекард: Segafredo!..
Салими Аюбзод
Бристол, ИМА, сентябри 2000
Қаламонлайн