Се ҳафта монда ба интихоботи риёсати ҷумҳурӣ

Таҳлили хабарӣ
Се ҳафта монда ба интихоботи риёсати ҷумҳурӣ
Дар Туркия чӣ хабар аст?
“Се ҳафта то интихоботи порлумонӣ ва риёсати ҷумҳурӣ дар Туркия боқӣ мондааст. Бархе мегӯянд, интихоботи пеши рӯ муҳимтарин интихобот дар 20 соли гузашта дар Туркия аст, бархе, ки изтироби бештаре доранд, онро муҳимтарин интихобот дар 100 соли ахири Ҷумҳурии Туркия тавсиф мекунанд…”
Гузориши таҳлилӣ аз Фотима Каримхон дар рӯзномаи “Эътимод”
Тасвири Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия ва рақибони интихоботиаш рӯйи тоблуҳои таблиғотӣ аст ва парчамҳое бо тасвири сурати ӯ ё нишони ҳизбаш – Адолат ва тавсиа аз васати хиёбонҳое, ки “маҳаллаи ҳизб” маҳсуб мешавад овезон аст. Дар маҳаллаҳое, ки аҳзоби дигар аз ҷумла мухолифони Ардуғон раъй ва пойгоҳи бештаре доранд, тасовири рақиби Ардуғон ва раҳбарони аҳзоби мухолифи ӯ, бештар рӯйи деворҳо ва камтар рӯйи тоблуҳои таблиғотӣ дида мешавад.
Се ҳафта то интихоботи порлумонӣ ва риёсати ҷумҳурӣ дар Туркия боқӣ мондааст. Бархе мегӯянд, интихоботи пеши рӯ муҳимтарин интихобот дар 20 соли гузашта дар Туркия аст, бархе, ки изтироби бештаре доранд, онро муҳимтарин интихобот дар 100 соли ахири Ҷумҳурии Туркия тавсиф мекунанд. Иддае – ҳарчанд камшумор – мӯътақид ҳастанд, ки ин бор дигар “поёни Ардуғон” аст, иддаи бештаре аммо ба хушбиниҳои шикасти Ҳизби Ардуғон ва канорагирии ӯ аз қудрате, ки ҳоло дар остонаи 20-солагӣ аст, бо шакку тардид нигоҳ мекунанд.
Танҳо дар як ҳафтаи гузашта се хабар аз ҳамла ба дафотири Ҳизби адолат ва тавсиа дар ду ҷуғрофиёи мухталиф, аз ҷумла як ҳамлаи мусаллаҳона дар Истанбул, гузориш шудааст. Бисёре ба ин гузоришҳо ҳам бо шакку тардид нигоҳ мекунанд, аммо ҳатто агар теорияҳои тавтиа, ки ҳамалот ба дафотири Ҳизби адолат ва тавсиаро “кори худашон” медонад ҳам маҳалле аз эъроб надошта бошад, ба назар мерасад ин ҳамалот тасдиқе бар нигаронии умумӣ аз эҳтимоли вуруд ба як давраи тоза аз чолишҳои ба хусус амниятӣ ва нооромии сиёсӣ дар сурати адами тасбити Ардуғон дар қудрат бошад.
Дар як гурӯҳи кучак аз донишҷӯён ва фаъолон, занон дар қаҳвахонае дар яке аз маҳаллоти Истанбул ҷамъ шудаанд, то аз интихобот ҳарф бизананд. Зайнаб, зани 30-ю чанд солае, ки худашро фаъоли ҳуқуқи занон муаррифӣ мекунад, аз ҷумлаи касоне аст, ки ба шикасти Ардуғон дар интихоботи пеши рӯ бисёр умедвор аст. Ӯ мӯътақид аст, ки “исломистҳо” дар баробари “камолистҳо” кишварро ба самти диктотурӣ пеш бурдаанд.
Аммо аъзои дигари гурӯҳ, се марди ҷавон ва як марди миёнсол, ки ба номи Камол, ки дар Донишгоҳи Истанбул кор мекунад, бар ин гузора таъкид доранд, ки “Туркия ба рағми ин ки Ардуғон тайи 20 соли гузашта қудратро дар ин кишвар дар даст доштааст ҳанӯз демукросӣ аст”. Дифоъ аз ин идея, ки Ардуғон қудратро ба сурати демукротик дар даст дорад, чандон камёб нест.
Туркия ба рағми ин ки яке аз бузургтарин зиндонҳо барои рӯзноманигорон аст ва раҳбарони бархе аҳзоб ба вежа аҳзоби курди он бо маҳдудиятҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ ҳастанд ва гоҳе ба зиндон рафту омад мекунанд ва барандагони интихоботи шаҳрдорӣ дар он ба хусус вақте аз аҳзоби мухолифи ҳизби ҳоким бошанд, бо иттиҳомҳои молӣ ба зиндон мераванд ё аз кори сиёсӣ маҳрум мешаванд, ҳамчунон озодии нисбӣ барои фаъолияти сиёсиро ба расмият мешиносад. Сохтори ҳизбӣ ва интихоботӣ дорад ва матбуоти он ба муҷаввиз пеш аз интишор ниёз надоранд.
Чӣ Туркияи имрӯзро демукросӣ дар назар бигирем, чӣ онро дар масири ҳаракат ба самти тамомиятхоҳӣ бидонем, чӣ интихоботи пеши рӯро аз пеш танзимшуда дар назар бигирем, чӣ онро муҳимтарин тасмимгирии сиёсӣ пеши рӯйи мардуми Туркия дар 10, 20 ё ҳатто 100 соли гузашта бидонем, фазои интихоботӣ дар Туркия ва он чи дар се ҳафтаи оянда дар ин кишвар рух медиҳад, таъсири қобили мулоҳизае бар минтақа ва ҳамин тавр бар Эрон хоҳад дошт.
Дар ҳоле, ки бисёре бо истифода аз лафзи “исломист” Ардуғонро таҳқир мекунанд ва ӯро боиси тарвиҷи сиёсатҳои зидди зан, бӯҳрони иқтисодӣ, бӯҳронҳои сиёсии мутааддид, адами пойбандӣ ба раъй ва хости мардум ва ҳамин тавр ифтизоҳ дар кӯмакрасонӣ ба зилзилазадагони ин кишвар медонанд, рақиби Ардуғон ҳам навиди таъомули бештар бо кишварҳои ҳамсоя ва кӯмак ба ҳалли чолишҳои минтақаиро намекунад, ба хусус, ки рақиби Ардуғон дар интихоботи пеши рӯ ҳамон тавр, ки интизор меравад ҳомии Озарбойҷон дар даъвои байни Озарбойҷон ва Арманистон аст ва давлати Арманистонро муттаҳам ба ишғоли хоки Озарбойҷон кардааст ва ҳарчанд, ки аз ҳомиёни шаклгирии “Созмони сулҳ ва ҳамкорӣ дар Ховари Миёна” бо узвияти Эрон, Сурия, Ироқ ва Туркия барои посухгӯӣ ба бархе аз даргириҳои қадимӣ ва ҷадид дар ғарби минтақа аст, ба ихроҷи паноҳҷӯёни ҷанги Сурия аз Туркия исрор дорад ва эътиқод дорад, ки ин паноҳҷӯён дар шароити иқтисодии номуносиби имрӯзи Туркия, мунҷар ба таҳмили фишори бештар ба мардуми Туркия шудаанд.
Ардуғон бо чӣ касе рақобат мекунад?
Камол Қиличдор Уғлу, ки дар ин интихобот бар асоси як механизми тафоҳуми гурӯҳӣ аз сӯйи 6 ҳизби бузурги мухолифи Ҳизби адолат ва тавсиа ба унвони рақиби интихоботии Ардуғон муаррифӣ шудааст, чеҳрае миллигаро, технократ ва аз ҳама муҳимтар иқтисоддон аст. Бо ин вуҷуд, ӯ тайи 20 соли гузашта, дар бисёре аз рақобатҳои интихоботӣ аз касби аксарият бозмондааст ва дар мавридаш мегӯянд, ки аз ҳадди ақалли харизмаи лозим барои пирӯзӣ дар баробари Ардуғон дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ бархӯрдор нест.
Раҳбари 74-солаи Ҳизби ҷумҳурихоҳони Халқ ҳатто барои ҷалби назари ҳар 6 ҳизбе, ки барои рақобат бо Ардуғон дар интихоботи пеши рӯ эътилоф кардаанд ҳам, бо мушкил рӯ ба рӯ будааст, бо ин ҳол, тавофуқи ниҳоии 6 ҳизб бар сари ӯ боис шудааст, ки интихоботи пеши рӯ дар Туркия ба ҷойи як пирӯзии осон барои Ардуғон, табдил ба чолише масъалабарангез шавад.
Оқои Қиличдор Уғлу корманди бознишастаи давлат ва сиёсатмадори сотсиал-демукрот аст. Ӯ раҳбари Ҳизби ҷумҳурихоҳи Халқ аст ва аз соли 2010 раҳбари опозисиони аслии Туркия буда, ки ба унвони намояндаи порлумон дар ҳавзаи дуввуми интихоботии Истанбул ҳамин тавр ба унвони намояндаи ҳавзаи дуввуми интихоботии Измир дар маҷлис ҳозир будааст.
Қиличдор Уғлу дар давраи кормандиаш, ба унвони мудири Муассисаи бимаи иҷтимоӣ кор кардааст. Дар интихоботи маҳаллии соли 2009, ҳам ба унвони номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳи Халқ барои шаҳрдории Истанбул муаррифӣ шуда, аммо дар баробари номзади Ҳизби адолат ва тавсиа шикаст хӯрдааст. Аммо интихобаш ба унвони муовини раиси интернатсионал-сотсиалист дар 31 августи 2012, ба маҳбубияташ назди чапҳои Туркия афзудааст.
Қиличдор Уғлу аз соли 2010 раҳбари Ҳизби ҷумҳурихоҳи Халқ буда ва боиси афзоиши орои ҳизбаш дар интихоботҳои баъд аз ин сол будааст, аммо дар интихоботҳои мутааддид натавонистааст Ҳизби адолат ва тавсиаро ба қадре ақиб биронад, ки аз қудрати таъйинкунандаи он дар фазои сиёсии Туркия кам кунад.
Ӯ, ки таҳсилоти такмилии худро дар Фаронса гузарондааст, ҷузъи ақаллияти динии “алавӣ”-и Туркия аст ва яке аз шигифтиҳое, ки дар ин интихобот эҷод карда ҳамин ишораи аланӣ ба таъаллуқи худаш ба алавиёни Туркия аст, ки гурӯҳи чандон маҳбубе дар миёни мусалмонҳои умуман суннии Туркия ба ҳисоб намеоянд.
Барои муддате талошҳои Қиличдор Уғлу барои кашфи тахаллуфоти сиёсатмадорони баландпояи Ҳизби адолат ва тавсиа ӯро ба титри аввали расонаҳои Туркия табдил кард. Ду муовини раиси ҳизби ҳокими Адолат ва тавсиа, Шобон Дишлӣ ва Дангир Мирмаҳмат Фурот, дар пайи мунозираҳои телевизионӣ бо Қиличдор Уғлу аз симатҳои худ дар ин ҳизб истеъфо доданд. Илова бар ин, ӯ аланан шаҳрдори Онқоро, Малеҳ Гукчак, вобаста ба Ҳизби адолат ва тавсиаро ба ҳамдастӣ дар як расвоии фасоди марбут ба муассисаи хайрияи “Дениз фенерӣ” мустақар дар Олмон муттаҳам кардааст.
Дар 2010, Қиличдор Уғлу, бидуни рақиб ба риёсати Ҳизби ҷумҳурихоҳи Халқ, дуввумин ҳизби бузурги сиёсӣ дар Маҷлиси миллии Туркия даст пайдо кард ва мустақиман раҳбари опозисион шуд. Кампини ӯ барои ҷилавгирӣ аз афзоиши нуфузи Ҳизби адолат ва тавсиа бар қувваи қазоия дар соли 2010 муваффақиятомез набуд, интихоботи умумии 2011, аввалин интихоботе буд, ки ӯ ба унвони раҳбари опозисион дар он ширкат мекард ва афзоиши орои ҳизбаш дар ин интихобот барои ӯ пирӯзӣ ба ҳисоб меомад.
Дар интихоботи умумии 2015, Ҳизби ҷумҳурихоҳи Халқ ба рағми ин ки ҳудуди як дарсад аз раъйи худро, ки дар интихоботи қаблӣ ба даст оварда буд аз даст дод, аммо боз ҳам муваффақ шуд аксарияти Ҳизби адолат ва тавсиаро дар порлумон ба чолиш бикашад. Дар натиҷа Туркия ночор ба баргузории интихоботи зудҳангом шуд, ки дар он, Адолат ва тавсиа бори дигар аксарияти Маҷлисро ба даст овард.
Дар январи 2016, Қиличдор Уғлу пас аз ин ки аз ҳаққи озодии баён ва саркӯби курдҳо дар ҷануби шарқи Туркия интиқод кард ва дар изҳороте, Ардуғонро “ба истилоҳ диктотур” хонд, ба иттиҳоми тавҳин ба раисиҷумҳур ба додгоҳ эҳзор шуд. Аз намунаҳои дигари интиқоди алании Қиличдор Уғлу ба идораи кишвар, баъд аз поксозиҳои системотик баъд аз кудато дар Туркия рух дод.
Вақте додгоҳи ҳуқуқи башар дар Урупо даъвои як муаллими туркияиро дар мавриди барканориаш аз кор рад кард ва гуфт, ки ин даъво бояд дар “Комиссияи таҳқиқоти вазъияти изтирории Туркия” матраҳ шавад, Қиличдор Уғлу дар изҳори назаре гуфт: “Оё намедонед дар Туркия чӣ мегузарад? Аз кадом комиссия сӯҳбат мекунед? Мардум дар зиндонҳо мемиранд дар ҳоле, ки мо 5 моҳ мунтазир будем, ки аъзои комиссияи таҳқиқот интихоб шаванд.”
Дар ҳамапурсии 2017, баъд аз ин ки раъйгирӣ ба афзоиши қобили мулоҳизаи ихтиёроти раисиҷумҳурӣ хатм шуд, опозисион ба раҳбарии Қиличдор Уғлу ба натоиҷи интихобот эътироз кард ва дархост кард, то бахше аз орои ахзшуда ботил шавад. Дархости ӯ бо мувофиқат рӯ ба рӯ нашуд ва ихтиёроти тоза барои раиси давлат тасбит шуданд. Дар ҳамин сол ва баъд аз он ки иқдом ба интишори як саре аснод дар мавриди фасоди иқтисодии яке аз аъзои Ҳизби адолат ва тавсиа мунҷар ба судури раъйи маҳкумият ба зиндони тӯлонимуддат барои ифшогари аснод шуд, Қиличдор Уғлу ба унвони раҳбари опозисион, роҳпаймоӣ аз Истанбул то Онқоро тартиб дод, то ба адами риояти “адолат” дар додгоҳи мавриди ишора эътироз кунад.
Ин роҳпаймоӣ, ки 25 рӯз тӯл кашид, табдил ба кампине барои эътироз ба давлати Ардуғон шуд ва баъдҳо Ардуғон ҳам онро мавриди интиқод қарор дод. Ҳарчанд, ки дар тӯли ин роҳпаймоии тӯлонӣ, Қиличдор Уғлу ва касоне, ки дар масир ба ӯ пайвастанд, аз сӯйи тарафдорони ҳизби ҳоким, мавриди ҳамалоти мутааддид бо сангу чӯб ва маводди фосидшуда қарор гирифтанд.
Дар интихоботи соли 2018, Ҳизби ҷумҳурихоҳони Халқ ва Ҳизб “Хуб” бо ҳам эътилоф карданд ва унвони эътилофро “Эътилофи миллӣ” гузоштанд. Дар идомаи даргириҳои интихоботӣ, соири аҳзоби опозисион ҳам ба ин эътилоф пайвастанд. Эътилоф ҳарчанд пирӯзиҳои мухтасаре ба даст овард, мунҷар ба ақиб ронда шудани Ҳизби адолат ва тавсиа ва муттаҳидонаш нашуд.
Ба рағми ин масъала, эътилофи аҳзоби мухолиф дар интихоботи шаҳрдориҳо дар соли 2019 бо иттиҳоди Ҳизби “Хуб” ба раҳбарии Марол Экшенер бо Ҳизби ҷумҳурихоҳони Халқ дубора такрор шуд. Ин эътилоф ба пирӯзӣ дар шаҳрҳои Истанбул ва Онқоро хатм шуд, ки баъд аз 25 сол, тағйири сиёсии қобили мулоҳизае дар ин ду шаҳр ба ҳисоб меояд.
Омодагӣ барои интихоботи умумӣ ва риёсати ҷумҳурии 2023
Қиличдор Уғлу, ки дар интихоботи 2014 ва 2018 аз сабти ном дар рақобатҳои риёсати ҷумҳурӣ худдорӣ карда буд, барои аввалин бор дар соли 2020 дар ҷараёни музокироти марбут ба баррасии будҷаи соли 2021, ба кондидотурӣ дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ибрози тамоюл кард. Ба назар мерасад, пирӯзии эътилофи ӯ дар интихоботи соли 2019-и шаҳрдориҳо, дар иттихози ин тасмим таъсири ҷиддӣ доштааст.
Ба ҳар ҳол, эътилофи аҳзоби опозисион ба раҳбарии Ҳизби ҷумҳурихоҳи Халқ боиси эҷоди механизме ба номи “Мизи 6-нафара” дар охирҳои соли 2022 шуд. Ин эътилоф қарор буд барои таъйини рақиби аслии Ардуғон дар интихоботи порлумонӣ ва риёсати ҷумҳурии соли 2023 тасмимгирӣ кунад. Дар январи 2023, баъд аз 11 ҷаласа, механизми “Мизи 6-нафара” вориди баҳс дар мавриди таъйини номзади интихоботии муштарак барои интихоботи пеши рӯйи Туркия шуд.
Механизм саранҷом дар аввалҳои март эълом кард, ки Қиличдор Уғлуро ба унвони кондидотурии интихоботи пеши рӯ муаррифӣ мекунад. Ин замоне буд, ки Марол Экшенер, раҳбари Ҳизби “Хуб” ва аз муттаҳидони чандсолаи Ҳизби ҷумҳурихоҳи Халқ, бо эъломи адами тамоюл ба муаррифии Қиличдор Уғлу замзамаҳои шикасти эътилоф пеш аз оғози расмии интихоботро бар сари забонҳо андохт.
Экшенер интизор дошт бархе дигар аз аъзои эътилоф ҳам ба ӯ бипайванданд, то “Мизи 6-нафара” ба суроғи гузинаи дигаре, эҳтимолан худаш биравад. Аммо на раҳбарони аҳзоб ва на шаҳрдорони ду шаҳри Истанбул ва Онқоро, аз тасмими ӯ пуштибонӣ накарданд ва дар натиҷа Экшенер ночор шуд дубора ба мизи эътилоф баргардад.
Ороиши саҳнаи интихобот, се ҳафта монда ба раъйгирӣ
Дар ҳоли ҳозир 6 ҳизб: Ҷумҳурихоҳони Халқ ба раҳбарии Қиличдор Уғлу, Ҳизби “Хуб” ба раҳбарии Марол Экшенер, Ҳизби демукрот ба раҳбарии Галткин Ависалор, Ҳизби саодат ба раҳбарии Тамил Карам Уғлу, Ҳизби демукросӣ ва пешрафт ба раҳбарии Алӣ Бобоҷон ва Ҳизб “Оянда” ба раҳбарии Аҳмад Довуд Уғлу, пойи мизи эътилоф нишастаанд.
Ду ҳизби аслии эътилоф ба тартиб 137 ва 34 узв дар порлумони феълӣ доранд, ду ҳизби дуввум ҳар кадом ду узв ва Ҳизби демукросӣ ва пешрафт танҳо як узв дар порлумон дорад, Ҳизби саодат ҳам ҳеч намояндае дар порлумон надорад. Эътилофи “Мизи 6-нафара” дар маҷмӯъ 176 намояндаи порлумонӣ, ки рӯзҳои поёнии умрро сипарӣ мекунад дорад.
Дар рӯзҳои гузашта ҳарфҳое дар мавриди эҳтимоли пайвастани Ҳизби демукротики Халқ (курдҳо) ба эътилофи 6 ҳам шунида шудааст. Дар ҳоле, ки ба ғайр аз Ҳизби “Худ”, умуми аҳзоби узви эътилофи 6, мутаъаллиқ ба машйи фикрии либерол ҳастанд, Ҳизби демукротики Халқ, ошкоро чапгаро, ҳомӣ ва мавриди ҳимояти курдҳои Туркия аст.
Пайвастани Ҳизби демукротики Халқ ба эътилофи 6 метавонад сабади раъйи ин эътилофро бузургтар кунад ва ба хусус ба касби курсиҳои бештар дар порлумони баъдӣ кӯмак кунад. Аммо Ҳизби демукротики Халқ мегӯяд, танҳо баъд аз як давра гуфтугӯҳои ҷиддӣ ва шаффоф бо гурӯҳи эътилофи “Мизи 6-нафара” эҳтимолан аз Қиличдор Уғлу ҳимоят хоҳад кард.
Баъд аз Ҳизби адолат ва тавсиа ва Ҳизби ҷумҳурихоҳони Халқ, Ҳизби демукротики Халқ, севвумин ҳизби бузурги Туркия бар асоси мизони курсиҳои порлумон аст, ки ҳамкориаш бо эътилофи миллӣ дар интихоботи шаҳрдориҳо дар соли 2019, таъсири қобили мулоҳизае дар пирӯзии ду кондидои ин эътилоф дар интихоботи шаҳрдориҳо дар Истанбул ва Онқоро ва шаҳрҳои дигар доштааст.
Адами ҳузури ин ҳизб дар эътилофи 6, дар канори рафту баргашти Марол Экшенер ба эътилофи 6, маъонии зимнии қобили мулоҳизае бо худ дорад. Ахиран яке аз раҳбарони Ҳизби демукротики Халқ дар мавриди эҳтимоли пайвастани ин ҳизб ба эътилоф ва ҳимоят аз Қиличдор Уғлу гуфтааст, ки “интизори равшани мо ҳаракат ба самти як демукросии пойдор аст. Агар битавонем дар мавриди як саре усули асосӣ ба тафоҳум бирасем, метавонем аз Қиличдор Уғлу ҳимоят кунем”.
Дар муқобили тамоми ин саҳнаороиҳо, Ҳизби адолат ва тавсиаи Ардуғон бо ҳизби ба шиддат миллигарои “Ҳаракати миллӣ” ё “Иқдом” эътилоф кардааст. Назарсанҷиҳо нишон медиҳад, ки эътилофи 6, ҳатто барои пирӯзӣ бар ин иттиҳоди дасти ростӣ дар интихоботи пеши рӯ ва касби теъдоди қобили мулоҳизае аз курсиҳои Маҷлис низ, ниёзманди эътилоф бо Ҳизби демукротики Халқ аст. Ҳизби демукротики Халқ дар солҳои гузашта яке аз ҷиддитарин мухолифони Ҳизби адолат ва тавсиа будааст ва аз тарафи ҳизби ҳоким борҳо муттаҳам ба ҳамкори бо ҳизби Коргарони Курдистон (ПКК) шудааст ва борҳо то ғайриқонунӣ эълом шудан ҳам пеш рафтааст.
Дар ҳоле, ки давлати Ардуғон натавонистааст ин ҳизбро ғайриқонунӣ эълом кунад, ахиран ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ПКК, дастрасӣ ба ҳисобҳои банкиашро ҳам аз даст додааст. Ҳизби демукротики Халқ, борҳо иртиботи худ бо ПКК-ро рад кардааст.
Аз имрӯз ба баъд чӣ чизе дар пеш аст?
Тибқи тақвими интихобот, рӯзи якшанбе, 14-уми майи 2023 интихоботи порлумон ва риёсати ҷумҳурӣ ба сурати ҳамзамон баргузор хоҳад шуд. Натоиҷи ғайрирасмии ин интихобот қабл аз соати 12 шаби рӯзи раъйгирӣ эълом мешавад. Дар сурате, ки интихобот ба даври дуввум биравад, ки эҳтимоли он чандон ҳам дур аз назар нест, таблиғоти даври дуввуми интихобот аз рӯзи 15-уми май оғоз хоҳад шуд ва даври дуввуми интихобот дар рӯзи якшанбеи 28-уми майи 2023 баргузор хоҳад шуд.
Натоиҷи даври дуввуми интихобот ҳам дар рӯзи раъйгирӣ ва пеш аз соати 12 шаб эълом мешавад. Натоиҷи ниҳоии интихобот дар сурати якдавра будани рақобатҳо дар рӯзи ҷумъа, 19-уми майи 2023 ва дар сурати дудавраӣ шудани интихобот дар рӯзи панҷшанбе, 1 июни 2023 эълом хоҳад шуд.
Бознашр аз фесбук, сафҳаи шахсии Сайидюнус Истаравшанӣ
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таъкиди Эрон бар робитаҳои тиҷорӣ бо Қазоқистон
Мулоҳизаҳо дар бораи ҳарфи “ъ”

Матолиби пурбоздид