СММ посухгӯии Исроил дар баробари фаъолони Сумудро хостор шуд
Ахбори байналмилал
Стефан Дюжаррик, сухангӯи Созмони Милал, пас аз боздошти “флоти ҷаҳонии Ас-Сумуд” аз ҷониби Исроил ва рафтори таҳқиромез бо фаъолони кумакрасон ба Ғазза, аз ин ҳодиса изҳори нигаронӣ кард ва хостори посухгӯии Исроил шуд.
Ӯ гуфт, наворе ки аз ҷониби яке аз вазирони исроилӣ нашр шудааст, рафтори таҳқиромез бо афроди боздоштшударо нишон медиҳад ва ин масъала нигаронии ҷиддӣ ба вуҷуд овардааст.
Дюжаррик таъкид кард, ки ҳамаи боздоштшудагон бояд озод шуда, ба хонаҳояшон баргардонда шаванд ва афроде ки масъули ин рафтор буданд, бояд посухгӯ бошанд.
Беш аз 50 қаиқ аз “флоти ҷаҳонии Ас-Сумуд” ҳафтаи гузашта аз Туркия ба роҳ афтода буданд. Дар ин флот 430 фаъол аз беш аз 40 кишвари ҷаҳон ҳузур доштанд. Нерӯҳои баҳрии Исроил ин флотро дар обҳои байналмилалӣ дар ғарби Кипр боздошт карданд.
Итамар Бен-Гвир, вазири амнияти дохилии Исроил, баъд аз боздошти фаъолон наворе бо ҷумлаи “Ба Исроил хуш омадед” нашр кард, ки дар он рафтори номуносиб ва таҳқиромез бо баъзе боздоштшудагон дида мешавад.
Қаламонлайн













