Сурия ва мухолифони тоҷик

Таҳлили хабарӣ

Сурия ва мухолифони тоҷик

Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ

Хушҳолии шуморе аз ҳаммиҳанон ва аз ҷумла дар миёни “ҳамразмони” банда дар опозисиюни Тоҷикистон, аз он чи имрӯзҳо дар Сурия баъд аз сарнагунии Башшор Асад мегузарад табиӣ аст. Билохира касе, ки бо як низоми худкома дар мубориза аст, вақте мебинад дар ҷаҳон режиме сарнагун мешавад, ки дар назари ӯ шабеҳи низоме аст, ки ӯ бо он дар пайкор аст, хушҳолии ӯ табиист.

Аммо ин ки нигоранда (С.И.) ва шумори қобили таваҷҷӯҳе аз тоҷикистониҳои дигар, дар ин маврид, яъне дар бораи таҳаввулоти ҷорӣ дар Сурия, дидгоҳе мухталиф дорем ва ба моҷаро аз як зовияи комилан дигар нигоҳ мекунем – зовияе, ки аз назари он дигарон ё пинҳон аст ва ё ин ки медонанд, аммо авлавиятҳои мо бо авлавиятҳои онҳо фарқ мекунад ва ишора хоҳам кард – ин як баҳси дигар аст ва умедворам, тарафайн, дар айни доштани мавозеъи мухталиф – ҳамдигарро дарк кунанд.

Ҳоло, ду се нукта ҳаст, ки лозим дидам дар ин ёддошт баён бикунам:

1) Нуктаи аввал ин ки: ихтилофи дидгоҳҳо ва мавозеъ, зоҳиран бархоста аз ихтилофи авлавиятҳост. Ва ба сухани дигар, умуре ҳаст, ки онҳо ба назари як гурӯҳ, дар авлавият қарор дорад ва ҳозир нестанд ба ҳеч ваҷҳ ва ба ҳеч қимат аз он сарфи назар кунанд, мисли моҷарои Фаластин, ки қиблаи мо, мусалмонҳо дар он ҷо қарор дорад ва бар мо фарз аст Қудсро аз чанголи ишғолгар озод кунем (як фарзи исломӣ мисли намоз, рӯза, ҳаҷ, закот ва ғайра…), ки дар ғайри ин сурат, пеши Худо посух хоҳем гуфт.

Аз ин назар, ин гурӯҳ, сарнагунии низоми Асадро, ки ҷузъе муҳим аз Меҳвари Муқовимат буд ва роҳи таъмини размандагони фаластинӣ ва лубнонӣ ба муҳиммот, ҳамин кишвар ва ҳамин низом ба шумор мерафт, як фоҷеа ва шикаст медонанд; шикасте, ки ҷубронаш ба ин роҳатӣ муяссар нест, балки хеле душвор аст. Зеро агар Меҳвари Муқовимат то 10 рӯз пеш, дар марзи “Исроил” қарор дошт, ҳоло ин нуқта (Қунайтара) бо тамоми марокизи низомӣ ва зерзаминҳояш, ки сохтани он ҳудуди 20 сол ба тӯл анҷомид ва чӣ хуни дилҳое дар ин роҳ рехта шуд ва чӣ азизоне дар ин роҳ шаҳид шуданд, дар ихтиёри саҳюнистҳост, ки эй кош дар ихтиёри Таҳрири Шом ва ғайра, ки алъон дар раъси қудрат дар Сурия ҳастанд мебуд! Марокизи низомии воқеъ дар Қунайтара ва зерзаминҳояш, ба маротиб мураккабтар ва печидатар аз он чи дар Ғазза дидем ва ё он чи дар Лубнон буд мебошанд. Саҳюнистҳо қатъан дар рӯзҳои оянда онҳоро расонаӣ хоҳанд кард.

Хуб, ҳоло ин оё таъассуф хӯрдан надорад?! Авлавияти ин гурӯҳ ҳаминҳо буданд, на Башшор буд, на Баъс буд ва на шахси дигар.

Ҳоло, ин моҷаро аммо ба назари он дастаи дигар, авлавият нест. Онҳо, (бо камоли эҳтиром ба дидгоҳ ва мавозеъи онҳо), авлавияташон ҳамон умуре аст, ки масалан ҳудуди 12 сол пеш дар Миср дар даврони марҳуми Мурсӣ дида мешуд ва ё дар Тунис ҳангоме, ки Ғаннушӣ сари қудрат буд; умуре, ки моҷарои Фаластин ва “Исроил” пеши онҳо на ин ки муҳим набуд (муҳим буд), вале дар дараҷаи се ё чаҳори авлавияташон қарор дошт, ҳатто бо камоли таъассуф авлавияти дараҷаи дуввуми онҳо набуд. Авлавияти онҳо умуре аз қабили тақвияти буняҳои сиёсӣ, тавсиъаи сиёсӣ, робита бо ҷаҳон (ҷаҳон яъне Омрико) ва ғайра аз ин қабил умур буданд, ҳарчанд ба баҳои барқарории робита бо “Исроил”; дуруст мисли ҳамин чизе, ки дар Қатар ва ё Туркия мушоҳида мешавад, ки равобити иқтисодии ин ду кишвар бо “Исроил” ба қавли қатариҳо, “бисёр мумтоз” аст ҳатто дар ҷараёни даргириҳои “Тӯфон ал-Ақсо”.

2) Албатта, ин гурӯҳе, ки мегӯям, инҳо ғайр аз салафиҳо мебошанд. Он чи гуфтам, дар мавриди ихвониҳо сидқ мекунад, на салафиҳо. (Албатта, мо ихвонии салафӣ низ дорем, аммо дар баданаи Ихвон онҳо ақаллият маҳсуб мешаванд.)

Салафиҳо ва аъвону ансор ва ҳомиёни онҳо, авлавияти инҳо чизҳои дигар аст. Инҳо – бо ин ки худашон мутаваҷҷеҳ нестанд – сӯзанда ҳастанд, то созанда. Барои ошноии беҳтар бо кистӣ ва чистии ин гурӯҳ, азизон метавонанд таърихчаи зуҳуру бурузи ин фирқа дар Арабистони Саудӣ ва ҳаракати Муҳаммад ибни Абдулваҳҳобро мутолеа кунанд, мисли китобҳое, ки худашон ба унвони таърихчаи зуҳуру бурузи ин гурӯҳ ва бунёнгузораш нигоштаанд. Ба унвони намуна, пешгуфтори Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Юсуфи Суратӣ бар китоби “Тавҳид”-и Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб – ки пешгуфторе нисбатан мабсут аст ва ба форсӣ низ тарҷума шуда – дар ин замина хуб аст.

Ва ҳатто шумо метавонед барои ошноии беҳтар бо ин гурӯҳ, ба коридаҳо ва нигоштаҳо ва изҳори назарҳои панҷ-шаш нафар фаъолонаш дар ҳамин фазои маҷозӣ дар ду ҳафтаи ахир ва пас аз сарнагунии Асад муроҷеа кунед.

Инҳо як мушт афроде ҳастанд, ки ҳадафашон фақат пайкор ва мубориза бо касоне аст, ки ба гумони худашон, бадтар аз яҳуданд, яъне “Равофиз”. Дар қомуси ин ҷамоат, ғайр аз вожаи “Равофиз” ва ё “Зайнабиюн” ё “Фотимиюн” ва “Ҳизбуллоҳ” (ки бо як лафзи бисёр қабеҳ мехонанд) ва ин қабил чизҳо, наметавон чизе дигар пайдо кард. Ин ки мегӯям, сӯзанда ҳастанд, на созанда, ба ҳамин далел аст. Шумо ҳамин имрӯзҳо ба сафаҳоташон муроҷеа кунед; дағдағаашон фақат сӯзандагӣ аст, на созандагӣ. Инон ҳамон ҷамоате ҳастанд, ки дар даврони марҳуми Мурсӣ, корашон танҳо фишор ба ӯ буд, ки мабод ба Эрон наздик шавад. Ҳаминон буданд, ки раҳбари шиъаёнро дар Миср леҳ карданд. Ва бо ин гуна рафторҳои нобихрадонаи худ, саранҷом ҳукумати Ихвон дар Миср суқут кард.

Ҳанӯз ҳеч чизе дар Сурия шурӯъ нашуда, инҳо корашон танҳо ҷанги нарм бо “Равофиз”, “Зайнабиюн”, “Фотимиюн”, “Ҳизбуллоҳ” ва инҳо шуда, на чизе дигар. Гӯӣ як уқдаи ҳақорат доранд, як ҳақорат дар худ нисбат ба Меҳвари Муқовимат эҳсос мекунанд, ки ба дараҷаи маризӣ расидааст.

Бинобар ин, он чи арз кардам, дар мавриди ихвониҳо сидқ мекунад, на ин ҷамоати суммун букм.

3) Эҳтимоли наздик ба қатъ дорам (лоақал таҳлилам ин аст), ки салафиҳо ва ҳомиёнашон ба дасти соири мухолифони сурияӣ ва ба дасти худи Урдуғон зарфи 2 то 3 сол аз реша маҳву нобуд хоҳанд шуд. Ин таҳлили банда аст, магар ин ки равишу маниши худро ислоҳ кунанд, масалан мисли Толибон шаванд. Зеро мардуми Сурияро нек мешиносам, инон ҳаргиз ин ҷурсумаҳои фасодро, ки аз миллиятҳои дигар мисли ӯзбаку уйғуру чечену тоҷику ғайраву золик ҳастанд барнаметобанд. Инҳо ҳамон бақоёи ДОЪИШанд, ки андаке ислоҳ шудаанд. Аз инҳо феълан Урдуғон ва “Исроил” ва Омрико истифода карданд. Вагарна фардо барои худашон дарди саре бузург хоҳанд шуд.

Масалан Чин фишор хоҳад овард, ки ин уйғурҳо бояд гуму гӯш шаванд, ҳудуди 11 ҳазор теруристи уйғурӣ дар саффи Таҳрири Шом меҷанганд, Русия, ки инак сафорати Сурия дар Маскавро ба “мухолифин” додааст, фишор хоҳад овард, ки чеченҳо бояд гуму гӯш шаванд. Қатъан кишварҳои Осиёи Миёна мисли Ӯзбакистон ва ё Тоҷикистон низ аз тариқи Туркия ба ҳукумати нави Сурия фишор хоҳанд овард, ки ин теруристҳои такфирӣ бояд гуму гӯр шаванд.

4) Боз такрор мекунам, то чанд сабоҳе дигар, сару садои ин чанд нафар салафии такфирӣ, ки дар ин рӯзҳо, ки ҳанӯз ба истилоҳ гарму доғанд хомӯш хоҳад шуд. Бинобар ин, умедворам мухолифони тоҷик бо шинохт аз вазъияти кунунӣ ва бо эҳтиёти комил гом хоҳанд бадошт ва муртакиби иштибоҳ нахоҳанд шуд.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оламеро як сухан вайрон кунад
Оятуллоҳ Хоманаӣ: Ҷабҳаи муқовамат на аз пирӯзиҳо мағрур бояд бишавад, на аз шикастҳо маъюс

Матолиби пурбоздид