Се шарти Ҳаниа барои баррасии ҷиддии пешниҳодоти оташбас

Се шарти Ҳаниа барои баррасии ҷиддии пешниҳодоти оташбас

Ахбори байналмилал

Alalam

Раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос) эълом кард, ки ин ҷунбиш ва соири гурӯҳҳои муқовамати Фаластин, ба ҳар тавофуқе, ки мубтанӣ бар “таваққуфи таҷовуз ва ақибнишинии комили режими саҳюнистӣ аз навори Ғазза ва табодули асирон” бошад, бо ҷиддият ва диди мусбат нигоҳ хоҳад кард.

Ба гузориши Алъолам, Исмоил Ҳаниа дар баёнияе дар ин бора эълом кард: “Ҷунбиши Ҳамос, бо ин дидгоҳ, ки баёнгари иродаи миллати Фаластин ва муқовамати он аст, дар ҳоли мудирияти музокирот аст.”

Раиси дафтари сиёсии Ҳамос бо ишора ба урдукашии шаҳракнишинони саҳюнист дар Байтулмуқаддас таъкид кард: “Гарданкашии саҳюнистҳо дар Байтулмуқаддас нишондиҳандаи он аст, ки ин шаҳри муқаддас, меҳвар ва маркази таниш ва рӯёрӯиҳост.”

Исмоил Ҳаниа тасреҳ кард: “Миллати Фаластин то замони хуруҷи ишғолгарон аз сарзаминашон ва барпоии кишвари мустақилли Фаластин ба пойтахтии Қудси Шариф, аз мубориза даст барнахоҳад дошт.”

Гуфтанист, 2 рӯз пеш низ ҷунбиши Ҳамос дар баёнияе бо баёни ин ки режими Исроил иродаи сиёсӣ барои музокира ва дастёбӣ ба тавофуқро надорад, таъкид кард: “Фақат бо пешниҳодҳое, ки шомили оташбаси доим, ақибнишинии Исроил аз Ғазза ва бозгашти оворагон бошад, мувофиқат хоҳем кард.”

Ин ҷунбиш бо баёни ин ки тарҳи пешниҳодии Ҷо Бойден, раисиҷумҳури Омрико барои тавофуқи оташбас тафовути зиёде бо тарҳи пешниҳодӣ надорад, ки ин ҷунбиш қаблан мувофиқати худро бо он эълом карда буд, гуфт: “Мо ба пешниҳоди Бойден ба шакли мусбат нигоҳ мекунем ва дар марҳилаи баррасии он қарор дорем ва ба зудӣ ба он посух хоҳем дод.”

Пас аз гузашти беш аз ҳафт моҳ аз таҷовузи бидуни натиҷа ва дастоварди режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза, ин режим рӯз ба рӯз бештар дар бӯҳронҳои дохилӣ ва хориҷии худ фурӯ меравад.

Режими саҳюнисти тайи ин муддат дастоварде ғайр аз ҷиноят, қатли ом, вайронӣ, ҷиноятҳои ҷангӣ, нақзи қавонини байналмилалӣ, бомбборони ниҳодҳои имдодрасон ва қаҳтӣ ва гуруснагӣ дар ин минтақа надоштааст.

Режими Исроил ин ҷангро бидуни дар назар гирифтани ҳар дастоварде дар оянда, бохта ва ҳатто пас аз ҳафт моҳ натавониста гурӯҳҳои муқоваматро дар як минтақаи кӯчак, ки солҳо дар муҳосира аст, ба таслим водорад ва ҳамроҳии афкори умумии ҷаҳониро ба хотири иртикоби ҷиноятҳои ошкор дар Ғазза, аз даст додааст.

Alalam

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Шикасти иттилоотӣ ва амниятии дигар барои саҳюнистҳо
Ҳамлаи Ҳизбуллоҳ ба “Гунбади оҳанин”

Матолиби пурбоздид