Сиёсат ва инсоният

Сиёсат ва инсоният

Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ

Асоситарин фарқи як инсони арзишмадор бо як инсони лоуболӣ – касе, ки ҳеч марзе намешиносад ва ҳеч муқаддасе барояш вуҷуд надорад – ин, пойбандӣ ба усули инсоният ва адами он аст.

Ба ин маъно, ки мо, инсонҳо пеш аз ҳар чизи дигар ва пеш аз ин ки масалан як сиёсатмадор ё давлатманд бошем, пеш аз ин чизҳо, мо ИНСОН ҳастем ва ин, набояд фаромӯшамон бишавад.

ИНСОН будан, барои худаш як силсила усуле дорад, ки касе, ки худашро ИНСОН медонад, бояд ин усулро риоят кунад; усуле, ки рабте ба диндор ва ё бедин будани мову шумо надорад, балки ин усул умумибашарӣ ҳастанд. Масалан бидонем, ки:

– ИНСОН бояд ростгӯ бошад;

– ИНСОН бояд росткор ва содиқ бошад;

– ИНСОН бояд ба касе хиёнат накунад;

– ИНСОН бояд ороста ба хислатҳои некӯ ва ба дур аз хислатҳои зишт бошад;

– ИНСОН бояд пойбандиаш дар дараҷаи аввал ба ин бошад, ки: васила барои ман, ҳадафро ҳаргиз тавҷеҳ намекунад! Ба ин маъно, ки агар масалан ҳадафи ман ислоҳи ҷомеа аст, ман бояд бидонам, ки барои расидан ба ин ҳадаф, василаҳо ва роҳҳои расидан ба ин аҳдоф низ бояд пок бошанд, роҳҳои касиф ва олуда ва ифлос набошанд.

Ба унвони мисол, ба баҳонаи озодӣ ва демукросӣ ва ин ҳарфҳо, ман ҳақ надорам бо обрӯи инсонҳо бозӣ кунам. Ин дуруст нест. Аз назари ислом, обрӯи як мӯъмин аз обрӯи Каъба ҳатто болотар аст, ман ҳақ надорам ба ҳар далеле бо обрӯи одамҳо бозӣ кунам.

Ба унвони намуна, ман агар мехоҳам масалан РАИС бишавам – ки ба фармудаи ҳазрати Паёмбар (с):

حب الدنیا رأس کل خطیئة

Яъне реша ва маншаъ ва раъси тамоми гуноҳон бидуни истисно, ин риёсатталабӣ аст.

Ва ба фармудаи ҳазрати Алӣ:

مَا ذِئْبَانِ ضَارِیانِ فِي غَنَمٍ قَدْ غَابَ عَنْهَا رِعَاؤُهَا بِأَضَرَّ فِي دِینِ الْمُسْلِمِ مِنْ حُبِّ الرِّئَاسَة

Яъне “Зараре, ки аз ноҳияи риёсатталабӣ мутаваҷҷеҳи дини инсон мешавад, аз зараре, ки ду гурги даранда ба галлаи гӯсфанди бидуни чӯпон мезананд, бештар аст.”

– ман ҳақ надорам ба василаҳое барои расидан ба ин ҳадаф чанг бизанам, ки обрӯ ва ҳайсияти як инсони бегуноҳеро бирезам, ин ҳақро ман надорам.

Хулоса, ИНСОНИЯТ аз мову шумо металабад, ки ҳама чизро зери по накунем.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

  Пешрафти иқтисодӣ бидуни тавсиаи сиёсӣ – оқибаташ “Банглодеш” аст
Axios: Исроил мунтазири ҳамлаи Эрон дар миқёси васеъ аст

Матолиби пурбоздид